Маълумоти умумӣ

Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Маълумоти умумӣ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ

  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ

   ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ

             МАОРИФ»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муттаҳид намудани муассисаҳои давлатии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Мутобиқи моддаҳои 58, 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

1. Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд, Донишкадаи такмили маълумоти касбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон, Маркази такмили ихтисоси раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар заминаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» муттаҳид карда шаванд.

2. Ба Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» иҷозат дода шавад, ки филиалҳои худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе таъсис диҳад.

3. Маблағгузории фаъолияти филиалҳои таъсисшуда дар соли 2014 дар доираи маблағҳои ҷудошуда тавассути мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз соли 2015 бо роҳи мутамарказкунонии маблағҳои муассисаҳои мазкур дар буҷети ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шавад.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии филиалҳои мазкурро ҳал намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Эмомалӣ Раҳмон

ҚАРОРИ

МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ

 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тасдиқи Низомномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи  ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» Хоналӣ Қурбонзодаро дар бораи тасдиқи Низомномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» баррасӣ ва муҳокима намуда,

қ а р о р  м е к у н а д:

1. Низомномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (Қурбонзода Х.) фаъолияти минбаъдаи донишкада ва филиалҳои онро бо Низомномаи мазкур мутобиқ намояд.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев  гузошта шавад.

Раиси мушовара, вазир……………………………………………………..Нуриддин Саид

НИЗОМНОМАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

«ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ

ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи  маориф» (минбаъд-Донишкада) бо номи Институти тайёркунии кадрҳои маорифи халқ 8 феврали соли 1935 ташкил шудааст. Аз соли 2008 бо номи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф амал мекард.

2. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014, №345 Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд, Донишкадаи такмили маълумоти касбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон, Маркази такмили ихтисоси раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар заминаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» муттаҳид карда шудаанд.

3. Донишкада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе филиалҳои худро дорад ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад.

4. Донишкада дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

5. Донишкада муассисаи давлатии таълимӣ ва илмию методӣ буда, вазифаи асосии он такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи  маориф мебошад.

6. Муассиси Донишкада Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

7. Донишкада фаъолияташро дар робитаю ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии идораи маориф, муассисаҳои таҳсилоти касбии омӯзгорӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, илмию методӣ ба роҳ мемонад.

8. Фаъолияти Донишкада дар асоси нақшаи солона ва дурнамо бо пешниҳоди Шӯрои олимон ва тасдиқи Муассис ба роҳ монда мешавад.

9. Ҳамкории Донишкада бо муассисаҳои алоқаманду марбута дар асоси шартномаҳои дуҷонибаю сеҷониба сурат мегирад.

10. Донишкада шахси ҳуқуқӣ буда, мустақилияти молӣ, суратҳисоб, муҳр (бо тасвири Нишони давлатӣ), сабти номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, штампу бланкаҳои дахлдорро соҳиб аст.

11. Донишкада соҳиби молу амвол буда, аз номи худ қарордод баста, дар назди суд даъвогар ё ҷавобгар буда метавонад.

12. Донишкада оид ба таъсис додани филиалҳои нав, азнавташкилдиҳӣ ва ё барҳам додани филиалҳои мавҷуда метавонад ба Муассис таклиф пешниҳод намояд.

13. Донишкада ва филиалҳои он бо дарназардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти саҳҳомӣ бурда, хизмати таълимии иловагии пулакӣ расонида метавонад.

14. Донишкада ва филиалҳои он метавонанд аз ҳисоби сарфаи маблағҳои худӣ ва дигар даромадҳо кормандонро ҳавасманд гардонанд, мукофотпулӣ диҳанд.

15. Фаъолияти Донишкада ва филиалҳои он аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ, инчунин кӯмаку грантҳои сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва дигар манбаъҳои даромаде, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад, ба роҳ монда мешавад.

16. Донишкада ва филиалҳои он ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор мутобиқи тартиби муқарраргашта ҳисобот медиҳанд.

17. Суроғаи ҳуқуқии Донишкада: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи ба номи Нисормуҳаммад-15.

телефон: (+992-37)-223-12-90; факс: (+992-37)-221-54-57;

E-mail Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

2. УҲДАДОРИИ ДОНИШКАДА

18. Донишкада маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоракунандаи фаъолияташро таҳия намуда, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муассисаҳои таълимиро (новобаста аз шакли ҳуқуқӣ) ба роҳ мемонад.

19. Донишкада дар асоси салоҳияти худ тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро таҳия намуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута аз тарафи Муассис тасдиқ менамояд.

20. Донишкада ва филиалҳои он такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, баланд бардоштани мазмуну мундариҷаи курсу семинарҳои мақсаднок, ба аспирантураю магистратура ва докторантура ҷалб кардани довталабон, коркарди мавзӯъҳои илмию тадқиқотӣ оид ба проблемаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, таҳияи нақшаю барномаҳои таълимии курсу семинарҳо, омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ, гузаронидани озмунҳои минтақавии «Муаллими сол», «Мураббии сол», ҷорӣ намудани технологияи нави таълим, таҳия ва табъу нашри маводҳои таълимӣ ва илмию методиро ба амал бароварда, ба идораю шуъбаҳои  маориф ёрии методӣ мерасонад.

21. Донишкада ва филиалҳои он тибқи қонунҳои амалкунанда аз рӯйи нақша ҳар як корманди соҳаи маорифро дар 5 сол як маротиба аз такмили ихтисос (дар шакли ройгон ва ғайри ройгон) мегузаронад.

22. Донишкада аз нигоҳи илмию методӣ ба филиалҳо кӯмак расонида, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад ва сиёсати ягонаи давлатиро дар бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.

23. Донишкада ва филиалҳои он мутобиқи тартиби муқарраргашта аз аттестатсия ва аккредитатсия гузашта, метавонанд кормандони худро аз аттестатсия гузаронанд ва барои ишғоли ҷойҳои кори холӣ озмун эълон намоянд.

24. Донишкада тартиби аттестатсияи шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро муайян мекунад.

25. Ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки тартиботи муқарраргаштаи донишкадаро риоя намекунанд, шаҳодатномаи хатми курс дода намешавад.

26. Донишкада фаъолияти муассисаҳои давлатию хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқимии кишварро, ки бо такмили ихтисосу бозомӯзии кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, ҳамоҳанг месозад.

27. Донишкада оид ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва симпозиумҳоро баргузор менамояд.

28. Донишкада ва филиалҳои он дар мувофиқа бо Муассис метавонанд молу амволи худро бо тартиби муқарраргашта ба иҷора диҳад ва нашри рӯзнома, маҷалла, маводи таълимӣ-методию илмиро ба роҳ монад.

29. Донишкада ва филиалҳои он дар асоси шартнома метавонанд муассисаҳои таълимии хусусӣ ва ғайридавлатиро аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронанд.

30. Донишкада бо дарназардошти Низомномаи мазкур низомномаи зерсохторҳо ва филиалҳои худро баррасӣ ва тасдиқ менамояд.

31. Донишкада такмили ихтисоси кормандони худ ва филиалҳояшро дар дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ мемонад.

32. Донишкада ва филиалҳои он ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тибқи муқаррароти роиҷ ҳуҷҷати намунаи давлатиро, ки аз тарафи  Муассис тасдиқ шудааст, медиҳад.

33. Донишкада низоми ягонаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро дар ҷумҳурӣ ба роҳ  мемонад.

34. Донишкада ва филиалҳои он барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ шароити таълимӣ, моддӣ, фароғатӣ, хадамоти тиббӣ ва маиширо фароҳам меоварад.

35. Донишкада кормандони худ ва филиалҳояшро мутобиқи тартиби муқарраргашта ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ пешниҳод менамояд.

36. Донишкада ва филиалҳои он мутобиқи тартиби муқарраргашта мақомоти ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо ва ғайра) ташкил медиҳанд.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА

37. Донишкадаро  ректор сарварӣ мекунад, ки ӯро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

38. Ректор муовинони худро дорад, ки аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ректор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Теъдоди муовинони ректорро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

39. Дар назди Донишкада фаъолияти Шӯрои олимон ва Шӯрои илмӣ-методӣ ба роҳ монда мешавад.

40. Донишкада ва филиалҳои он дорои китобхонаҳои электронии бо адабиёти муосир муҷаҳҳаз буда, дар баланбардории малакаи касбии шунавандагон ва кормандон саҳм мегузоранд.

4. САЛОҲИЯТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА

41. Барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Донишкада гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар бахши такмили ихтисос ва бозомӯзӣ масъул мебошад;

-фаъолияти умумии донишкадаро роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил менамояд. Дар доираи ваколатҳои худ фармоиш ба имзо мерасонад, ки иҷрои он барои кормандони Донишкада ҳатмӣ мебошад;

-Низомномаи филиалҳо ва дигар зерсохторҳои марбутаи Донишкадаро тасдиқ менамояд;

-вазифаҳои хизматии муовинон, мудирони кафедра, шуъбаю дигар зерсохторҳоро муайян мекунад;

-сохтор ва басти кори Донишкадаю филиалҳои худро дар доираи фонди музди меҳнат ва теъдоди кормандон, сметаи хароҷотро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Муассис пешниҳод менамояд;

-номзадии директори филиалҳоро барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дар асоси пешниҳоди директорони филиалҳо муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

-нақшаи кори солона ва дурнамои Донишкада ва филиалҳояшро таҳия ва тасдиқ намуда, оид ба рафти иҷрои он ба Муассис давра ба давра ҳисобот медиҳад;

-оид ба тағйир додани сохтори Донишкада ва филиалҳои он ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

-роҳбарони раёсату шуъбаҳо, кормандони Донишкадаро ба кор қабул ва озод намуда, мутобиқи тартиби муқарраргашта рухсатӣ медиҳад;

-раиси Шӯрои олимони Донишкада буда, ҳайати  аъзои онро барои ду сол таъин менамояд ва қарорҳои Шӯрои олимонро бо фармоиши худ ба расмият медарорад;

- ба хатмкунандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тибқи тартиботи муқарраршуда сертификати (шаҳодатномаи) намунаи давлатиро диҳад;

-дар мавриди набудани ректор яке аз муовинонаш вазифаи ӯро иҷро менамояд.

42. Бо дарназардошти пешниҳоди ректори Донишкада ҷадвали басти воҳидҳои кориро Муассис муқаррар менамояд. Интихоби мудирони кафедра, ҳайати омӯзгорон (номзадҳои илм, докторон, профессорон, дотсентҳо) тавассути озмун сурат гирифта, бо фармоиши ректор расмӣ кунонида мешавад.

43. Бо пешниҳоди ректори Донишкада муассисаҳои таълимии базавӣ барои гузаронидани корҳои амалии шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ муайян карда шуда, барои тасдиқ ба Муассис пешниҳод карда мешавад.

5. СОХТОРИ ДОНИШКАДА:

1.Роҳбарият

2.Раёсати кадрҳо ва котибот

3.Шуъбаи муҳосибот ва иқтисод

4.Шуъбаи равобити байналмиллалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо

5.Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ

6.Раёсати илм ва инноватсия

7.Шуъбаи хоҷагӣ ва корҳои маъмурӣ

8.Кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф

9.Кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим

10.Кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ

11.Кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ

12.Кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ

13.Кафедраи таҳсилоти касбӣ

14.Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

15.Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

16.Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон

17.Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

 18.Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе

ОИННОМАИ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ»

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (минбаъд - Донишкада) бо қарори Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон аз 8 феврали соли 1935 дар назди Комиссариати халқии маорифи ҷумҳурӣ бо номи Донишкадаи такмили ихтисоси кадрҳои маорифи халқ таъсис ёфта, номи худро борҳо дигар кардааст.

Аз 30 майи соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№345) Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд, Донишкадаи такмили ихтисоси маълумоти касбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппаи вилояти Хатлон,  Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон, Маркази такмили ихтисоси раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар заминаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» муттаҳид карда шудаанд.

2. Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе филиалҳои худро дорад ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад.

3. Муассиси Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Муассис)  мебошад.

4. Донишкада аз замони аз қайди давлатӣ гузаштанаш таъсисгардида дониста шуда, аз рӯзи гирифтани литсензия ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро амалӣ гардонад ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ баҳравар гардад.

5. Донишкада муассисаи давлатии таълимӣ,  илмию методӣ ва баъди дипломӣ мебошад.

6. Донишкада шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни  мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳр бо Нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забони давлатию русӣ, бланка ва штампҳо  мебошад ва коргузории худро тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Донишкада метавонад дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон cуратҳисоби худро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бонкҳои дигари ҷумҳурӣ кушояд ва инчунин тибқи тартиби муқарраргардида маблағҳои озоди махсуси худро дар  бонкҳо ҳамчун депозит ҷойгир намояд.

7. Фаъолияти Донишкада, асосан, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Донишкада ва дигар манбаъҳои   маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

8. Донишкада дар амалӣ намудани сиёсати давлатии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф масъул мебошад.

9. Донишкада фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Донишкада ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

10. Номи расмии Донишкада бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чунин мебошад:

- бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи  маориф»;

- бо забони русӣ: Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников сферы образования»;

- бо забони англисӣ:  State department «Republican Institute of Professional Development in Education».