Конференсияи илмӣ-назариявӣ

Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ

       Дар раёсати Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзиикормандонисоҳаимаориф»15-уми ноябри соли равон конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Президент ва рушди маориф» баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии МНМО ҶТ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Аламшозода Абдураҳмон, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-

майор), Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҳимзода Маҳмад Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, (Наимов Маҳмадулло, мудири шуъбаи таҳлил, тарғибот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ), Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (Рудобаи Мукаррам, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шурои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кормандони филиалҳои донишкада дар шаҳрҳои Хӯҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа,  шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва омӯзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд.

Дар кори конференсия 10-мақолаҳои илмии мутахассисони соҳа вобаста ба саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар охири кори конференсия натиҷаи Озмуни иншои озод дар мавзӯи “Президент ва рушди маориф”, ки ба ифтихори рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буд, ҷамъбаст карда шуд ва ғолибони озмун бо ифтихорномаи донишкада сарфароз гардонида шуданд.