Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Суғд: ҷамъбасти марҳилаи аввали курсҳои такмили ихтисос

Филиали Донишкадаи ҷумҳуричвии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд: ҷамъбасти марҳилаи аввали курсҳои такмили ихтисос 

       Мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтимсос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилоят аз санаи 3.01.2017 курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони вилоят оғоз гардида, дар се марҳала то санаи 30.01.2017 идома меёбад. Дар марҳилаи аввали курсҳои такмили ихтисос аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят устодону омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 27 курс бо теъдоди 802 нафар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипари шуда ду маротиба зиёд мебошад. Баҳри самарнок ба роҳ монда шудани

раванди таълими курсҳо тамоми шароитҳо аз ҷумла утоқҳои муҷаҳҳази таълимӣ,синфхонаҳои компютерӣ муҳайё карда шудаанд. Бори нахустин аст, ки ҳамаи машғулиятҳо бо фарогирии теъдоди зикршудаи шунавандагон ва истифодаи тамоми имкниятҳои мавҷуда дар заминаи бинои таълимии филиали Донишкада ташкилу баргузор гардиданд. Ҷараёни таълим мутобиқи низомномаи амалкунанда дар як баст ва ва дар як рӯз 4 соати таълимиро ташкил ва дар давоми 9 рӯз ба ҳар як гурӯҳи шунавандагон 72 соат машғулиятҳо бо истифодаи васеи техналогияи муосир гузаронида шуданд.

      Ҷамъбасти марҳилаи аввали курсҳо санаи 11.01.2017, соати 9:00 дар доираи ҷаласаи васеи якҷояи Раёсати маорифи вилоят ва филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд таҳти унвони Паём - роҳномаи имрӯзу фардо бо иштироки васеи шунавандагон, намояндагони раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳо маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар муасисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ - и маркази вилоят гузаронида шуд.

      Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода О.Қ. оғоз бохшида, роҷеъ ба самтҳо ва паҳлӯҳои мухталифи Паёми Сарвари давлат муфассал ибрози андеша намуд. Дар тақвияти суханронии мазкур омӯзгорон МЭЛС Нуров, омӯзгори фанни биялогияи Мактаби Президентӣ, Ахмедов Насиба, омӯзгори синфхонаҳои фанни математикаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4, ноҳияи Исфара, Шарифов Хурсандмурод, омӯзгори фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Фозилова Муяссар, омӯзгори фанни физикаи мактаби Гулчини маърифат, Мамадҷонов Муҳаббат, мутахассиси филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд суханронӣ намуда, ҷонибдории ҳамаҷонибаи хешро аз сиёсати маорифпарварона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

      Дар идомаи ҷаласа директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд Исматдинов Муҳаммад Эргашевич ба сухан баромада. баргузории чунин вохӯриҳоро баҳри пешбурди соҳа муҳим арзёби намуд. Дар анҷоми чорабинӣ ба шунавандагон курсҳои такмили ихтисоси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба шаҳодатномаҳо супорида шуданд.