Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Курси махсуси омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Шуруъ аз 25-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» Хоналӣ Қурбонзода, курсҳои махсуси омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Пешво - Роҳнамо» баргузор гардида истодааст.

Курси мазкур барои омӯзгорону кормандони донишкада, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва хоҳишмандон аз рӯйи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар ойинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» ва «Чеҳраҳои мондагор» ташкил карда шудааст.

Курси мазкур аз ҷониби ректори донишкада Хоналӣ Қурбонзода ва директори Китобхонаи ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе  Абдуқодирӣ Абдуқаҳҳор гузаронида мешаванд.