Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Ҳадафҳои маориф барои рушди устувор

 

 

ТАШХИС БОЯД БЕҒАРАЗОНА БОШАД

Баъд аз он, ки дар сомонаҳои интернетӣ ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Россия бо номи «Диссернет» ҳангомае дар атрофи рисолаҳои илмии шаҳрвандони Тоҷикистон барпо кард, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони вазорат ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо мақсади санҷиши асоснок будани далелҳои ин ташкилот гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар раванди кори гурӯҳи корӣ маълум гардид, ки фаъолият ва соҳибнуфузии худи ташкилоти «Диссернет», ки ба қавли худаш «ҳадафи мубориза бо соҳибнуфузӣ дар илмро дорад», шубҳаовар буда, ташхисҳои он ҳамчун асос барои тасмим гирифтан дар ин самт метавонанд ба роҳи хато баранд. Вобаста ба ин чанд далелро, ки аз ҳамон сомонаҳои интернетӣ оид ба фаъолияти «Диссернет» дастрас аст (нигаред ба унвониҳои https://cont.ws/@fandоorin/567790, https://eto-fake.livejournal. com/ 1190042.html, https://uborshizzza.livejournal.com/3012153.html, https://think-head.livejournal.com/355157 html ва ғайра), ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем.

Аввалан, талаботи ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ нисбат ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби «Диссернет» худсарона ба ифрот расонида шудаанд. Ин ташкилот рисолаҳои илмие, ки тибқи тартиби пешинаи Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия дифоъ шудаанд,  имрӯз аз рӯи талаботи тартиби нави аз ҷониби ин Комиссия муқарраргардида баррасӣ мекунад. Тибқи талаботи амалкунанда дар корҳои илмӣ бояд маводи иқтибосшуда ишора шуда, манбаи он зикр гардад. Вале ба ҳайси маводи иқтибосшуда кормандони «Диссернет» худсарона як қисми пурраи матнро баррасӣ менамоянд, ки қисмате аз он моли худи муаллиф аст. Дар баробари ин, «Диссернет» маводи дар ҳаммуаллифӣ бо роҳбар ё мушовири илмӣ нашрнамудаи унвонҷӯро, ки дар илми ҷаҳонӣҳамчун як шакли тарбияи корманди илмӣ маҳсуб меёбад, худсарона асардуздӣ меҳисобад ва ғайра.

Сониян, ягон шахс ё ташкилоте ҳуқуқ надорад, ки рисолаҳои аз ҷониби КОА Федератсияи Россия тасдиқнашударо кори анҷомёфтаи илмӣҳисоб намояд, аммо дар ташхисҳои «Диссернет» рисолаҳои илмие низ ба назар мерасанд, ки аз ҷониби худи унвонҷӯён аз баррасии КОА Федератсияи Россия бозхонд шудаанд.

Сеюм, дар хулосаҳои ташхисии «Диссернет» истифода нагардидани ин ё он манбаъ аз ҷониби унвонҷӯ хамчун камбудии кори илмии ӯҳисобида мешавад, ҳол он ки тибқи талаботи муайяннамудаи КОА Федератсияи Россия муаллифон дар интихоби манбаъҳо озодии комил доранд.

Чорум, конунҳо, стратегия, барнома ва санадҳои дигареро, ки дар рисолаҳои илмӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон истифода гардидаанд, «Диссернет» ҳамчун иваз кардани «ФР» ба «ҶТ» аз ҷониби муаллифони тоҷик меҳисобад, ҳол он ки худи санадҳои зикршуда бо истифода аз таҷрибаи Федератсияи Россия таҳия гардида, ба шароити Тоҷикистон мувофиқ  гардонида шудаанд. Дар ин росто қобили зикр аст, ки тамоми қонунгузории кишварҳои пешрафтаи дунё дар асоси таҷрибаи ҳуқуқии Рими қадим бунёд ёфтааст, вале касе ин амалро асардуздӣ намеҳисобад.

Панҷум, тибқи талаботи мавҷуда танҳо мутахассисони воқеӣ метавонанд томмияти мантиқӣ ва илмияти рисолаҳои дифоъшавандаро баҳогузорӣ намоянд, на воситаҳои техникӣ. Ташкилоти «Диссернет» бо сабаби надоштани мутахассисони соҳибкасб дар ташхисҳои худ танҳо ба воситаҳои техникӣ такя мекунад, ки хилофи талаботи тамоми меъёрҳо ва намудҳои илм аст.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки аз ҷониби «Диссернет» оддитарин талаботи ахлоқи илмӣ риоя намешавад. Масалан, тибқи тартиби муқарраргардида рисолаҳои илмӣ ба таври оммавӣ дифоъ гардида, ду ё се моҳқабл аз дифоъ онҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ ба ҳамагон дастрас карда мешаванд, то тақризҳои худро пешниҳод намоянд. Вале «Диссернет» ягон маротиба дар ин муҳлати муқарраршуда хулоса пешниҳод накарда, рисолаҳоеро ташхис мекунад, ки даҳсолаҳо пеш дифоъ гардидаанд ва дар асоси тартиби мавҷуда ба онҳо ягон кас ҳатто ҳуқуқи апеллятсия додан ҳам надорад. Ё худ, ахлоқи ҳамида талаб мекунад, ки ҳангоми ба кори илмӣ эътирозе доштан, бояд ба муаллифи он имкон дода шавад, то андешаи худро оид ба ин эътироз иброз намояд. Вале, мутаассифона, «Диссернет» рисолаҳоеро низ ташхис мекунад, ки муаллифони онҳо кайҳо боз дар қайди ҳаёт нестанд.

Гузашта аз ин, шахсияти муассисони «Диссернет» А. Заякин, М.Гелфанд ва С. Пархоменко низ аз нигоҳи олимони рус шубҳаовар буда, онҳо на барои соҳибнуфузӣ дар илм ва расидан ба ҳадафҳои илмӣ, балки бо мақсадҳои сиёсӣ фаъолият мекунанд ва ҳар се нафар ҷонибдорони оппозитсионери бо коррупсия маҳкумгаштаи Россия А. Навалний мебошанд. Ҳамчун гурезаи хоини рус А. Родченко, ки беасос варзишгарони ин кишварро бо допинг дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳам ва беобрӯ кардан мехост, мақсади «Диссернет» беобрӯ сохтани илми Россия мебошад. «Мутахассисони» ин ташкилотро худи олимони рус фарсахҳо дур аз илм дониста, масалан, яке аз онҳо Козляковро ҳамчун «ҷунунӣ», дигарӣ - Ерусалимскийро чун «масхарабоз» ва сеюмӣ - Бабитскийро ҳамчун «инсони кӯчагӣ» ҳисобидаанд.

Чунонки маълум аст, арзиши муҳимтарин дар ахлоқ ё этоси илм ин беғаразӣ аст, ки хизмат ба ҳақиқатро мақсади асосӣ гузошта, ҳадафҳои дигарро (манфиати пулию молӣ, шарафёбӣ ва ғ.) чандон муҳим ва умуман зарурӣҳам намешуморад. Вале маблағгузории «Диссернет» хеле махфӣ буда, бо воситаи ҳамёни яндексӣ аз ҷониби хоҷагони дохилию хориҷӣ пур карда мешавад. Кормандони «Диссернет» тавассути таҳдидҳои (шантажҳои) диссертатсионияшон ба ришваситонӣ низ машғул мегарданд. Аз ҷумла, як корманди ин ташкилот, ки худ риёзидон аст, аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар яке аз шаҳрҳои музофотии Россия барои гузаштани машғулиятҳо аз фанни «Омор» маблағи калоне талаб кардааст, вале ҷавоби рад гирифта, бо нашри мавод дар саҳифаи «Диссернет» оид ба корҳои илмии омӯзгорони ин таълимгоҳқасди худро гирифтааст.

«Диссернет» яке аз шарикони ташкилоти барномасози «Анти-Плагиат» буда, хизматрасониҳои онро, ки солиёни охир маблағаш хеле боло рафтааст, бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо ташхисҳои худ, таблиғ мекунад. Ҳамзамон, «Диссернет» ба таври ғайриқонунӣ ба бойгонии Китобхонаи давлатии Россия дастёб гардида, маводи онро ғайриқонунӣ ба савдо гузоштааст.

Ҳамаи ин далелҳои оварда, ки ба қавли худи мардуми рус «паҳлӯи дигари медал»-ро оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Россия бо номи «Диссернет» танҳо аз ҷиҳатҳои манфӣ муаррифӣ месозанд ва беғаразии онро дар ташхисҳои илмӣ инкор менамоянд, имкон намедиҳанд, ки дар асоси хулосаҳои он нисбат ба рисолаҳои илмии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими дурусте гирифта шавад. Аз ин рӯ, мо бояд рисолаҳои зикршударо бо қувваи мутахассисони худи кишвар мустақилона аз нав ташхису баҳогузорӣ карда, ба хулосаҳои «Диссернет» ҳамчун ба даъвое, ки заминаи илмию ҳуқуқӣ надоранд, муносибат намоем.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Дар донишкада рӯзи 20.02.2018 бахшида ба таъсисёбии 25-умин солгарди Артиши миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Артиш-такягоҳи мост» доир гардид. Дар чорабинӣ устоди Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ба номи М. Тошмуҳаммедов, Коммисаритаи ҳарбии н.Шоҳмансури ш. Душанбе шитирок намуда, аз маваффақиятҳои Артиши миллӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки шароит дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳбасохубмебошад. Боиси хушнушдист, ки имрӯзҳо ҷавонони мо бо хоҳиши худ баҳри адои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мераванд.

Модар –сарчашмаи ҳаёт

Бахшида ба Рузи Модар рӯзи 6.03.2018. дар донишкада мизи мудаввар бо иштироки кормандон ва шунавандагон таҳти унвони «Модар –сарчашмаи ҳаёт» доир гардид, ки хеле хотирмон ва таъсирбахш гузашт. Дар чорабинӣ дар ситоиши модар бо чанд забон-тоҷикӣ, узбакӣ, русӣ, англисӣ шеър хонда шуд ва бо шитироки шунавандагон сањнаи дупардагӣ намоиш дода шуд.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар

Дар муассиса рӯзи 6.06.2018. бахшида ба Рӯзи Модар маҳфили адабӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар маҳфил намояндагон аз Академияи Таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Шӯрои собиқадорони ҲХДТ  иштирок намуданд. Меҳмонон ва иштирокдорони маҳфил аз барномаи рангини он хеле хурсанд гардидаанд. Таронаву мусиқӣ, шеърҳо аз ашъори шоирони тоҷик ба маҳфил фазои идона бахшида, онро рангинтар намуд. Дар маҳфил ба фаъолони донишкада мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!

 Рӯзи 14.03.2018 дар муассиса бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти касбӣ бо иштироки шунавандагон мизи мудаввар таҳти унвони «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд» баргузор гардид. Дар чорабинӣ шунавандагон доир ба ҷаҳонишавии Наврӯзи Аҷам ва суннатҳои мондагори он сухан ронданд. Бояд гуфт, ки маҳз суннатҳои волои ин ҷашни хирад ва маърифатгаро буданд, ки ҷашни Наврӯзро ҷовидон намуда, миёни қавмҳои гуногун густариш доданд.

Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Бо ташаббуси раёсати донишкада рўзи 16.03.2018. конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Аҳамияти таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид. Дар кори конфронс ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои фалсафа Саидҷаъфарова Парвина, доктори илмҳои филолгӣ, професори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Муллоев Абдусамад, мутахассиси раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Маҳинбону, мудири шуъбаи илмӣ-методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Абдуфаттоҳ иштирок намуданд. Дар кори конфронс 8 мақолаи илмии мутахассисони соҳа вобаста ба саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷањонишавии Наврӯзи оламафрӯз, ҷанбаҳои тарбиявии маросимҳои наврӯзӣ, бозиҳои варзишии наврӯзӣ дар тарғиби варзиш, нақши Наврӯзи Аҷам дар тарбияи фарҳангӣ ва маънавии ҷавонон муҳокима ва баррасӣ гардид. Инчунин дар ин чорабинӣ ба ғолибони озмуни «Иншои беҳтарин дар мавзӯи «об-сарчашмаи ҳаёт»» туҳфаҳо супурда шуд. 

Маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Дар донишкада бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 бо иштироки адибон, устодони санъат, рӯзноманигорон маҳфили адабӣ баргузор гардид. Як рӯз қабл аз маҳфил бонувони донишкада ба пухтани таоми наврӯзӣ суманак оғоз намуда, онро то оғози маҳфил омода намуданд. Хони наврӯзии донишкадаро бо иловаи ҳафт син ва ҳафт шин таоми малакутии суманак оро медод. Меҳмонон ва кормандони муассиса дар гирди хони наврӯз ҷамъ омада, маҳфили шуъру суруд оғоз намуданд. Санъаткорони маҳбуб Ҷамшед Исмоил ва Фахриддини Малик бо таронаҳои марғуб маҳфилро ҳусни дигар бахшиданд.

«Айни ва илму адабу фарҳанг»

Дар таърихи 11.04.2018. дар китобхонаи МДДҶТИБКСМ бо ташаббуси кафедраи таълими фанҳои гуманитарӣ мизи мудаввар дар мавзӯи  «Айнӣ-ва илму адаби фарҳанг» баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор доир ба таълим  Ш. Акобиров  ифтитоҳ бахшид. Сипас мудири кафедраи таълим С. Маҳкамов дар мавзӯи «Саҳми С. Айнӣ дар ташаккули мактабу маориф» баромад кард. Ба ин тартиб, номзадҳои илмҳои педагогӣ филология С.Эшзода дар мавзӯи «Мухаммасҳои устод Айнӣ», М. Ҷумъаев дар мавзӯи «Забони асарҳои устод С. Айнӣ», омӯзгори калони кафедраи номбурда Ҳ. Ҳалимова дар мавзӯи ақидаҳои педагогии С. Айнӣ, Б. Неъматова дар мавзӯи «Ташаккул ва таҳаввули шахсияти устод Айнӣ» шунавандагон «омӯзгорони МТМУ №3. Н. Шаҳринав, С.Подшоева дар мавзӯи «С. Айнӣ-шоир» ва М. Зоирова МТМУ №10 шаҳри Ваҳдат дар мавзӯи «Ёддоштҳо –асари тарҷумаиҳолӣ» баромад намуданд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ш. Раҳмонов чорабини ро ҷамъбаст намуда, ба он баҳои баланд дод. Дар рафти маърузаҳо суханронии устод Айнӣ шунавонида шуда, асарҳои ӯ ба намоиш гузошта шуд.  

 

10 октябри соли 2017 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар мавзӯи «Ҳадафҳои маориф барои рушди устувор: роҳҳои татбиқ ва роҳандозии он дар барномаҳои таълимии КТИ» бо иштироки омӯзгорону кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ мизи мудаввар баргузор шуд. 

Дар мизи мудаввар мавзӯъҳои “Мақсадҳои рушди устувор ва татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳадафҳои маориф барои рушди устувор”, “Салоҳиятҳои калидии зарурӣ барои зиндагӣ ва кор дар асри XXI. Методологияҳои инноватсионӣ ва муносибат ба таълими салоҳиятҳои асосӣ дар хонандагон”, “Роҳҳо ва методҳои ҷорисозии ҳадафҳои маориф барои рушди устувор дар барномаҳои таълимии КТИ-и омӯзгорони МТМУ ва ҳамгиройии консепсия ва принсипҳои маориф барои рушди устувор дар амалияи таълим”, “Масоили тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, паст кардани хатари офатҳо, истеъмол ва истеҳсоли устувор ва ҳамгиройии онҳо бо барномаҳои таълимии КТИ омӯзгорон”, “Мисолҳои амалии ҳамгиройӣ ва ҷорисозии мақсадҳои маориф барои рушди устувор дар барномаҳои таълимии КТИ омӯзгорон” мавриди арзёбӣ ва баррасӣ қарор дода шуданд.