Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!

Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!

 Рӯзи 14.03.2018 дар муассиса бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти касбӣ бо иштироки шунавандагон мизи мудаввар таҳти унвони «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд» баргузор гардид. Дар чорабинӣ шунавандагон доир ба ҷаҳонишавии Наврӯзи Аҷам ва суннатҳои мондагори он сухан ронданд. Бояд гуфт, ки маҳз суннатҳои волои ин ҷашни хирад ва маърифатгаро буданд, ки ҷашни Наврӯзро ҷовидон намуда, миёни қавмҳои гуногун густариш доданд.

Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Бо ташаббуси раёсати донишкада рўзи 16.03.2018. конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Аҳамияти таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид. Дар кори конфронс ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои фалсафа Саидҷаъфарова Парвина, доктори илмҳои филолгӣ, професори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Муллоев Абдусамад, мутахассиси раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Маҳинбону, мудири шуъбаи илмӣ-методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Абдуфаттоҳ иштирок намуданд. Дар кори конфронс 8 мақолаи илмии мутахассисони соҳа вобаста ба саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷањонишавии Наврӯзи оламафрӯз, ҷанбаҳои тарбиявии маросимҳои наврӯзӣ, бозиҳои варзишии наврӯзӣ дар тарғиби варзиш, нақши Наврӯзи Аҷам дар тарбияи фарҳангӣ ва маънавии ҷавонон муҳокима ва баррасӣ гардид. Инчунин дар ин чорабинӣ ба ғолибони озмуни «Иншои беҳтарин дар мавзӯи «об-сарчашмаи ҳаёт»» туҳфаҳо супурда шуд. 

Маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Дар донишкада бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 бо иштироки адибон, устодони санъат, рӯзноманигорон маҳфили адабӣ баргузор гардид. Як рӯз қабл аз маҳфил бонувони донишкада ба пухтани таоми наврӯзӣ суманак оғоз намуда, онро то оғози маҳфил омода намуданд. Хони наврӯзии донишкадаро бо иловаи ҳафт син ва ҳафт шин таоми малакутии суманак оро медод. Меҳмонон ва кормандони муассиса дар гирди хони наврӯз ҷамъ омада, маҳфили шуъру суруд оғоз намуданд. Санъаткорони маҳбуб Ҷамшед Исмоил ва Фахриддини Малик бо таронаҳои марғуб маҳфилро ҳусни дигар бахшиданд.