Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Саволнома ба  омӯзгорони муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҷиҳати рушди сифати таҳсилот дар ТМУ

1.Моҳияти муносибати босалоҳият ба таълимро Шумо дар      чӣ мефаҳмед?

2.Бартарии муносибати босалоҳият ба таълим аз таълими анъанавӣ дар чист?

3.Шумо аз методу усулҳои дарсдиҳии омӯзгорон дар курсҳои

такмили ихтисос дар донишкада қаноатманд ҳастед?

А) Аз чӣ қаноатманд ҳастед.

Б) Аз чӣ қаноатманд нестед.

4.Аз дидгоҳи Шумо муассисаи таълимӣ имрӯз бештар ба чӣ эҳтиёҷ дорад?

5.Сатҳи маърифатмандии хонандагон Шуморо ҳамчун муаллим қаноатманд мекунад?

А) Агар ҳа, сабаб.

Б) Агар не, омилҳоро номбар кунед.

6.Рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаи шумо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

7. Аз муносибати оилаҳо бо муассисаи таълимӣ чӣ гуфта метавонед (дар мисоли муассисаи таълимии худатон).

8. Аз фаъолияти директори муассисаи таълимие, ки шумо дар он кор мекунед қаноатманд ҳастед.

А) Агар ҳа, сабаб.

Б) Агар не, сабаб.

9.Ба сифати омӯзгори замони муосир ҷиҳати рушди сифати таҳсилот чӣ пешноҳод доред.

10.Андешаи шумо ҳамчун омӯзгор, оид ба муносибати ҷомеа ба муассисаи таълимӣ.

Омӯзгорони иззатманд!

Раёсати Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тасмим гирифтааст, ки омӯзгороне, ки дар таҳияи ҷавобҳои саволҳои мазкур пешдастӣ мекунанд бо мукофот сарфароз мегардонад, зеро онҳо ба ин васила дар рушди сифати таҳсилот саҳм  мегузоранд.