Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Санаи 21.06.2018 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф

   Санаи 21.06.2018 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба ифтихори 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар мавзўи «Ваҳдат – сарманшаи кулли музаффариятҳост» баргузор гардид. Дар кори

конференсия намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, (Оқилзода Нурулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муовини раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва

сиёсати ҷавонон), Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, (муовини раис Рудобаи Мукаррам), Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ходими

илмии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ Сангов Тоҷиддин), Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,(НаимовМаҳмадулло, мудиришуъбаитаҳлил, тарғибот ва ташвиқоти ДастгоҳиКИМҲХДТ), омўзгорону кормандони донишкада ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос иштирок намуданд.

Дар кори конференсия 8-мақолаҳои илмии мутахассисони соҳа вобаста ба саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ омили устувори ҳокимияти судӣ, Ваҳдати миллӣ меҳвари рушди устувор ва Ваҳдати миллӣ истеҳкомбахшӣ истиқлолият мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

        Ҳамчунин дар охири кори конференсия аз ҷониби муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод ба кормандону омўзгороне, ки барои аъзо шудан ба ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ бо тантана тақдим карда шуд.

Илова бар ин, пеш аз оғози кори конференсия филми ҳуҷҷатӣ роҷеъ ба фаъолияти пурсамари донишкада ба иштирокчиён намоиш дода шуд.