Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

ЗИНАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО

Ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Белорус ба номи Максим Танк профессор Жук А.Л., ҷиҳати ба имзо расонидани ҳуҷҷати ҳамкорӣ бо «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» 16 майи соли ҷорӣ ба донишкада ташриф оварданд.

Меҳмонони воломақомро дар саҳни донишкада бо як шаҳомати хоса

роҳбарияту кормандони донишкада пешвоз гирифта, ташрифи онҳоро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам намуданд.

Дар идомаи вохўрӣ, ҷонибҳо барои дар амал татбиқ намудани ҳамкориҳои судманд, ки аз Созишномаи байниҳукуматии ду кишвари дўст Тоҷикистону-Белорус асос мегирад, «Ёддошти тафоҳум» дар самти такмили ихтисос ва бозомўзӣ барои панҷ соли оянда ба имзо расониданд, ки зиёда аз 10 самти ҳамкориро дар бар мегирад.

Пас аз ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳо дар толори маҷлисгоҳ бо иштироки шунавандони курсҳои такмили ихтисос, маърўзаҳо оид ба таърихи ташкилёбии ду муассиса намояндагони ҷонибҳо баромад намуда, барои ҳамкориҳо қаноатмандӣ изҳор намуданд.