Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

ДАР МАСИРИ ҲАМКОРИҲО

Бо ташаббуси раёсати «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф», санаи 30 марти соли 2018 дар заминаи донишкада, дар доираи барномаи рушди ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои олӣ ва такмили ихтисоси Федератсияи Русия вохўрӣ дар сатҳи баланд, бо ректори Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ профессор А.Л. Шестаков баргузор гардид, ки дар рафти

мулоқот ҷонибҳо нахуст, аз намоиши ташкилнамудаи кормандони донишкада бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Дар маҷлисгоҳи донишкада бо иштироки намояндагони ВАО, кормандону омўзгорони донишкада ва шахсони расмӣ муаррифии фаъолити ду муассисаи такмили ихтисос шунида шуд. Аз натиҷаи гуфтушунидҳо дар охири вохўрӣ  Тарафҳо «Ёддошти тафоҳум» оид ба ҳамкорӣ барои 4 сол ба имзо расониданд, ки зиёда аз 10 самти фаъолиятро дар бар мегирад.

Тешабоев Абдулло