Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Семинари омўзишии “Ҳуқуқи инсон”

Бо мақсади татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ аз 1 апрели соли 2015, №5 тасдиқ гардидааст, дар донишкада санаи 29.06.2018 семинари омўзишӣ барои омўзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” дар доираи ҳамкориҳо бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил ва гузаронида шуд.

Сухани ифтитоҳии семинарро ректори донишкада доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода ҳусни оғоз бахшид. Баъдан доир ба татбиқи барномаи мазкур фикру мулоҳизаҳои худро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва Намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фредерикеи Бер ироа намуданд. Дар семинар шунавандагони курси такмили ихтисоси фанни таърих ва ҳуқуқ ва омўзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд.