Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Таҷрибаи пешқадам

Маориф дар ҳама давру замон пояи асосии давлат ба ҳисоб меравад ва дар раванди ташаккули маънавиёт, илмомўзӣ, ҳидоят ба ватанпарастии насли наврас нақши бориз дорад. Ҳамин аст, ки бо мақсади дарёфт ва ошкор сохтани омўзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии омўзгорон, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ҳар ҳафта дарси кушоди омўзгороне,

ки таҷрибаи педагогиашон аз ҷониби омўзгорони донишкада мавриди омўзиш қарор дорад, роҳандозӣ мегардад.

Бо ин мақсад санаи 06.10.2018 доир ба фаъолият, муваффақиятҳо ва малакаву маҳорати роҳбарии директори Литсейи №1 шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Ҳабибов Шоилҳом дарси кушод ташкил ва гузаронида шуд. Дар дарси кушод директорон, ҷонишинони директор оид ба таълиму тарбия ва омўзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд.