Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Президенти мо – ифтихори мо

14-уми ноябри соли равон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рўзи Президент конференсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзўи «Президенти мо – ифтихори мо» ташкил ва баргузор гардид.Нишастро ректори донишкада доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода, ифтитоҳ намуд. Сипаснамояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

ҶумҳурииТоҷикистон, (вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Муовини раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Оқилзода Нурулло), Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Сармутахассиси раёсати таҳлилии масъалаҳои иҷтимоӣ Аҳмадова Ҳикматой), Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ёрдамчии суд, Темиров Валӣ) КИМ ҲҲДТ (мудири бахши Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Абдураҳимов Шоҳиён), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, Тоҷов Наҷмиддин), директорони МТМУ ва муовинони директорон оид ба таълиму тарбия ва омўзгорону кормандони донишкада иштирок ва маърўза намуданд.

Дар кори конференсия мавзўъҳои зерин: «Заминаҳои ҳуқуқии таъсисёбии мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Президент асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Президент ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: Роҳкориҳо ва дурнамо», «Ҷанбаи аҳамиятнокии Иҷлосияи Шўрои Олӣ ва Эмомалӣ Раҳмон кафили рушди босубот» мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми кори конференсия ба якчанд нафар кормандони ҷавони донишкада шаҳодатномаи ҲХДТ, ки бо хоҳиш ва аризаи худ аъзо гардида буданд, тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, дар донишкада бахшида ба таҷлили Рўзи Президент озмуни иншои беҳтарин дар мавзўи “Президенти мо – ифтихори мо”, ки дар он 210 нафар шунавандагони курсҳои такмили ихтисос саҳм гузоштанд, ҷамъбаст гардид.