Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

“Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО «Роғун»”

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба ифтитоҳи чархаи якуми НБО «Роғун» конференсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзўи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО «Роғун»” баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик Осимӣ, Институти иқтисодиёти Академияи кишоварзии Тоҷикистон, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва омўзгорону кормандони донишкада иштирок ва маърўза намуданд.

Дар кори конференсия мавзуъҳои зерин: «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО «Роғун»», «Ҷойгоҳи НБО “Роғун” дар арсаи байналмилалӣ”, “Фурўғи нури Раҳмонӣ” ва “Роғун иншооти аср” мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.