Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Маҷлиси солонаи Ташкилоти ибтидоии «Омўзгор»-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.

hizb 1 Санаи 21-уми декабри соли 2018 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, маҷлиси солонаи Ташкилоти ибтидоии «Омўзгор»-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилот ректори донишкада, доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода ҳусни

оғоз бахшид. Дар маҷлис ҳамаи паҳлўҳои фаъолияти ташкилот дар соли ҷорӣ ва нақшаҳои кории ташкилот, соатҳои сиёсӣ ва гуруҳи талблиғотчиён барои соли 2019 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби ҳизбиён якдилона қабул ва тасдиқ карда шуданд.

Ҳамзамон барои беҳбудии фаъолияти минбаъдаи ташкилоти ибтидоии «Омўзгор»-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои соли 2019 роҳбари таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад, собиқадорони ташкилот Шарифзода Раҳмонқул, Меҳриддин Ғиёсиев ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

hizb 2