Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Татбики нуктахои Паёми Президенти кишвар ба МО ЧТ

Kitobi rektorСанаи 4-уми январи соли 2019 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо мақсади татбиқи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод доир гардид.

Машғулиятро ректори донишкада доктори илмҳои таърих, Хоналӣ Қурбонзода оғоз намуд.

Мавзуь ва мақсади дарс ин «Роҳҳои омӯзиши нуқтаҳои Паём дар МТМУ» буда, дар он ҳама паҳлӯҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Машғулият бо фарогирии директорон, муовинони директор оид ба таьлиму тарбия, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва омӯзгорону кормандони донишкада, дар маҷмӯъ 300 нафар ташкил ва гузаронида шуд.

Минбаъд аз ҷониби ректори донишкада тасмим гирифта шуд, ки доир ба омӯзиш ва роҳҳои таълимдиҳии нуқтаҳои Паём мунтазам семинару мизҳои мудаввар ташкил ва гузаронида мешавад. Чунки маҳз омӯзгор метавонад дар татбиқи амалишавии Паём саҳми назаррас дошта бошад.

Kitobi rektor

Санаи 4-уми январи соли 2019 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф намоиши (призентатсия)-и китоби ректори донишкада, доктори илмҳои таърих, Хоналӣ Қурбонзода таҳти унвони «Сарвари дар муассисаи таълимӣ» баргузор гардид. Мақсади муаррифии китоб, ин пеш аз ҳама огоҳ будани сарвари муассисаи таълимӣ аз пешравии илму техникаи ҳозиразамон, таҳлили дуруст намудани ҳодисаву воқеаҳои ба амал омада дар ҳар гушаи дунё, тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва арҷгузоштан ба дастовардҳои Истиқлолияти кишвар ифода меёбад.

Дар ин муаррифи директорон, муовинони директор оид ба таьлиму тарбия, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ аз ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ ба донишкада омадаанд ва омӯзгорону кормандони донишкада, дар маҷмӯъ 300 нафар иштирок намуданд.

Китоби мазкур писанди ҳамаи ширкаткунандагон гардид, аз ҷониби онҳо ҳамчун маводи саривақти барои сарварони муассисаҳои таълимӣ баҳо дода шуд.