Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Санаи 8-уми январи соли 2019 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф лаҳзаи сиёсӣ таҳти унвонӣ «Омўзиш ва роҳандозии Паём» ташкил ва баргузор гардид.

Payom 1Санаи 8-уми январи соли 2019 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф лаҳзаи сиёсӣ таҳти унвонӣ «Омўзиш ва роҳандозии Паём» ташкил ва баргузор гардид. Соати сиёсӣ бо маърўзаи ректори донишкада, доктори илмҳои таърих, Хоналӣ Қурбонзода оғоз гардид.

Баъдан фикру мулоҳизаҳои худро устодони донишкада Шарифзода

Раҳмонқул ва Меҳриддин Ғиёсиев, роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки Паём ироа намуданд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 300 нафар, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла: директорони МТМУ, муовинони директорон оид ба таълиму тарбия, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва омўзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишкада Хоналӣ Қурбонзода, иброз намуд, ки раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки ҳафтаи оянда як мизи мудавварро дар мавзўи “Роҳҳои омўзиши Паёми Президент дар Муассисаҳои таълимӣ” бо иштироки мутахассисон ва коршиносони соҳа баргузор намояд. Соати сиёсии имрўза аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ сабт ва инъикос гардид. 

Payom 2