Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Семинар – машварати илмӣ

ShuroimuhakkikonДар Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» 16.01 соли 2019, семинар – машварати илмӣ дар мавзўи «Тарзи таҳия ва навиштани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ» ташкил ва баргузор баргардид.

Семинар машварати илмӣ зери роҳбарии ректори донишкада, доктори илмҳои таърих, Хоналӣ Қурбонзода бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳарчи хубтару бештар ҳимоя кардани рисолаҳои муҳаққиқони ҷавони донишкада, ки теъдоди онҳо 21 нафарро ташкил медиҳад, роҳандозӣ мегардад.

Дар оғози семинар – машварати илмӣ директори Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Акрам Зиёӣ суханронӣ намуда, доир ба ташаббусҳои роҳбарияти донишкада ва ҳамкориҳои судманди донишкадаро бо Институти мазкур дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд.

Баъдан семинар-машварати илмӣ таҳти унвони «Тарзи таҳия ва навиштани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ», ки аз ҷониби доктори илмҳои таърих, профессор Абдурашитов Фозилҷон таҳия ва омода гардидааст, ба кори худ шуруъ намуд.

Дар семинар зиёда аз 100 нафар муҳаққиқон, номзадҳои илм ва кормандону омўзгорони донишкада иштирок намуданд.

Семинари мутазаккира дар сатҳи баланд доир гардид, ки натиҷаи хуб ҳоҳад дод.