Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

«Таассуб ва ифротгарои – зухуроти хатарзо»

IMG_1072.jpg

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф санаи 14.02.2019 ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Таассуб ва ифротгароӣ – зуҳуроти хатарзо» баргузор гардид. Ҳамоишро ректори донишкада, доктори илмҳои таърих, Хоналӣ Қурбонзода, ҳусни оғоз бахшид.  Дар корӣ ҳамоиш намояндагон аз Вазорати

корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва маърўза намуданд.

 Мавзўъҳои зерин: “Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ динӣ”, “Бетарафии масъулин метавонад шомилшавии ҷавононро ба ҳаракатҳои тундрав афзоиш диҳад”, “Терроризм падидаи номатлуби ҷомеа”, “Роҳҳои омўзиши мавзуъҳои ифротгарои, экстремизм ва масъалаҳои ҳуқуқӣ”, “Терроризм вабои аср” ва масъалаҳои дигари марбут ба ин пададаи номатлуби ҷомеа дар ҳамоиш мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

  Дар ҳамоиш директорони МТМУ, муовинони директор, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва омўзгорону кормандони донишкада дар маҷмўъ 300 нафар фаъолона иштирок намуданд.