Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе

Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе

Суроға: 1-ум гузаргоҳи кӯчаи Мирзо Турсунзода, 8«а»

Таърихи мухтасари филиали МДДҶТИКСМ

  Донишкадаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 1969 таъсис ёфтааст. Дар донишкада 22 кабинети таълимию методӣ амал мекард, ки қариб 40 нафар кормандон фаъолият доштанд.

   Донишкадаро Шукрулло Абдуллоев қариб 30 сол роҳбарӣ намудааст. Дар донишкада бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ машғулият гузаронида мешуд. Соли 1990 ин донишкада баста мешавад.

  Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 103, аз 30.08.2000-юм Маркази такмили ихтисоси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад.

      Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-майи соли 2014, таҳти  рақами 345 «Дар бораи муттаҳид намудани муассисаҳои давлатии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» Маркази такмили ихтисоси  Раёсати  маорифи  шаҳри Душанбе, ҳамчун филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» муттаҳид карда шуд.