Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Аз  таърихи ДТИ-омӯзгорони гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои

Кӯлоби вилояти Хатлон.

       Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгории гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон яке аз муассисаҳои муҳимтарини беҳдошти ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои минтақаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад. Зарфи ин солҳо донишкада барои боло бурдани фарҳангу маърифати омӯзгорӣ ва такмилу татбиқи маҳорати методӣ, ки шарти муҳими баланд бардоштани ихтисоси муаллим маҳсуб меёбад, бо баргузории курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок корҳои бузургеро ба анҷом расонидааст.

       Донишкада бо қарори Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 1933 ташкил ёфтааст.

       Бо назардошти он ки оммаи асосии муаллимони мактабҳои деҳоти ҷумҳурӣ тайёрии бағоят пасти назариявӣ ва омӯзгорӣ доранд (аксар дар ҳаҷми синфҳои 2-3-и мактаби ибтидоӣ), -гуфта мешавад дар он қарори ҳукумат, ва он монеаи асосии баланд бардоштани сифати кор дар мактабҳо гардидаасту то кунун оид ба такмили ихтисоси муаллимон кори мунтазам сурат нагирифтааст, дар назди Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси кадрҳои маорифи халқ ташкил дода, ба зиммааш кори мунтазами баланд бардоштани ихтисоси муаллимон ва дигар кадрҳои маорифи халқ бо роҳи вусъатбахшии таълими омӯзгории  бо роҳи курсҳо , тайёр кардани кормандони системаи Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон гузошта шавад.

         Ва бо қарори ҳукумат такмили ихтисос барои муаллимон вазифаи давлатӣ ҳисобида шуд. Солҳои баъдина хатми курсҳои такмили ихтисос яке аз шартҳои ба дараҷаи баландтари тахассусӣ гузаронидани омӯзгор маҳсуб гардид ва дараҷаи тахассус боиси ба маош зам шудани фисати муайяни маблағ буду ҳаст.

         Солҳои мавҷудият донишкада чанд маротиба ном, мақом, сохтор, суроға иваз кардааст, вале курсҳои такмили ихтисос мунтаззаму мунтазам баргузор мегардиданд. 

       То  соли  1962  мутасифона оиди кадрҳои роҳбарикунанда маълумот  дарёфт  карда  нашуд.

        Фаъолияти донишкада соли 1962 аз таркиби донишкадаи илмию тадқиқотии илмҳои педагогӣ берун омадан ва бо номи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон мустақил кор кардан хеле пурзӯр шуд. Ҳамон соли фаъолияти мустақилона донишкада ба бинои нави ҳозирааш ҷойгир шуд, ки 10-кабинети таълимию методӣ, лабараторияҳои физика ва математика, кимиё ва биология, устохонаҳои коркарди чӯбу метал,  хобгоҳи дорои 40 кат  ва толори маҷлис буд.

1. Искандаров А. солҳои сарварӣ 1962-1965;

2. Сафаров Раҳмон солҳои сарварӣ 1966-1969;

3. Саидов Озод солҳои сарварӣ 1969-1988;

4. Баротов Латиф солҳои сарварӣ 1988-1991;

5. Одинаев Шариф солҳои сарварӣ 1990-2002;

6. Абдуллоева Махфират солҳои сарварӣ 2002-2007;

7. Мирзоев Раҳмонхӯҷа солҳои сарварӣ 2007-2011;

8. Абдуллоев Нусратулло солҳои сарварӣ аз декабри соли 2011 то апрели соли 2012;

9. Намозов Ҷамшед солҳои сарварӣ аз апрели соли 2012

Идомаи: Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон