Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

Таърихи мухтасари филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ» (собиқ Донишкадаи такмили  маълумоти касбии ВМКБ)

      Филиали  Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили   ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи  маориф дар ВМКБ» ба номи Тӯтишо Назришоев (собиқ Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ) расман таҳти унвони номи Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон аз соли 1957 фаъолият дорад.   

      Соли 1996 Донишкада ба Маркази методии муаллимон табдил дода шуда, директори он номзади илмҳои педагогӣ Ҷумъа Булбулов таъйин гардид.

      Соли 1998 донишкада ба Маркази рушди касбии омӯзгорон (МРКО) табдил ёфт.

      Бо Қарори раиси ВМКБ аз 29-декабри соли 1999, № 246 аз нав ба Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ (ДТМК) табдил дода шуд ва чун донишкадаи мустақил то соли 2014 фаъолият намуда, сарварии онро Ҷумъа Булбулов дар тӯли 18 сол ба уҳда дошт.

      Аз соли 1996 сар карда кормандони донишкада корҳои тадқиқотӣ ва илмӣ бурда, 9 нафар кормандони ДТМК номзади илмҳои педагогӣ гардиданд. Соли 2014 директори муассиса рисолаи докториро ҳимоя намуд ва 2 нафар корманд: Саидиброимов Шозодаиброҳим Одилшоевич-муовини директор оид ба илм, захираҳои инсонӣ ва корҳои маъмурӣ ва Ҷонмирзоев Эраҷ Ҷонфидоевич-мушовири фанни риёзӣ докторанти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошанд.

      Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2014, №345  ДТМК-и ВМКБ ба Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ» (минбаъд ФДҶТИБКСМ) табдил дода  шуд ва директори он аз моҳи январи соли 2015 номзади илмҳои фалсафа, собиқ сардори раёсати маорифи ВМКБ Ғарибшо Ғарибшоев таъйин гардид. Алъон дар филиал 59 нафар фаъолият доранд.

ФАЪОЛИЯТҲОИ МУШАХХАС

  1996- 1998

- Табдил додани Донишкадаи такмили ихтисоси

омӯзгорон  ба Кабинети методии ВМКБ.

- Ташкили Маркази рушди касбии омӯзгорон дар

заминаи Кабинети методии вилоят.

- Эҳё намудани курсҳои такмили ихтисос  барои

омӯзгорон.

- Таъсис  ёфтани моҳвораи «Раҳнамои омӯзгор»,

дастрас намудани он ба ҳамаи мактабҳои МКБ ва берун аз он.

- Таъсис ёфтани бахши натиҷагирӣ ва баҳодиҳии ДТМК-и ВМКБ барои

санҷиши фаъолиятҳои ДТМК дар ҳудуди ВМКБ.

Идомаи: Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ