Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

  

Маълумоти мухтасар

оид ба Филиали муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Сугд

 

            Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Сугд (Филиал) бо номи «Институти такмили ихтисоси муалимони вилояти Ленинобод» бо Қарори Совети ВазирониРСС Тоҷикистон № 109-р аз 09.03.1956с.таъсис ёфтааст. Директори якӯмини Институти мазкур АБДУЛЛО-ЗОДА РАҲМАТУЛЛО  буда бо фармони  Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон № 227 аз 30.03.1956с. (Вазир Пулотов Т.)  ба кор таин шудааст.

   Аз моҳи апрели соли 1962 номгӯи Институт аз «вилоятӣ» ба «байниноҳиявӣ» ва  аз апрели соли 1971 боз ба статуси «вилоятӣ»  иваз карда шудааст.

   Филиали Донишкада  ҳамчун муассисаи таълимӣ-методӣ буда, вазифаи асосии он  такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони ҳамаи муассисаҳои маорифи шаҳру нохияҳо, ташкили корҳои методӣ-омӯзишӣ,  баррасию тарғиби таҷрибаи педагогии пешқадам иборат мебошад.

  Бо мақсади  баланд бардоштани самаранокии машғулиятҳои  курсҳои такмили ихтисос  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 345 аз 30.05.2014 ҳамаи марказҳо ва институтҳои такмили ихтисоси кишвар ба филиалҳои Муассисаи давлатии "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф"  мутамарказонида шудаанд ва Донишкадаи вилоятӣ ба Филиали  Донишкадаи ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд табдил дода шудааст.

Идомаи: Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд