Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Филиали МДДҶТИБКСМ дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон

 

 

Маълумотнома

            Оид ба таърихи таъсиси Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон

           

 

     Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо номи Донишкадаи байниноҳиявии  такмили ихтисоси омӯзгорон  аз  30 майи  соли 1960 фаъолияти худро оғоз намудааст. Дар ибтидо Донишкада аз кабинетҳои фанҳои таърих, география, синфҳои ибтидоӣ, забон ва адабиёти рус ва забон ва адабиёти ӯзбек иборат буд.Инчунин Донишкада дорои лабораторияи сайёр буд, ки баҳри расонидани кӯмаки амалӣ ба омӯзгорони минтақаи Қӯрғонтеппа хизмат менамуд.

Дар тӯли солҳои фаъолият  шахсони мазкур дар Донишкада роҳбарӣ намуданд:

1.      Маҳмудов Х.     солҳои 1960-1962

2.      Ҳомидов А.        солҳои 1962-1963

3.      Баротов Г.          солҳои 1963-1981

4.      Тоҳиров М.        солҳои  1981-1993

5.      Шодов М.           солҳои  1993-2000

6.      Амирсаидов З.   солҳои  2000-2007

7.      Қарабоев С.        солҳои 2007-2013

                        8.      Шарипов М.       аз соли 2013 то ин ҷониб. 

Аз соли 2007 сар карда дар Донишкада системаи кабинети ҷорӣ карда шуд, ки он дорои кабинетҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, забони хориҷи, забони русӣ, технологияи меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, забони ӯзбекӣ, мураббияҳо, синфҳои ибтидоӣ ва технологияи иттилоотӣ буда, курсҳои такмили ихтисос муттамарказонидашуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014, №345  бошад, системаи кабинети барҳам хӯрда, системаи кафедравӣ ба роҳ монда шуд.Айни ҳол, дар Донишкада се кафедра: кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ, методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ арзи  ҳастӣ доранд.