Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф

НИЗОМНОМАИ

кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Муассисаи давлатии  «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

               1.   Кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф  бо дарназардошти талаботи Оиннома, Низомномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» ва Низомномаи мазкур (минбаъд кафедра) фаъолияти хешро ба роҳ мемонад.

2. Кафедра чун воҳиди сохтории донишкада такмили тахассуси роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф, пешбурди корҳои методӣ, илмию тадқиқотӣ, баланд бардоштани маҳорату такмили дониши шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар самти мактабшиносӣ, педагогика ва психология, иқтисодиёт ва сиёсати давлатро ба сомон мерасонад.

3.    Роҳбарии кафедраро мудир ба зимма дорад, ки тибқи Оинномаи донишкада бояд унвони илмӣ дошта бошад. Дар зарурият, ба таври истисно, ба вазифаи мудирии кафедра мудир метавонад аз ҷумлаи омӯзгороне, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранду мутахассиси варзидаанд (зиёда аз 5  сол собиқаи кории педагогӣ ва роҳбарӣ доранд), ба тариқи озмун  интихоб карда, аз тарафи ректори донишкада ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда  мешавад. Ба ҳайати кафедра дохил мешаванд: профессорҳо, дотсентҳо, омӯзгорони калон, лаборант ва аспирантҳо.

Идомаи: Кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф

Кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим

НИЗОМНОМАИ

кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим

Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф»

1. Муқарароти умумӣ

   1. Кафедраи психология, педагогика ва  методикаи таълими Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф» (минбаъд кафедра) як ҷузъи сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф»    такмилу донишу малака ва маҳорати касбии кормандони соҳаи маорифро бо воситаи хондани лексия, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва семинарҳои мақсаднок амалӣ мегардонад.

2. Кафедра дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дастурусу поришҳои Президенти кишвар, Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, аснодҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, фармоишу дастур ва супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома,  Низомномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф» ва  Низомномаи мазкурро  ба роҳбарӣ мегирад.

3. Кафедра фаъолияти худро  дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва илм,  шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва кафедраю сохторҳои тобеи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф» ба роҳ  мемонад.

4. Роҳбарии умумии кафедраро мудир, ки бо   фармоиши  ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад, ба уҳда мегирад.

Идомаи: Кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим

Кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ

Кафедраи методикаи таълими фанҳоигуманитарӣ

1.     Муқарароти  умумӣ

 1.1.Кафедраи  фанҳои гуманитарии   (дар оянда – Кафедра) Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (ДҶТИБКСМ) фаъолияти хешро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДҶТИБКСМ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

1.2. Кафедра, ҳамчун як ҷузъи сохтори Донишкада, такмили тахассус ва бозомузӣ, илму дониш ва маҳорату малакаи касбии кормандони соҳаи маориф, минҷумла омӯзгорони фанҳои  гуманитариро бо роҳи хондани лексия, доир намудани машғулиятҳои амалӣ ва семинарҳои мақсаднок амалӣ менамояд.

1.3.Кафедра фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилот, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази корҳои методии Ҷумҳурӣ, Раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кафедраҳои соҳавии сохторҳои тобеи ДҶТИБКСМ (дар оянда Донишкада), шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мемонад.

1.4.Роҳбарии умумии кафедраро мудири кафедра таъмин месозад.

1.5.Мудири кафедра метавонад аъзои Шӯрои олимон интихоб гардад.

1.6.Кафедра оид ба натиҷаи курсу семинарҳои доирнамуда ба Раёсат ва роҳбарияти Донишкада ба таври муққараршуда  ҳисобот медиҳад.

1.7. Назорати умумии кафедраро ректори ДҶТИБКСМ таъмин менамояд.

Идомаи: Кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ

Кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ

ДАСТУР ОИД БА ВАЗИФАИ ХИЗМАТӢ

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

        1.1.Омӯзгори калон ба кафедраи «методикаи таълими фанҳои табиӣ - риёзӣ» минбаъд - кафедра шомил аст.

         1.2.Омӯзгори калони кафедра дар асоси озмун интихоб шуда, бо фармони ректори МДДҶТИБКСМ (минбаъд - донишкада) расмӣ кунонида мешавад;

        1.3.Шахсе, ки дар кафедра ҳамчун омӯзгори калон фаъолият менамояд, бояд маълумоти олии касбӣ дошта, ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад;

- таҷрибаи корӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон;

- салоҳияти баланди муошират;

- малакаи кор дар гурӯҳ;

- дар раванди дарс истифода кардани техника ва технологияи информатсионӣ;

- шиносоӣ бо методикаи омӯзишӣ ва таҳлил;

- таҳияи намудани ҳисоботҳопешниҳодҳо;.

        1.4.Омӯзгори калони кафедра ба мудирони кафедра ва кабинети таълимӣ итоат мекунад;

        1.5.Омӯзгори  калони кафедра бояд донад;

- Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва аснодҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф;

- Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нақшаю барно-маҳои таълимии муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоӣ;

- Низомнома ва Оинномаи донишкада, Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ;

- Методикаи таълими касбӣ, шакл ва методҳои муосири таълим, бахусус усулҳои фаъолгардонии таълим;

Идомаи: Кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ

Кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ

Н И З О М Н О М А И

кафедраи таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумии

"Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии 

 кормандони соҳаи маориф"

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Кафедраи таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (минбъд кафедра) фаъолияти худро бо назардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДҶТИБКСМ ва Низомномаи мазкур  ба роҳ мемонад.

1.2. Кафедра  дар фаъолияти худ  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ  мегирад.

     1.3.  Кафедраи  таҳсилоти  томактабӣ,  ибтидоӣ  ва  миёнаи умумӣ бо мақсади таъмини  ҳуқуқҳои шаҳрвандон (омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва кормандони муассисаҳои томактабӣ) ба таълим, аз ҷумла ба таҳсилоти  иловагии  педагогӣ  ташкил шуда, дар итоати бевоситаи Донишкада мебошад.

Идомаи: Кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ

Кафедраи таҳсилоти касбӣ

Дастурамали вазифавии мудири кафедраи таҳсилоти касбӣ

      Дастурамали мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф  таҳия шудааст.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Муассисаи давлатии "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф" муассисаи илмӣ – методии пешрав буда, мукаммалкунӣ, болобарии ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа, таҳия ва мураттаб сохтани маводи таълимӣ – методӣ, омӯхтан, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогиро баррасӣ менамояд.

1.2. Мудири кафедра дар асоси озмун ба ин вазифа интихоб шуда, бо фармони ректор расмӣ кунонида мешавад.

1.3. Мудири кафедра бояд маълумоти олии педагогӣ, дараҷа ё унвони илмӣ ва собиқаи кори илмӣ - педагогӣ на камтар аз 5 сол дошта бошад.

1.4. Мудири кафедра ба категорияи роҳбарият шомил аст.

1.5. Мудири кафедра дар фаъолияти худ ба ректор ва муовинони он итоат мекунад.

1.6. Мудири кафедра бояд донад:  

- Қаонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», аснодҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Идомаи: Кафедраи таҳсилоти касбӣ