Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф

НИЗОМНОМАИ

кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Муассисаи давлатии  «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

               1.   Кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф  бо дарназардошти талаботи Оиннома, Низомномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» ва Низомномаи мазкур (минбаъд кафедра) фаъолияти хешро ба роҳ мемонад.

2. Кафедра чун воҳиди сохтории донишкада такмили тахассуси роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф, пешбурди корҳои методӣ, илмию тадқиқотӣ, баланд бардоштани маҳорату такмили дониши шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар самти мактабшиносӣ, педагогика ва психология, иқтисодиёт ва сиёсати давлатро ба сомон мерасонад.

3.    Роҳбарии кафедраро мудир ба зимма дорад, ки тибқи Оинномаи донишкада бояд унвони илмӣ дошта бошад. Дар зарурият, ба таври истисно, ба вазифаи мудирии кафедра мудир метавонад аз ҷумлаи омӯзгороне, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранду мутахассиси варзидаанд (зиёда аз 5  сол собиқаи кории педагогӣ ва роҳбарӣ доранд), ба тариқи озмун  интихоб карда, аз тарафи ректори донишкада ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда  мешавад. Ба ҳайати кафедра дохил мешаванд: профессорҳо, дотсентҳо, омӯзгорони калон, лаборант ва аспирантҳо.

 

4.    Кафедра дар сурати будани на камтар аз 5 воҳиди кории барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳодшуда, ки аз ин шумора на камтар аз 2 нафар номзади илм ё доктори илм бошад, ташкил карда мешавад.

5. Дар сурати набудани мудири кафедра роҳбарии кафедра ба зиммаи яке аз аъзоёни кафедра гузошта мешавад.

2.      СОХТОРИ КАФЕДРА

6. Сохтор ва теъдоди басти воҳидҳои кории кафедраро тибқи тартиби муқарраргардида донишкада тасдиқ мекунад.

7.    Кафедра  - сохторе мебошад, ки бо назардошти вазифаҳои дар назди Донишкада истода ташкил карда мешавад.   Кафедра  тибқи ҷадвали басти воҳидҳои корӣ аз  14 нафар иборат мебошад: 1 мудири кафедра,  3 профессор, 6 дотсент, 3 омӯзгори калон ва 1 лаборант.

8.    Мудири кафедра тибқи тартиби муқарраршуда бо фармоиши ректори Донишкада ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

9.     Омӯзгорон ва кормандони илмию педагогии кафедра дар асоси озмун ва қарордод ба кор қабул карда шуда, дар 5 сол як маротиба аз аттестатсия мегузаранд. Омӯзгорон ва кормандони илмию педагогӣ, вобаста ба натиҷаи аттестатсия, метавонанд қарордодҳои меҳнатиро давом диҳанд ё аз вазифа сабукдӯш карда шаванд.

10. Кормандони илмию педагогии кафедра барои навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ метавонанд рухсатии эҷодиро аз 3 моҳ то 1 сол истифода баранд.

 

3.      ВАЗИФАҲОИ КАФЕДРА

11.   Ба нақша гирифтани фаъолияти солона ва дурнамои кафедра.

12. Саҳмгузорӣ дар тартиб додани нақшаи фаъолияти донишкада ва барномахои таълимии курсу семинархои такмили ихтисос.

13.     Таҳия  ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаи корҳои инфиродии илмӣ ва методӣ.

14.     Роҳбарӣ ва назорати корхои    таълимй, илмй ва тадқиқотии кафедра мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда.

15.    Иштирок дар таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар корҳои таълимӣ-методии кафедра.

16.    Иштирок дар таҳияи мавзӯъҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ-тадқиқотии кафедра ва лоиҳаи мавзӯи илмӣ-фармоишӣ.

17.    Таҳлил ва хулосабарории раванди дарёфту омӯзиш, чамъбасту тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогии кормандони кафедра.

18.  Роҳбарии ичроиши нақшаи тақвимии курсу семинархои донишкада.

19.  Андешидани тадбирҳо барои дар сатҳи баланди илмӣ – методӣ гузаронидани машғулиятхои таълимй дар курсҳои такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда.

20.  Мунтазам таҷдиди назар намудани нақша, барномаи таълимӣ ва лексияҳои дарсӣ.

21.      Омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим, таҷрибаи пешқадами педагогӣ, расонидани ёрии методӣ ба мутахассисони ҷавон.

22.      Таҳия ва дар амал ҷорӣ намудани чорабиниҳо дар истифодаи воситаҳои таълимӣ, дастовардҳои илми муосири мактабшиносӣ, педагогика ва психология.

23.     Роҳбарӣ намудан ба корҳои эчодии шунавандагони курсхои такмили ихтисос.

24. Бо дархосту пешниҳоди шунавандагони курсу семинар муайян намудани шаклҳои муосири такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва кормандони соҳаи маориф.

25. Ташкили семинарҳои илмй-методӣ, конференсияҳо, намоишу озмунҳо ва ҳамкорӣ ба кафедраҳои донишгоҳҳою донишкадаҳои самти омӯзгоридошта.

26. Гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони кафедра бо истифода аз имкониятҳои семинару тренингҳои байналмилалӣ, курсҳои такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда.

27.  Аз аттестатсия ё озмун гузаронидани аъзоёни кафедра.

28.  Назорати ҳуҷҷатгузорӣ   ва таҳияи ҳисоботи кафедра.

29.  Ҳамкорӣ бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо.  

30. Ҳамкорӣ намудан бо сохторҳои донишкада (кафедраҳо, марказҳо, раёсату шуъбаҳо)  ва филиалҳои он.

31. Назорати китоби ба дарсҳои ҳамдигар иштирок намудан ва дафтари машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисоси  муаллимон.

32.  Ташкили  дафтардории кафедра.

33.  Омода сохтан ва назорати  аудиторияи таълимӣ  ба раванди таълим.

34. Чопи компютерӣ намудани  нақшаҳои корӣ,  ҳисоботҳо,  протоколи ҷаласаҳо, нақшаҳои машғулиятҳои амалӣ ва ғайра.

35.  Омода намудани намоиши барнома, нақшаи машғулиятҳои семинарӣ, адабиёти тавсияшуда, феҳристи лоиҳаҳои эҷодӣ ва саволномаю тестҳо.

36.  Қабул ва сабти лоиҳаҳои эҷодии ба кафедра воридшуда.

37. Пешниҳоди ҳисобот ва маълумотҳо.

38.  Таҳти рохбарии бевоситаи мудири кафедра корҳои дигари ба фаъолияти кафедра алоқамандбударо иҷро кардан.

39. Риояи Кодекси меҳнат, қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, интизоми меҳнат, меъёрҳои санитарию гигиенӣ, техникаи бехатарӣ дар ҷойи кор.

4.    ҲУҚУҚҲОИ КАФЕДРА

 Кафедра хукук дорад:

40. Аз аъзоёни кафедра маълумот ва ҳуҷҷатхое, ки барои иҷрои вазифаҳои хизмати заруранд, талаб намояд.

41. Баҳри самаранокии фаъолияти кафедра ба ҳар як аъзои кафедра супориш диҳад.

42. Дар банақшагирии фаъолияти донишкада иштирок намуда, тавсияҳои худро пешниҳод намояд.

43. Дар машғулиятҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои кафедра иштирок намояд.

44. Дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа баҳри омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи пешқадами педагоги дар семинарҳои мақсаднок ва курсҳои омӯзишии ташкилотҳои давлативу ғайридавлати фаъолона иштирок намояд.

45. Дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба фармонҳо, дастурҳои ректори донишкада ва дигар ҳуҷҷатҳои дастурии маъмурият изҳори назар намояд.

46. Барои гирифтани мукофотҳои соҳави номзадии аъзоёни кафедраро ба маъмурият пешниҳод кунад.

47. Иштирок дар ба нақшагирии фаъолияти кафедра ва пешниҳод намудани тавсияҳои зарурӣ.

48.  Иштирок дар машғулиятҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинари аъзоёни кафедра ва чорабиниҳои донишкада.

 49. Навиштани тақриз ба дастур ва тавсияҳои методии ба кафедра пешниҳодшуда.

50.  Пешниҳод шудан ба гирифтани мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.

51. Истифода кардан аз воситаҳои моддӣ-техникӣ, китобхона ва дигар хизматрасониҳои донишкада.

5.    МАСЪУЛИЯТИ КАФЕДРА

52. Риоя кардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва тартиботи дохилидонишкадавӣ.

53. Ичро кардани вазифахои  хизматӣ дар асоси Низомнома ва Оинномаи донишкада, низомномаи кафедра, қонунҳои ҳуқуқии амалкунанда ва дастур оид ба вазифаи хизматӣ

54. Вайрон накардани қоидаҳои меҳнатии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ.

55. Иҷро кардани вазифахои хизматӣ ва супоришхои мудири кафедра  

6.      РОБИТАҲОИ ТАРАФАЙН

56. Кафедра супоришхои хаттиву  шифоҳии ректори донишкада ва муовинонро қабул намуда, иҷро менамояд.

57. Кафедра робитаи тарафайнро ба рох мемонад:

- бо кафедра ва марказҳои донишкада;

- бо раёсати таълим бо мақсади самаранок ташкил ва гузаронидани курсхои такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда, таҳия намудани ҳуҷҷатҳо, иҷроиши  сарбории аъзоёни кафедра;

- бо муовинони ректор оид ба корҳои таълимию методӣ ва илму инноватсия;

58.  Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ кафедра бевосита ба ректор ва муовинон итоат мекунад.