Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ

Н И З О М Н О М А И

кафедраи таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумии

"Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии 

 кормандони соҳаи маориф"

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Кафедраи таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (минбъд кафедра) фаъолияти худро бо назардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДҶТИБКСМ ва Низомномаи мазкур  ба роҳ мемонад.

1.2. Кафедра  дар фаъолияти худ  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ  мегирад.

     1.3.  Кафедраи  таҳсилоти  томактабӣ,  ибтидоӣ  ва  миёнаи умумӣ бо мақсади таъмини  ҳуқуқҳои шаҳрвандон (омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва кормандони муассисаҳои томактабӣ) ба таълим, аз ҷумла ба таҳсилоти  иловагии  педагогӣ  ташкил шуда, дар итоати бевоситаи Донишкада мебошад.

 

         1.4. Кафедраи таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ фаъолияти худро дар робитаю ҳамкорӣ бо кафедраҳои Донишкада,  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, кафедраҳои марбутаи макотиби олии педагогӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ташкил ва таъмин менамояд.

          1.5. Кафедраи таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ такмили маҳорати касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорони  синфҳои  ибтидоӣ, коромӯзии мутахасисони ҷавон, ҷорӣ  кардани инноватсияро дар ташкилу гузоронидани курсу семинарҳо ва тадбирҳои илмию методӣ (бо истифодаи маводу воситаҳои  навтарин, ҷорӣ  намудани технологияи нави педагогӣ ва иттилоотӣ, компютеркунонии   ҷараёни таълим) ба роҳ мемонад.

     1.6. Кафедраи таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ оид ба курсҳои такмили  ихтисос аз фаъолияти  худ ба роҳбарияти Донишкада ҳисобот медиҳад.

         1.7. Тағйирёбии мақоми кафедра бо амру фармони Муассис сурат  мегирад.

2. Ваколат ва ҳуқуқҳои кафедра

     2.1.  Кафедра чунин ваколат ва хуқуқҳо дорад:

  2.2. Кормандони кафедра дар хонишҳои педагогӣ, семинарҳои ҷумҳуриявӣ, конференсияҳои илмию амалӣ,  таълимию методӣ барои  омӯзгорони  синфҳои ибтидоӣ ва кормандони муассисаҳои томактабӣ иштирок намуда, ба муаллимон ёрии амалию  методӣ мерасонад.

    2.3. Ба аттестасияи навбатии Донишкада кафедраро  аз ҷиҳати касбӣ ва бозомӯзӣ тайёр менамояд.

    2.4.  Пешниҳодҳои  мақомоти худидораи Донишкада (Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ, гурӯҳҳо, комиссияҳо)-ро дар кору фаъолияти худ амалӣ мегардонад.

       2.5. Кафедра кормандонро  бо адабиёти навини илмӣ, педагогӣ, методӣ, дастурҳо  оид  ба теҳнологияи нави  таълим, барномаю китобҳои дарсӣ таъмин  менамояд.

    2.6. Таклифу дархостҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва кормандони муассисаҳои томактабиро  роҷеъ  ба  мазмуну самаранокии курсу семинарҳо,  адабиёти педагогию  методӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои  дарсӣ ҷамъбаст намуда, меомӯзад ва тадбир меандешад.

       2.7. Бо ташкилотҳои давлативу хориҷӣ оид ба масъалаҳои  такмили ихтисос  ва бозомӯзии омӯзгорони  синфҳои ибтидоӣ ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ҳамкорӣ  мекунад.

    2.8. Кафедра  самаранокии  машғулиятҳои  курсҳои   такмили   ихтисос  (лексия, корҳои  амалӣ, семинарҳои  мақсаднок, суҳбатҳои фардӣ, имтиҳон, лоиҳаи эҷодӣ  ва ҳимояи он )-ро  назорат мекунад.

      2.9. Дар  ташкилу  гузоронидани  озмунҳои  «Муаллими сол», «Мураббии сол», «Мудири кӯдакистон», «Кӯдакистони сол» саҳм мегузорад.

       2.10. Кафедра  ҳуқуқи  тайёр  намудани  кадрҳои  илмии педагогиро  дорад.

       2.11. Кормандони  кафедра ба корҳои илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ҳуқуқи тақризнависӣ доранд.

  2.12.  Кафедра  кормандони  соҳаи  илмро бобати  дарёфти дараҷаю унвонҳои  педагогӣ  пешниҳод  карда  метавонад.

3. Шӯрои кафедра

3.1.Дар кафедра  Шӯро ташкил карда  мешавад, ки ба ҳайати  он мудири кафедра (раис)  ва омӯзгорони кафедра шомил шуда  метавонанд.

3.2. Шӯро нақшаю тадбирҳои кафедра, яъне  тадбирҳо  оид ба  беҳбудии фаъолияти  ояндаи  кафедра, истифодаи таҷрибаи  пешқадам дар кори амалии  муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо,  нақшаҳои  таълимӣ,  барномаҳои таълимӣ, маводу тавсияҳои  методӣ, таҷрибаи  пешқадами  омӯхташударо  муҳокима  мекунад.

3.3. Маҷлисҳои  Шӯрои  кафедра ҳар се  моҳ  як маротиба  ва  ҷаласаҳои  кафедра  моҳе  як  маротиба  гузоронида  мешаванд.

4.  Ташкили фаъолияти роҳбарии кафедра

4.1. Роҳбарии умумии  фаъолияти кафедраро мудир, ки бо фармони ректори Донишкада ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, ба уҳда мегирад.

4.2. Мудири кафедра  барои таъмини  иҷрои  ваколату уҳдадориҳои  Донишкада, ки  ба зимааш  гузоштааст, масъул  мебошад.

4.3. Бо назардошти  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кодекси  меҳнат, Оиннома,  қоидаҳои  тартиботи  дохилии меҳнатӣ  ва  Низомномаи донишкада  ба вазифа таъйин  ва аз вазифа  озод  карда  мешавад.

4.4. Мудири кафедра  фаъолияти кафедраро барои 5 сол ва 1 сол   ба нақша  мегирад.  Нақшаи тақвимии курсу семинарҳо (дурнамо, солона)-и муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва кормандони муассисаҳои томактабиро  барои маъқулшуморӣ ва тасдиқ ба роҳбарияти Донишкада пешниҳод менамояд.

4.5. Мудири кафедра метавонад аъзои Шӯрои олимон интихоб шавад.

4.6. Мувофиқи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо  кафедра метавонад берун аз нақшаи баргузории курсу семинарҳо,  дар асоси шартномаи тарафайни байни Донишкадаю шуъбаҳои  маорифи дахлдор,  курсҳои пулакӣ ташкил  кунад.

4.7. Кафедра барои гузоронидани машғулиятҳои  лексионӣ  олимон, ходимони илм,  мушовирони  шуъбаҳои  маориф ва омӯзгорони соҳибтаҷриба  ва навоварро аз рӯйи тартиби  соатбайъ ба кор даъват менамояд.

4.8. Шунавандагони курсу семинарҳои синфҳои  ибтидоӣ ва кормандони муассисаҳои томактабӣ, ки барномаҳои таълимиро аз худ накардаанд ё дар машғулиятҳо аз 3 рӯз зиёд иштирок накарданд, бо пешниҳоди Раёсати Донишкада ба ҷойи кор  хабар дода мешавад.

4.9. Бо назардошти тартиботи муқарраршуда, ҳуҷҷатнигорӣ  ва коргузории кафедраро сомон дода, фаъолияти  бойгониро таъмин мекунад.

4.10. Шӯрои кафедра (тибқи нишондоди Оиннома, Низомномаи  Донишкада) ҳар 3 моҳ як маротиба ва ҷаласаҳои кафедра моҳе  як  маротиба  гузаронида мешаванд.

4.11. Кормандони кафедра  дар 5 сол як маротиба аз озмун ва аттестасия гузашта,  ихтисоси худро такмил медиҳанд.

4.12. Макони ҷойгиршавии  кафедра  бинои  Донишкада мебошад.

5. СОХТОРИ КАФЕДРАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ, ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ УМУМӢ

           5.1. Кормандони кафедра  дар асоси воҳидҳои кории тасдиқшуда амал мекунад.

       5.2. Мудири кафедра тамоми фаъолияти кори  кафедраро  роҳбарӣ намуда, аз номи кафедра баромад мекунад.

          5.3. Воҳидҳои кори кафедра.

т/р

Вазифа

Воҳидҳои корӣ

Эзоҳ

1.

Мудири кафедра

1

 

2.

Профессор

1

 

3.

Дотсент

4

 

4.

Омӯзгори калон

5

 

5.

Мудири кабинет

1

 

Ҷамъ:

12

 

6.  Ҳуқуқҳои мудири кафедра

            6.1. Вазифаҳои хизматии омӯзгорони кафедраро муайян ва тақсим менамояд.

           6.2.  Оид ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани омӯзгорони кафедра ба ректори Донишкада таклиф пешниҳод менамояд.

          6.3. Оиди беҳбуди ташкили кори кафедра ва Донишкада таклифҳои мушаххаси худро ба раёсат ва роҳбарияти Донишкада пешниҳод намояд.

            6.4.  Мудири кафедра метавонад аъзои Шӯрои олимон интихоб шавад.

 7. Масъулияти мудири кафедра

    7.1. Барои таъмин намудани муқарраротҳои Оиннома, Низомномаи Донишкада ва Низомномаи  мазкур  масъул  мебошад.

      7.2. Тартибу  низоми кори кафедра ва интизоми меҳнати аъзоёни кафедраро таъмин месозад.

         7.3. Кормандони пешкадаму фаъолро барои  мукофотҳо ва дигар намудҳои ҳавасмандгардонӣ ба раёсати Донишкада тавсия ва пешбарӣ    менамояд.

  8.  Ҳамкории кафедра

          8.1.    Кафедра бо сохторҳои тобеи Донишкада ва дигар муассисаҳои соҳавии таълимӣ ва илмию методӣ ҳамкорӣ менамояд.

          8.2 Кормандон бо кафедраҳо ва шуъбаҳои дигари донишкада робитаи доимӣ менамояд.