Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ

Кафедраи методикаи таълими фанҳоигуманитарӣ

1.     Муқарароти  умумӣ

 1.1.Кафедраи  фанҳои гуманитарии   (дар оянда – Кафедра) Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (ДҶТИБКСМ) фаъолияти хешро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДҶТИБКСМ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

1.2. Кафедра, ҳамчун як ҷузъи сохтори Донишкада, такмили тахассус ва бозомузӣ, илму дониш ва маҳорату малакаи касбии кормандони соҳаи маориф, минҷумла омӯзгорони фанҳои  гуманитариро бо роҳи хондани лексия, доир намудани машғулиятҳои амалӣ ва семинарҳои мақсаднок амалӣ менамояд.

1.3.Кафедра фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилот, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази корҳои методии Ҷумҳурӣ, Раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кафедраҳои соҳавии сохторҳои тобеи ДҶТИБКСМ (дар оянда Донишкада), шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мемонад.

1.4.Роҳбарии умумии кафедраро мудири кафедра таъмин месозад.

1.5.Мудири кафедра метавонад аъзои Шӯрои олимон интихоб гардад.

1.6.Кафедра оид ба натиҷаи курсу семинарҳои доирнамуда ба Раёсат ва роҳбарияти Донишкада ба таври муққараршуда  ҳисобот медиҳад.

1.7. Назорати умумии кафедраро ректори ДҶТИБКСМ таъмин менамояд.

 

2. Вазифа ва ҳуқуқҳои кафедра

Кафедра вазифа ва ҳуқуқҳои зерин дорад:

2.1. Бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисосиомӯзгорони фанҳои гуманитарӣ машғулиятҳои лексионӣ ва корҳои амалӣ доир менамояд;

2.2. Дар ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмиву амалӣ, семинарҳои мақсаднок, хонишҳои педагогӣ, вохӯриву шабнишиниҳо, корҳои беруназсинфиву беруназмактабӣ, викторинаву шабҳои саволу ҷавоб ва амсоли инҳо саҳм мегузорад;

2.3. Барои расонидани ёрии амалӣ ва методӣ ба омӯзгорон маслиҳатҳои муфид дода, адабиёти лозимаро тавсия медиҳад;

 2.4. Дар таҳия ва ба тасдиқ пешниҳод намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ  аз  фанҳои гуманитарӣ  барои шунавандагони КТИ иштирок менамояд.

2.5. Дар таҳияи дастурҳои таълимию тарбиявӣ, методӣ, китобҳои дарсӣ, навиштани модулҳои нави таълимӣ, тақриз ва хулоса ба маводи пешниҳодшуда масъул мебошад.

2.6. Корҳои илмию методӣ, татқиқотӣ ва номзадии  аъзои  кафедраро ба роҳбарӣ мегирад.

2.7. Кормандонро аз лиҳози касбӣ ва бозомӯзӣ ба аттестатсияи навбатӣ омода месозад;

2.8. Фаъолияти самарабахши мақомоти худидории Донишкада (Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ, гурӯҳҳо, комиссияҳо)-ро сармашқи кор намуда, аз онҳо истифода мебарад;

2.9. Кафедра бо ҳамкории раёсати Донишкада кормандони худро бо адабиётҳои нави илмӣ, методӣ, дастурҳо оид ба технологияи нави таълим ва барномаву китобҳои дарсӣ таъмин менамояд;

2.10. Дар таҳия ва тасдиқи барномаву нақшаҳои КТИ ва семинарҳои  мақсаднок ҳисса мегузорад;

2.11 Ҷаласаҳои кафедра мунтазам моҳе як маротиба доир гардида, протоколи он дар кафедра нигоҳ дошта мешавад.

2.12.Омӯзгорон ва кормандони илмию педагогии кафедра дар асоси озмун ва қарордод ба кор қабул карда шуда, дар 5 сол як маротиба аз аттестатсия мегузаранд. Омӯзгорон ва кормандони илмию педагогӣ вобаста ба натиҷаи аттестатсия метавонанд қарордоди меҳнатиро давом диҳанд ё аз вазифа сабукдӯш карда шаванд.

2.13.Омӯзгорону кормандони илмию педагогии кафедра барои навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ метавонанд аз 3 моҳ то 1 сол рухсатии эҷодӣ гиранд.

 2.14. Иҷроиши нақшаи корҳои инфиродии аъзои кафедраро дар ҷаласаҳои кафедра баррасӣ менамояд;

2.15. Оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои  гуманитарӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ба курсҳои такмили ихтисос фиристодани онҳо чораҳо меандешад;

2.16. Дархосту пешниҳоди омӯзгорони фанҳои гуманитариро роҷеъ ба самаранокии курсу семинарҳо омӯхта, тадбирҳо меандешад;

2.17. Бо ташкилотҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ ҳамкорӣ мекунад.

3.    Ташкили фаъолияти роҳбарии кафедра

 3.1. Мудири кафедра дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз тарафи ректори Донишкада таъйин ва озод карда мешавад.

3.2. Мудири кафедра барои таъмини иҷрои ваколату уҳдадориҳои Донишкада, ки ба зимааш гузоштааст, масъул мебошад;

3.3. Мудири кафедра фаъолияти кафедраро барои 5 сол, 1 сол ва 3 моҳ ба нақша мегирад. Нақшаи тақвимии курсу семинарҳо (дурнамо, солона)-и омӯзгорони фанҳои гуманитариро барои маъқулшуморӣ ва тасдиқ ба ректори Донишкада пешниҳод месозад.

3.4. Кафедра дар тобеияти худ 1 кабинети таълимию методӣ дорад, ки дар он машғулиятҳои КТИ, семинарҳои мақсанднокро ташкил намуда, мегузаронад.

3.5. Кафедра метавонад, мувофиқи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва шартномаи тарафайни Донишкада ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, курсҳои пулакӣ доир намояд.     

3.6. Кафедра барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ олимон, ходимони илм, мушовирони шуъбаҳои маориф ва муаллимони эҷодкору навовар ва фаъолро аз рӯйи соатбайъ метавонад ба кор даъват намояд.

3.7. Он шунавандагоне, ки барномаву нақшаҳои курсҳоро азхуд накардаанд ва ё ин ки зиёда аз 3 рӯз ба машғулиятҳо ҳозир нагардидааанд, бо пешниҳоди Донишкада, ба ҷойи корашон хабар дода мешаванд.

3.8 Ҷадвали КТИ ва семинарҳои сайёр дастраси аъзои кафедра гардонида мешавад.

3.9. Дар ҷаласаҳои кафедра ҳисоботи илмию методӣ ва маърӯзаҳои тахассусии омӯзгорон баррасӣ мегардад.

3.10. Кормандони кафедра дар 5 сол 1 маротиба аз озмун ва аттестатсия гузашта, такмили ихтисоси хешро обутоб ва сайқал медиҳанд.

3.11. Омӯзгорон ва кормандони кафедра бо назардошти қарори аттестатсионӣ метавонанд қарордоди меҳнатиро идома диҳанд ва ё аз вазифа сабукдӯш карда шавад.

3.12. Омӯзгорону кормандони илмӣ-педагогии кафедра барои навиштани рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ метавонанд аз 3 моҳ то 1 сол ба рухсатии эҷодӣ бо пардохти музди кор бароянд. 

3.13. Дар сурати набудани мудири кафедра, иҷрои вазифаи он ба зиммаи яке аз мудирони кабинет гузошта мешавад.

3.14. Макони ҷойгиршавии кафедра дар назди Донишкада мебошад.    

4.     Ҳуқуқҳои мудири кафедра

4.1. Вазифаҳои хизматии мутахассисони кафедра ва сарбории онҳоро муайян ва тақсим менамояд.

4.2. Оиди ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани мутахассисони кафедра ба ректори Донишкада таклиф пешниҳод намояд.

4.3. Оиди беҳбуди ташкили кори кафедра ва Донишкада таклифҳои мушаххаси худро ба Раёсат ва роҳбарияти Донишкада  пешниҳод намояд. 

4.4. Нақшаи дурнамои кори кафедраро – ректори Донишкада ва нақшаҳои кори  омӯзгоронро мудири кафедра тасдиқ менамоянд.

4.5. Кормандони пешқадам ва фаъолро ба мукофотҳо ва ба дигар намудҳои ҳавасмандӣ тавсия ва  пешбарӣ менамояд.

5. Масъулияти мудири кафедра

5.1 Барои таъмин намудани талаботи Оиннома ва Низомномаи Донишкада ва Низомномаи мазкур масъул мебошад.

5.2. Тартибу низоми кори кафедра ва интизоми меҳнати аъзоҳои кафедраро таъмин месозад.

6. Ҳамкории кафедра

        Кафедра бо сохторҳои тобеи Донишкада ва дигар муассисаҳои соҳавии таълимӣ ва илмию методӣ ҳамкорӣ менамояд.

7. Сохтори кафедра

Шумораи кормандони кафедра:

 -мудири кафедра 1 нафар

- профессор- 2 нафар

- дотсентҳо- 4 нафар

- омӯзгори калон-6 нафар

- лаборант-1нафар

Дастуроид ба вазифаи хизматии  профессори кафедра

1.1. Профессор дар асоси озмун ба вазифа интихоб шуда, бо фармони ректор расмӣ кунонида мешавад.

 1.2. Шахсе, ки дар кафедра ҳамчун профессор фаъолият менамоянд, бояд маълумоти олии касбӣ, дараҷа ё унвони илмӣ дошта, ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад;

   - собиқаи кори педагогии на камтар аз 5 сол;

   - таҷрибаи корӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон;

   - салоҳияти баланди муошират;

   - малакаи кор дар гурӯҳ;

   - дар раванди дарс истифода кардани техника ва технологияи информатсионӣ; 

   - шиносоӣ бо методикаи омӯзишӣ ва таҳлил;

     -пеш бурдани кори илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияи дастурҳои методӣ

1.3. Профессор ба мудири кафедра ҳисобот медиҳад.

1.4. Профессори кафедра бояд донад:

   - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  - Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар аснодҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа.   

 -Низомнома ва Оинномаи донишкада, дастурамали вазифавӣ.

 -Нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ ва сохтори китобҳои дарсӣ.

 -Нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос.

 -Методикаи таълими таҳсилоти касбӣ, шакл ва методҳои муосири таълим, бахусус усулҳои фаъоли таълим.

1.6. Музди меҳнати профессори кафедра мутобиқи тартиби муқарраршуда муайян мегардад.

1.7. Профессори кафедра фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, донишкада ва кафедра ба роҳ мемонад.

2.  ВАЗИФАҲОИ  ХИЗМАТИИ ПРОФЕССОРИ КАФЕДРА

2.1. Пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра.

2.2. Саҳмгузорӣ дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос.

2.3. Иштирок дар таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар корҳои таълимӣ-методии кафедра.

2.4. Таҳия ва чопи мақолаҳои илмӣ ва методӣ.
2.5. Иштирок дар таҳияи мавзӯъҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ-тадқиқотии кафедра ва лоиҳаи мавзӯи илмӣ-фармоишӣ.

2.6. Мунтазам таҷдиди назар намудани нақша, барномаи таълимӣ ва лексияҳои дарсӣ.

2.7. Иштирок дар чорабиниҳои соҳавӣ: конфиренсия, семинар ва мизҳои мудаввар.

2.8. Хондани лексия дар курсҳои такмили ихтисос, саривақт ва босифат иҷро намудани қисматҳои нақшаи инфиродӣ.

2.9. Дарёфти таҷрибаи пешқадами педагогӣ, омӯзиш ва тарғиби он.

2.10.Расонидани кӯмаки педагогӣ, психологӣ, методӣ ва дидактикӣ ба шунавандагони курс.

2.11.Роҳбарӣ ба корҳои илмии унвонҷуён ва аспирантони кадрҳои роҳбарикунанда.

2.12. Иҷрои саривақтии супоришҳои мудири кафедра.

2.13. Пешниҳоди ҳисобот ва маълумотҳо ба мудири кафедра.

2.14. Риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии техникӣ ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат.

2.15. Мунтазам таҷдиди назар намудани маърӯзаҳои курсҳои такмили ихтисос ва дар ҳолати зарурат ворид намудани тағйироту иловаҳо.

3. ҲУҚУҚҲОИ ПРОФЕССОРИ КАФЕДРА.

3.1. Иштирок дар ба нақшагирии фаъолияти кафедра ва пешниҳод намудани тавсияҳои зарурӣ.

3.2. Иштирок дар машғулиятҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинари аъзоёни кафедра ва чорабиниҳои донишкада.

3.3. Навиштани тақриз ба дастур ва тавсияҳои методии ба кафедра пешниҳодшуда.

3.4. Пешниҳод шудан ба гирифтани мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.

3.5.Истифода кардан аз воситаҳои моддӣ-техникӣ, китобхона ва дигар хизматрасониҳои донишкада.

4. МАСЪУЛИЯТИ ПРОФЕССОРИ КАФЕДРА.

Профессори кафедра ҷавобгӯ аст, ба;

4.1. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва тартиботи дохилидонишкадавӣ.

4.2. Иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ ва супоришҳои мудири кафедра ва мудири кабинети методӣ.

4.3. Вайрон накардани қоидаҳои меҳнатии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ.

Дастур оид ба вазифаи хизматии  дотсенти кафедра

Қоидаҳои умумӣ

  1.1. Номзади илм, дотсент дар асоси озмун ба вазифа интихоб шуда, бо фармони ректор расмӣ кунонида мешавад.

    1.2. Шахсе, ки дар кафедра ҳамчун номзади илм, дотсент фаъолият менамоянд, бояд маълумоти олии касбӣ, дараҷа ё унвони илмӣ дошта, ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад;

   - собиқаи кори педагогии на камтар аз 5 сол;

   - таҷрибаи корӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон;

   - салоҳияти баланди муошират;

   - малакаи кор дар гурӯҳ;

   - дар раванди дарс истифода кардани техника ва технологияи информатсионӣ;

   - шиносоӣ бо методикаи омӯзишӣ ва таҳлил;

     -пеш бурдани кори илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияи дастурҳои методӣ

1.3. Номзади илм, дотсент ба мудири кафедра ҳисобот медиҳад

1.4. Номзади илм, дотсенти кафедра бояд донад:

   - Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  - Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар аснодҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа.    

 -Низомнома ва Оинномаи донишкада, дастурамали вазифавӣ.

 -Нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ ва сохтори китобҳои дарсӣ.

 -Нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос.

 -Методикаи таълими таҳсилоти касбӣ, шакл ва методҳои муосири таълим, бахусус усулҳои фаъоли таълим.

1.6. Музди меҳнати номзади илм, дотсенти кафедра мутобиқи тартиби муқарраршуда муайян мегардад.

1.7. Номзади илм, дотсенти кафедра фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, донишкада ва кафедра ба роҳ мемонад.

2.  ВАЗИФАҲОИ  ХИЗМАТИИ НОМЗАДИ ИЛМ,

ДОТСЕНТИ   КАФЕДРА

2.1. Пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра.

2.2. Саҳмгузорӣ дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос.

2.3. Иштирок дар таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар корҳои таълимӣ-методии кафедра.

2.4. Таҳия ва чопи мақолаҳои илмӣ ва методӣ.
2.5. Иштирок дар таҳияи мавзӯъҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ-тадқиқотии кафедра ва лоиҳаи мавзӯи илмӣ-фармоишӣ.

2.6. Мунтазам таҷдиди назар намудани нақша, барномаи таълимӣ ва лексияҳои дарсӣ.

2.7. Иштирок дар чорабиниҳои соҳавӣ: конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар.

2.8. Хондани лексия дар курсҳои такмили ихтисос, саривақт ва босифат иҷро намудани қисматҳои нақшаи инфиродӣ.

2.9. Дарёфти таҷрибаи пешқадами педагогӣ, омӯзиш ва тарғиби он.

2.10.Расонидани кӯмаки педагогӣ, психологӣ, методӣ ва дидактикӣ ба шунавандагони курс.

2.11.Роҳбарӣ ба корҳои илмии унвонҷуён ва аспирантони кадрҳои роҳбарикунанда.

2.12. Иҷрои саривақтии супоришҳои мудири кафедра ва мудири кабинети таълимӣ.

2.13. Пешниҳоди ҳисобот ва маълумотҳо ба мудири кафедра.

2.14. Риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии техникӣ ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат.

2.15. Мунтазам таҷдиди назар намудани маърӯзаҳои курсҳои такмили ихтисос ва дар ҳолати зарурат ворид намудани тағйироту иловаҳо.

3. ҲУҚУҚҲОИ НОМЗАДИ ИЛМ, ДОТСЕНТИ КАФЕДРА.

 3.1. Иштирок дар ба нақшагирии фаъолияти кафедра ва пешниҳод намудани тавсияҳои зарурӣ.

3.2. Иштирок дар машғулиятҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинари аъзоёни кафедра ва чорабиниҳои донишкада.

3.3. Навиштани тақриз ба дастур ва тавсияҳои методии ба кафедра пешниҳодшуда.

3.4. Пешниҳод шудан ба гирифтани мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.

3.5. Истифода кардан аз воситаҳои моддӣ-техникӣ, китобхона ва дигар хизматрасониҳои донишкада.

4. МАСЪУЛИЯТИ НОМЗАДИ ИЛМ, ДОТСЕНТИ КАФЕДРА.

             Номзади илм, дотсенти кафедра ҷавобгӯ аст, ба;

4.1. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва тартиботи дохилидонишкадавӣ.

4.2. Иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ ва супоришҳои мудири кафедра ва мудири кабинети методӣ.

4.3. Вайрон накардани қоидаҳои меҳнатии Кодекси меҳнати Ҷ. Т ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ.

Дастур оид ба вазифаи хизматии

 омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

1.     МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

1. Омӯзгори калон ба воҳидҳои кории кафедра дохил мешавад.

1.2. Омӯзгори калони  кафедра дар асоси озмун ба кор қабул шуда, бо фармони ректор расмӣ кунонида мешавад.

1.3. Шахсе, ки дар кафедра ҳамчун омӯзгори калон фаъолият менамояд, бояд маълумоти олии касбӣ дошта, ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

- собиқаи кори педагогии на камтар аз 5 сол;

- таҷрибаи корӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон;

- санъати баланди муошират;

- малакаи кор дар гурӯҳ;

дар раванди дарс истифода кардани техника ва технологияҳои иттилоотӣ;

- шиносоӣ бо методикаи омӯзишӣ ва таҳлил;

- таҳия намудани ҳисобот ва пешниҳодҳо.

1.4. Омӯзгори калони кафедра ба мудири кафедра итоат мекунад.

1.5. Омӯзгори калони кафедра бояд донад:

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳаи маориф.

- Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нақшаю барномаҳои таълимии онҳо.

- Низомнома ва Оинномаи донишкада, низомномаҳои намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамали вазифавӣ.

- Нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.

- Методикаи таълими касбӣ, шакл ва методҳои муосири таълим, бахусус усулҳои фаъоли таълим.

 1.6. Музди меҳнати омӯзгори калони кафедра дар асоси харҷномаи маблағгузории донишкада муайян гардида дар шартномаи меҳнатии он нишон дода мешавад.

 1.9. Омӯзгори калони кафедра фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, донишкада ва кафедра ба роҳ мемонад.

2.      ВАЗИФАҲОИ ХИЗМАТИИ ОМӮЗГОРИ КАЛОНИ КАФЕДРА

 2.1. Иштирок дар самтҳои илмӣ-тадқиқоти ва таълимию методии кафедра.

2.2. Саҳмгузорӣ дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос.

2.3. Иштирок дар таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар корҳои таълимӣ-методии кафедра.

2.4. Навиштан ва чоп намудани мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ.

2.5. Иштирок дар таҳияи мавзуи таълимӣ, методӣ  ва илмӣ-тадқиқотии кафедра.

2.6. Мунтазам таҷдиди назар намудани нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ ва лексияҳои дарсӣ.

2.7. Иштирок дар чорабиниҳои соҳавӣ: конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар.

2.8. Хондани лексияҳо дар курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таълимӣ.

2.9. Дарёфти таҷрибаи пешқадами педагогӣ, омӯзиш ва тарғиб намудан тавассути воситаҳои ахбори омма (рӯзномаву маҷаллаҳои даврии соҳа, телевизион).

2.10. Расонидани кӯмаки педагогӣ, психологӣ, методӣ ва дидактикӣ ба шунавандагони курс.

2.11. Саҳмгузорӣ дар корҳои илмӣ-методии кафедра.

2.12. Иштирок дар банақшагирии фаъолияти кафедра.

2.13. Пешниҳоди ҳисобот ва маълумот ба мудири кафедра.

2.14. Иҷрои саривақтии супоришҳои мудири кафедра.

2.15. Риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии техникӣ, зидди сӯхторӣ ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат.

3. ҲУҚУҚҲОИ ОМӮЗГОРИ КАЛОНИ КАФЕДРА

Омӯзгор ҳуқуқ дорад:

 3.1. Мунтазам таҷдиди назар намудани маърӯзаҳои курсҳои такмили ихтисос ва вобаста ба зарурат ворид намудани тағйироту иловаҳо.

3.2. Иштирок дар банақшагирии фаъолияти кафедра ва пешниҳод намудани тавсияҳои зарурӣ.

3.3. Иштирок дар машғулиятҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои аъзои кафедра.

3.4. Навиштани тақриз ба дастур ва тавсияҳои методии ба кафедра пешниҳодшуда.

4. МАСЪУЛИЯТИ ОМӮЗГОРИ КАЛОНИ КАФЕДРА

Омӯзгори калони кафедра ҷавобгӯ аст ба:

 4.1. Риоя накардани  қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, зиддӣ сӯхтори  ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ  дар доираи вазифаи хизматӣ;

4.2. Оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар асоси Низомнома ва Оинномаи ДҶТИБКСМ, Низомномаи кафедра,  қонунҳои ҳуқуқии амалкунанда ва дастур оид ба вазифаҳои хизматӣ;

4.3. Дар муҳлати муқаррарнамуда, иҷро накардани супоришҳои мудири кафедра.

4.4. Вайрон кардани қоидаҳои меҳнатии Кодекси меҳнати ҶТ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ.

5. РОБИТАҲОИ ТАРАФАЙН

5.1. Омӯзгори калони кафедра супоришҳои хаттиву шифоҳии мудири кафедраро иҷро менамояд. 

5.2. Омӯзгори калони кафедра робитаи тарафайнро ба роҳ мемонад:

     - бо омӯзгорони кафедраҳои донишкада;

     - шуъбаи табъу нашр ва китобхона;

     - бо мудири шуъбаи таълим бо мақсади самаранок ташкил  ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таълимӣ.

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ омӯзгори калони кафедра ба мудири кафедра итоат мекунад.