Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ

ДАСТУР ОИД БА ВАЗИФАИ ХИЗМАТӢ

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

        1.1.Омӯзгори калон ба кафедраи «методикаи таълими фанҳои табиӣ - риёзӣ» минбаъд - кафедра шомил аст.

         1.2.Омӯзгори калони кафедра дар асоси озмун интихоб шуда, бо фармони ректори МДДҶТИБКСМ (минбаъд - донишкада) расмӣ кунонида мешавад;

        1.3.Шахсе, ки дар кафедра ҳамчун омӯзгори калон фаъолият менамояд, бояд маълумоти олии касбӣ дошта, ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад;

- таҷрибаи корӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон;

- салоҳияти баланди муошират;

- малакаи кор дар гурӯҳ;

- дар раванди дарс истифода кардани техника ва технологияи информатсионӣ;

- шиносоӣ бо методикаи омӯзишӣ ва таҳлил;

- таҳияи намудани ҳисоботҳопешниҳодҳо;.

        1.4.Омӯзгори калони кафедра ба мудирони кафедра ва кабинети таълимӣ итоат мекунад;

        1.5.Омӯзгори  калони кафедра бояд донад;

- Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва аснодҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф;

- Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нақшаю барно-маҳои таълимии муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоӣ;

- Низомнома ва Оинномаи донишкада, Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ;

- Методикаи таълими касбӣ, шакл ва методҳои муосири таълим, бахусус усулҳои фаъолгардонии таълим;

        1.6.Музди меҳнати омӯзгори калони кафедра дар асоси харҷномаи маблағгузории донишкада муайян гардида, дар шартномаи меҳнатии он нишон дода мешавад; 

        1.7.Омӯзгори калони кафедра фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Академияи таҳсилот Тоҷикистон, донишкада ва кафедра ба роҳ мемонад.

2.ВАЗИФАҲОИ ХИЗМАТИИ МУАЛЛИМИ

КАЛОНИ КАФЕДРА

         2.1. Иштирок дар самтҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва таълимию методии  кафедра;

    2.2.Саҳмгузорӣ дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос;

   2.3.Иштирок дар таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар корҳои таълимӣ – методии кафедра.

       2.4.Таҳия ва чоп намудани мақолаҳои илмӣ ва методӣ ва дигар корҳои дигар корҳои таълимӣ-методии кафедра;

        2.5.Иштирок дар таҳияи мавзӯъҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ – тадқиқотии кафедра ва лоиҳаи мавзуи илмӣ – фармоишӣ.

     2.6.Мунтазам таҷдиди назар намудани нақша, барномаи таълимӣ ва лексияҳои дарсӣ;

        2.7.Иштирок дар чорабиниҳои соҳавӣ: конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар;

   2.8.Хондани лексияҳо дар курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои миёнаи умумӣ, сари вақт ва бо сифат иҷро намудани қисматҳои нақшаи инфиродӣ;

    2.9.Дарёфти таҷрибаи пешқадами педагогӣ, омӯзиш ва тарғиб намудан тавассути воситаҳои ахбори омма, рӯзномаву маҷаллаҳои даврии соҳа, телевизион;

        2.10.Расондани кӯмаки педагогӣ психологӣ, методӣ, ва дидактикӣ ба шунавандагони курс;

        2.11.Саҳмгузорӣ дар корҳои илмӣ – методии кафедра;

        2.12.Иштирок доир ба нақшагирии фаъолияти кафедра;

        2.13.Пешниҳоди ҳисоботҳо ва маълумотҳо ба мудири кафедра;

        2.14.Иҷрои саривактии супоришҳои мудири кафедра;

        2.15.Риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии техникӣ, зидди сӯхторӣ ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат.

3.ҲУҚУҚҲОИ МУАЛЛИМИ КАЛОН

Омӯзгори калон ҳуқуқ дорад, ки:

     3.1.Мунтаззам таҷдиди назар намудани маърӯзаҳои курсҳои такмили ихтисос ва вобаста ба зарурат ворид намудани тағйиру иловаҳо;

   3.2.Иштирок дар банақшагирии фаъолияти кафедра ва пешниҳод намудани тавсияҳои зарурӣ;

       3.3.Иштирок дар машғулиятҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои аъзоёни кафедра;

        3.4.Навиштани тақриз ба дастур ва тавсияҳои методии ба кафедра пешниҳодшуда.

4.МАС ЪУЛИЯТИ ОМӮЗГОРИ КАЛОНИ КАФЕДРА

Муаллими калони кафедра ҷавобгӯ аст, ба:

         4.1.Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарии зидди сӯхтори ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар доираи вазифаи хизматӣ;

         4.2.Оиди иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар асоси Низомнома ва Оинномаи Донишкада, Низомномаи кафедра, Қонунҳои ҳуқуқии амалкунанда ва дастур оид ба вазифаҳои хизматӣ;

         4.3. Вайрон накардани қоидаҳои меҳнати Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ.

5.РОБИТАҲОИ ТАРАФАЙН.

      5.1.Омӯзгори калони кафедра супоришҳои хаттиву шифоҳии мудири кафедраро қабул намуда, иҷро менамояд;

         5.2.Омӯзгори калони кафедра робитаи тарафайнро ба роҳ мемонад;

         - бо омӯзгорони кафедраҳои донишкада;

         - бо мудири кабинети таълимии кафедра;

         - шуъбаи табъу нашр ва китобхона бо мақсади самаранок ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои миёнаи умумиӣ, таҳия намудани ҳуҷҷатҳо, дархост, фармон, ҷадвали дарсӣ.

    5.3.Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии омӯзгори калони кафедра ба мудири кафедра итоат мекунад.

НИЗОМНОМАИ

кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ - риёзии

Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос

ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

1.МУҚАРАРОТИ УМУМ

1.Кафедраи «Фанҳои табиӣ - риёзӣ»-и Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф минбаъд Кафедра фаъолияти хешро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишка ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад;

2.Кафедра, ҳамчун як ҷузъи сохтори донишкада буда, такмили тахассус, илму дониш ва маҳорату малакаи касбии кормандони соҳаи маориф, минҷумла омӯзгорони фанҳои табиӣ риёзиро ба роҳи хондани лексия, доир намудани машғулиятҳои амалӣ ва семинарҳои мақсаднок амалӣ менамояд;

3.Кафедра фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилот, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази корҳои методии ҷумҳурӣ. Раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кафедраҳои соҳавии сохторҳои тобеъ, шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мемонад;

4.Роҳбарии умумии кафедраро мудири кафедра таъмин менамояд;

5.Мудири кафедра метавонад аъзои Шӯрои Донишкада ва Шӯрои илмӣ интихоб гардад;

6.Кафедра оид ба натиҷаи курсу семинарҳои доирнамуда ба Донишкада ва Раёсати корҳои таълимӣ – методӣ ҳисобот диҳад;

2.ВАЗИФА ВА ҲУҚУҚҲОИ КАФЕДРА

7.Кафедра вазифа ва ҳуқуқҳои зерин дорад;

8.Бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси фанҳои табиӣ – риёзӣ машғулиятҳои лексионӣ ва корҳои амалӣ доир менамояд;

9.Дар ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмиву амалӣ, семинарҳои мақсаднок, хонишҳои педагогӣ, вохӯрӣ, корҳои беруназ-синфӣ, беруназмактабӣ, викторинаву шабҳои саволу ҷавоб ва амсоли инҳо саҳм мегузорад;

10.Барои расонидани ёрии амалӣ ва методӣ ба омӯзгорон маслиҳатҳои муфид дода, адабиёти лозимаро тавсия медиҳад;

11.Кормандони кафедраро аз лиҳози касбӣ ва бозомӯзӣ ба аттестатсияи навбатӣ омода месозад;

12.Фаъолияти самарабахши мақомоти худидории Донишкада (Шӯрои илмӣ, Шӯрои методӣ, Шӯрои кафедра, гурӯҳҳо, комиссияҳо)–ро сармашқи кори худ намуда аз онҳо истифода мебарад;

13.Кафедра бо ҳамкории Раёсати Донишкада кормандони худро бо адабиётҳои нави илмӣ, методӣ, дастурҳо оид ба технологияи нави таълим ва барномаву китобҳои дарсӣ таъмин менамояд;

14.Дар таҳия ва тасдиқи барномаву нақшаҳои курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок ҳисса мегузорад;

15.Дар навиштани рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва мақолаҳои илмиву методӣ ва оммавӣ саҳм мегирад;

16.Иҷроиши нақшаи корҳои инфиродии аъзоёни кафедраро дар ҷаласаҳои кафедра баррасӣ менамояд;

17.Оид бас баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ба курсҳои такмили ихтисос фиристодани онҳо чораҳо меандешад;

18.Дархосту пешниҳоди омӯзгорони фанҳои табиӣ – риёзиро роҷеъ ба самаранокии курсу семинарҳо омӯхта, тадбирҳо меандешад;

19.Дар мувофиқа бо ташкилотҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои табиӣ – риёзӣ ҳамкорӣ мекунад;

3.ШӮРОИ КАФЕДРА

20. Дар кафедра Шӯро ташкил карда мешавад, ки ҳайати он аз 5 (панҷ) нафар иборат мебошад–мудир (раис) ва омӯзгорони кафедра;

21. Шӯро корҳои зеринро ба анҷом мерасонад;

-нақшаю тадбирҳои кафедра ва кабинетро дида баромада тасдиқ менамояд;

-тадбирҳои худро оид ба беҳбудии фаъолияти ояндаи кафедра, кабинетҳо муайян месозад

-истифодаи таҷрибаи пешқадамро дар кори амалии мактабҳо меомӯзад ва истифода мебарад;

-нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, маводу тавсияҳои методӣ, таҷрибаи пешқадами омӯхташуда ва амсоли инҳоро муҳокима менамояд;

22.Шӯрои кафедра ҳар 3 моҳ 1 маротиба ва ҷаласаҳои кафедра моҳе 1 маротиба гузаронида мешаванд, ки бо пайнавишти мувофиқа ҳуҷҷатгузорӣ карда мешавад;

4.ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲБАРИИ КАФЕДРА

23.Мудири кафедра тибқи озмун аз тарафи ректори Донишкада ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад;

24.Мудири кафедра барои таъмини иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои Донишкада, ки ба зимааш гузошташудааст, масъул мебошад;

25.Бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнат, Ойиннома ва Низомномаи Донишкада мудири кабинети фанни табиӣ – риёзӣ, бо мувофиқаи мудири кафедра, аз тарафи ректори Донишкада ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад;

26.Мудири кафедра фаъолияти кафедраро барои 5 сол, 1сол, ва 3 моҳ ба нақша мегирад. Нақшаи тақвимии курсу семинарҳо (дурнамо, солона)–и омӯзгорони фанҳои табиӣ – риёзиро барои маъқулшуморӣ ва тасдиқ ба ректори Донишкада пешниҳод месозад;

27.Кафедра дар салоҳияти худ 2 кабинет – фанҳои технологияи иттилооти информатсионӣ ва математика дорад, ки дар ҳар кадоми он мудир ва мутахассисон фаъолият менамоянд;

28.Кафедра метавонад мувофиқи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва шартномаи тарафайни Донишкада ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, курсҳои пулакӣ доир намояд;

29.Кафедра барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ олимон, ходимони илм, мушовирони шуъбаҳои маориф ва муаллимону эҷодкорони навовар ва фаъолро аз рӯйи соатбай метавонад ба кор даъват намояд;

30.Он шунавандагоне, ки барномаву нақшаҳои курсҳоро аз худ накардаанд ва ё ин ки зиёда аз 3 рӯз ба машғулиятҳо ҳозир нагардидаанд, бо пешниҳоди Донишкада ба ҷои кораш хабар дода мешавад;

31.Кормандони кафедра дар 5 сол 1 маротиба аз аттестатсия ва такмили ихтисос гузашта дониши худро сайқал медиҳанд;

32.Омӯзгорон ва кормандони кафедра бо назардошти қарори аттестатсионӣ метавонанд қарордоди меҳнатиро идома диҳанд ва ё аз вазифа сабукдӯш карда шаванд;

33.Омӯзгорону кормандони илмӣ – педагогии кафедра барои навиштани рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ метавонанд аз 3 моҳ то 1 сол  ба рухсатии эҷодӣ бе пардохти музди кор бароянд;

34.Дар сурати набудани мудири кафедра, иҷрои вазифаи он ба зиммаи яке аз аъзоёни кафедра гузошта мешавад;

5.ҲУҚУҚҲОИ МУДИРИ КАФЕДРА

36.Вазифаҳои хизматии мутахассисони кафедраро муайян ва тақсим менамояд;

37.Оид ба вазифа таъйин ва озод намудани мутахассисони кафедра ба Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таклиф пешниҳод намояд;

38.Оид ба беҳбудии кори кафедра ва Донишкада таклифҳои мушаххаси худро ба Раёсат ва роҳбарияти Донишкада пешниҳод намояд;

6.МАСЪУЛИЯТИ МУДИРИ КАФЕДРА

39. Барои таъмин намудани талаботи Ойиннома ва Низомномаи ДҶТИБКСМ ва Низомномаи мазкур масъул мебошад;

40.Тартибу низоми кори кафедра ва интизоми меҳнатӣ аъзоёни кафедраро таъмин месозад;

41.Кормандони пешқадам ва фаъолро ба мутовотҳо ва ба намудҳои ҳавасмангардонӣ тавсия ва пешбарӣ менамояд;

7.ҲАМКОРИИ КАФЕДРА

42.Кафедра бо сохторҳои тобеи ДҶТИБКСМ ва дигар муассисаҳои соҳавии таълимӣ ва илмию методӣ ҳамкорӣ менамояд;

43.Ба зиммаи кафедра:

- навиштани тақризҳо ба корҳои илмиву методӣ ва авторефератҳо;

-корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ бо шунавандагони КТИ;

-тайёр намудани барномаву нақшаҳои таълимии КТИ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-омӯзиш ва ҷамъбаст намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ;

-саҳм гирифтан дар ташкилу гузаронидани санҷишҳо, семинарҳо, озмунҳо, олимпиадаҳо, намоишҳо, хонишҳои педагогӣ ва конференсияҳо;

-расонидани ёрии амалӣ ба омӯзгорони ҷавон ва навкор;

-гузаронидани машғулиятҳо (лексия, семинар, суҳбатҳои фардӣ, консултатсия,  санҷиш, имтиҳон, корҳои лабораторӣ, амалӣ, курсӣ, реферат) ва машғулиятҳои дигар;

-пешниҳод кардани кормандон барои гирифтани дараҷаҳои илмӣ (дотсент ва профессор) ва амсоли инҳо вогузор мегарданд;

44.Кормандони кафедра дар давоми 5 сол як маротиба (ҳангоми зарурат бо қарори кафедра ва розигии кумитаи иттифоқа касаба дар вақти дилхоҳ) аз аттестатсия мегузаранд;

45.Нақшаи дурнамои кори кафедраро Ректори Донишкада ва нақшаҳои кории омӯзгоронро мудири кафедра тасдиқ менамояд;

            46.Кафедра мутобиқи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории мавҷуда амал менамояд.