Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим

НИЗОМНОМАИ

кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим

Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф»

1. Муқарароти умумӣ

   1. Кафедраи психология, педагогика ва  методикаи таълими Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф» (минбаъд кафедра) як ҷузъи сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф»    такмилу донишу малака ва маҳорати касбии кормандони соҳаи маорифро бо воситаи хондани лексия, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва семинарҳои мақсаднок амалӣ мегардонад.

2. Кафедра дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дастурусу поришҳои Президенти кишвар, Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, аснодҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, фармоишу дастур ва супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома,  Низомномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф» ва  Низомномаи мазкурро  ба роҳбарӣ мегирад.

3. Кафедра фаъолияти худро  дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва илм,  шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва кафедраю сохторҳои тобеи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф» ба роҳ  мемонад.

4. Роҳбарии умумии кафедраро мудир, ки бо   фармоиши  ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад, ба уҳда мегирад.

5. Бо пешниҳоди мудир ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф»    мутахассисони  кафедраро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод  мекунад.

6. Мудири кафедра метавонад аъзои Шӯрои олимон интихоб шавад.

7. Назорати умумии кафедраро ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф»   таъмин менамояд.

                                                      2. Сохтори  кафедра

1.      Мудири кафедра  1-воҳиди корӣ.

2.      Профессор  1- воҳиди корӣ.          

3.      Дотсент  2- воҳиди корӣ.                

4.      Омӯзгори калон  2 воҳиди корӣ.  

5.      Лаборант  1- воҳиди корӣ.             

3. Вазифаҳои кафедра

              8. Дар таҳияи дастурҳои таълимию тарбиявӣ,  методӣ, китобҳои дарсӣ, навиштани модулҳои нави таълимӣ, тақриз ва хулоса ба маводи пешниҳодшуда масъул мебошад.

9. Дар ташкил ва доир намудани конфронсҳои илмию методӣ, чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок меварзад.

10. Корҳои илмию методӣ, тадқиқотӣ ва номзадии аъзои кафедраро ба роҳбарӣ мегирад.

11. Иҷрои нақшаи корҳои  инфиродии аъзои кафедраро дар ҷаласаҳои кафедра баррасӣ менамояд.

12. Таҷрибаи пешқадами устодони кафедра ва усулҳои фаъоли таълими онҳоро дастгирӣ намуда, ба омӯзгорони ҷавон дар беҳдошти малакаю маҳорати касбиашон кӯмак мерасонад.

13. Оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон дар беҳдошти малакаю  маҳорати касбиашон кӯмак мерасонад.

14. Омӯзгорон ва кормандони илмию педагогии кафедра дар асоси озмун ва қарордод ба кор қабул кардашуда, дар 5 сол як маротиба аз аттестатсия  мегузаранд. Омӯзгорон ва кормандони илмию педагогӣ вобаста ба натиҷаи аттестатсия метавонанд қарордод и меҳнатиро давом диҳанд ё аз вазифа сабукдӯш карда шаванд. Омӯзгорону кормандони илмию педагогии кафедра барои навиштани китоби  дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ метавонанд аз 3 моҳ то 6 моҳ рӯхсатии эҷодӣ гиранд.

15. Ҷаласаҳои кафедра мунтазам моҳе як ду маротиба доир гардида, суратмаҷлиси он дар кафедра нигоҳ дошта мешавад.

16. Дар  ҷаласаҳои кафедра ҳисоботи илмию методӣ ва маърӯзаҳои тахассусии аъзои кафедра  баррасӣ мегардад.

17. Мудири кафедра фаъолияти солонаи кафедраро ба нақша гирифта, иҷрои онро таъмин менамояд.

           18. Ҷадвали КТИ аз фанни психология, педагогика ва методикаи таълим дастраси аъзои кафедра гардонида мешавад.

        19. Дар сурати набудани мудири кафедра иҷрои вазифаи мудири кафедра  ба зиммаи яке аз омӯзгорони  кафедра гузоштамешавад.

4. Самтҳои асосии фаъолияти кафедра

20. Барои шунавандагони  КТИ аз фанни психология, педагогика ва методикаи таълим машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ мегузаронад.

           21. Дар самти таълим ва тарбия семинарҳои мақсаднок ва дигар чорабиниҳо доир менамояд.

22. Дар таҳия ва ба тасдиқ пешниҳод намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ аз фанни  психология, педагогика ва методикаи таълим барои шунавандагони  КТИ  иштирок менамояд.

5. Ҳуқуқҳои кафедра

           23. Роҳбарии фаъолияти мутахассисони кафедраро таъмин  намояд.

    24. Бо кафедраҳо ва сохторҳои дигари Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф»  ҳамкорӣ  намояд.

25. Ҳисоботи семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солонаи фаъолияти  кафедраро омода намояд.

        26.  Ба рисолаҳои илмии пешниҳодшудаи соҳа барои Шӯроҳҳои  ҳимоя тақризҳо таҳия намуда, ирсол намояд.

27. Дар коркарди аснодҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, омода намудани дастурҳои илмию татқиқотӣ ва методӣ иштирок намояд.

6. Ҳамкории кафедра

         28. Кафедра бо сохтори тобеи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф»  ва дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмию  методӣ ҳамкорӣ менамояд.