Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Кафедраи таҳсилоти касбӣ

Дастурамали вазифавии мудири кафедраи таҳсилоти касбӣ

      Дастурамали мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф  таҳия шудааст.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Муассисаи давлатии "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф" муассисаи илмӣ – методии пешрав буда, мукаммалкунӣ, болобарии ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа, таҳия ва мураттаб сохтани маводи таълимӣ – методӣ, омӯхтан, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогиро баррасӣ менамояд.

1.2. Мудири кафедра дар асоси озмун ба ин вазифа интихоб шуда, бо фармони ректор расмӣ кунонида мешавад.

1.3. Мудири кафедра бояд маълумоти олии педагогӣ, дараҷа ё унвони илмӣ ва собиқаи кори илмӣ - педагогӣ на камтар аз 5 сол дошта бошад.

1.4. Мудири кафедра ба категорияи роҳбарият шомил аст.

1.5. Мудири кафедра дар фаъолияти худ ба ректор ва муовинони он итоат мекунад.

1.6. Мудири кафедра бояд донад:  

- Қаонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», аснодҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - Кодекси меҳнати кормандони педагогӣ ва аснодҳои меъёрии идоракунӣ;

- Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нақшаю барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;

- Низомнома ва Оинномаи донишкада;

- Нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;

- Назария ва методҳои идоракунии системаи маориф;

- Қоидаҳои идораи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳуҷҷатнигории таълимӣ илмӣ - методӣ, илмӣ - касбӣ;

- Методикаи таълими касбӣ, шакл ва методҳои муосири таълим, бахусус усулҳои фаъоли таълим;

- Қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхтор.

            1.7. Музди меҳнати мудири кафедра дар асоси харҷномаи маблағгузории вазифавии кормандони донишкада муайян карда мешавад.

            1.8. Мудири кафедра фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва дастурамалҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкада ва кафедра ба роҳ мемонад.

 2.ВАЗИФАҲОИ ХИЗМАТИИ МУДИРИ КАФЕДРА

            2.1. Кодекси меҳнат, қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, интизоми меҳнат, техникаи бехатариро дар ҷойи кор риоя менамояд.

            2.2. Қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва меъёрҳои санитарию гигиениро дар чорчӯбаи вазифаи хизматӣ иҷро менамояд.

            2.3. Бо сохторҳои донишкада (кабинетҳои таълимӣ-методӣ, марказҳо, шуъбаҳо) ҳамкорӣ менамояд.

            2.4. Фаъолияти солона ва дурнамои кафедраро ба нақша мегирад.

            2.5. Корҳои илмию тадқиқотии аъзоёни кафедраро ташкилу назорат менамояд.

            2.6.  Иҷроиши нақшаи тақвимии курсу семинарҳои донишкадаро роҳбарӣ мекунад.

            2.7. Супоришҳои маъмурияти донишкадаро дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро мекунад.

            2.8. Дар тартиб додани нақшаи донишкада ва барномаҳои таълимии курсу семинарҳои такмили ихтисос саҳм мегирад.

            2.9. Машғулиятҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию методии омӯзгорони кафедраро мушоҳида ва назорат менамояд.

            2.10. Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории кафедраро ба низом медарорад.

            2.11. Дар ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳо, намоишу озмунҳо иштирок карда, бо кафедраҳои донишгоҳҳою донишкадаҳои самти омӯзгоридошта, ҳамкорӣ менамояд.

            2.12. Раванди дарёфту омӯзиш, ҷамъбасту тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогии кормандони кафедраро таҳлил ва хулосабарорӣ мекунад.

            2.13. Бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ мекунад.

            2.14. Такмили ихтисос, маҳорати касбии худ ва аъзоёни кафедраро тақвият дода, рушд мебахшад.

            2.15. Дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон шакл ва намуди корҳои кафедраро муайян мекунад (корҳои амалӣ, санҷишӣ, саволномаҳо, анкетаҳо ва тестҳо).

3. ҲУҚУҚҲОИ МУДИРИ КАФЕДРА

            Мудири кафедра ҳуқуқ дорад:

3.1. Аз аъзоёни кафедра маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ заруранд, талаб намояд.

            3.2. Баҳри самаранокии фаъолияти кафедра ба ҳар як аъзои кафедра супориш диҳад.

            3.3. Дар банақшагирии фаъолияти донишкада иштирок намуда, тавсияҳои худро пешниҳод намояд.

            3.4. Дар машғлиятҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои кафедра иштирок намояд.

            3.5. Дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа баҳри омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар семинарҳои мақсаднок ва курсҳои омӯзишии ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ фаъолона иштирок намояд.

            3.6. Дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба фармонҳо, дастурҳои ректори донишкада ва дигар ҳуҷҷатҳои дастурии маъмурият назари андеша баён намояд.

            3.7. Барои гирифтани мукофотҳои соҳавӣ номзадии аъзоёни кафедраро ба маъмурият пешниҳод кунад.

4. МАСЪУЛИЯТИ МУДИРИ КАФЕДРА

            4.1. Риоя кардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар чорчӯбаи вазифаи хизматӣ.

            4.2. Иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ дар асоси Низомнома ва Оинномаи ДҶТИБКСМ, Низомномаи кафедра, қонунҳои ҳуқуқии амалкунанда ва дастур оид ба вазифаҳои хизматӣ.

            4.3. Вайрон накардани қоидаҳои меҳнатии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ.

5. РОБИТАҲОИ ТАРАФАЙН

            5.1. Мудири кафедра супоришҳои ректори донишкада ва муовинонро иҷро менамояд.

            5.2. Мудири кафедра робитаи тарафайнро бо мудирони кафедраю шуъбаҳои дигари донишкада ба роҳ мемонад.

            5.3. Мудири кафедра баҳри самаранок ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳо, сарбории омӯзгорон бо муовинони ректор ва раёсатҳои таълиму илм робитаи тарафайнро ба роҳ мемонад.

            5.4. Мудири кафедра ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бевосита ба ректор ва муовинон итоат менамояд.