Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Раёсати кадрҳо ва котибот

Дастурамали

мансабии мутахассиси раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Номи мансаб - мутахассиси раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии        «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи    маориф»    - мутахассис.

2. Мутахассиси раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкада (минбаъд мутахассиси раёсат) аз тарафи ректори Донишкада (минбаъд ректори Донишкада) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

 3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкада (минбаъд - сардори раёсат) ҳисоботдиҳанда мебошад.

 2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ

Барои мансаби мутахассиси раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

1.      таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ;

2.      1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

3.      донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

4.      донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд;

5.      мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

6.      на камтар аз 1 маротиба дар 5 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

7.      кор карда тавонистан бо компютер.

Идомаи: Раёсати кадрҳо ва котибот

Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ

НИЗОМНОМАИ

 Раёсати корҳои таълимӣ-методии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1.     МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

      1. Низомномаи мазкур сохтор, ҳуқуқу уҳдадориҳои асосии раёсати корҳои таълимӣ-методии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (минбаъд Донишкада)-ро, ки барои таҳия ва татбиқи ташкилу баргузории курсҳои такмили ихтисос, курсҳои омӯзишӣ, мониторинги курсҳо, ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф масъул мебошад, муайян менамояд.

2. Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ (минбаъд раёсат)-воҳиди сохтории Донишкада буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Донишкада истода, дар доираи салоҳияти худ масъул мебошад.

3. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муносибатҳоро дар соҳаи маориф ба танзим медарорад ва Низомномаи мазкурро  ба роҳбарӣ мегирад.

2. СОХТОРИ РАЁСАТ

4. Сохтор ва теъдоди бастии раёсатро тибқи тартиби муқарраргардида Муассис тасдиқ мекунад.

5. Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ сохторе мебошад, ки бо назардошти вазифаҳои дар назди Донишкада истода ташкил карда мешавад. Дар таркиби раёсат маркази омӯзиши забонҳо ва технологияи иттилоотӣ ва мониторинги сифати таълим амал мекунад. Раёсат тибқи ҷадвали басти воҳидҳои корӣ аз 13 нафар иборат мебошад: -сардор-1 воҳид, сармутахассис-2 воҳид, мутахассис-2 воҳид, ҳамоҳангсоз-1 воҳид, танзимгар-1 воҳид, сармутахассиси мониторинги сифати таълим-1 воҳид, мутахассиси мониторинги сифати таълим-2 воҳид, сармутахассис оид ба омӯзиши забонҳо ва технологияи иттилоотӣ-1 воҳид, мутахассис оид ба омӯзиши забонҳо ва технологияи иттилоотӣ-2 воҳид.

Идомаи: Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ

Шӯрои илмӣ-методӣ

Шӯрои илмию методӣ

Шӯрои илмию методӣ дар сохтори донишкада мақоми ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи машваратӣ дошта, бо мақсади баррасӣ ва тақвият бахшидани масъалаҳои асосии фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ таъсис ёфтааст.

Ҳадафҳои Шӯрои илмию методӣ аз мусоидат ба муттаҳиду сафарбарии нерӯи илмию таълимии ҷомеаи донишкада баҳри татбиқи самараноки вазифаҳои асосии оинномавӣ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, омӯзиш ва паҳн кардани технологияи навини педагогӣ, аз ҷумла инноватсионӣ дар самти такмили ихтисос, анҷом додани татқиқотҳои илмию методӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар кормандони маориф,  инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявии байни кормандони кафедраю кабинетҳои таълимию методӣ, бахшҳо ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос иборат мебошад. 

    Шӯрои илмии донишкада самтҳои асосии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва методии кафедраҳоро муаян карда, фаъолияти сохторҳои молиявию хоҷагиро ба танзим медарорад, ба марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии вилоятӣ, шаҳрӣ ёрии методӣ расонида, бо шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хадамоти методии онҳо дар ташкилу баргузории курсу семинарҳо, конференсия ва дигар чорабиниҳои вобаста ба фаъолияташ ҳамкорӣ мекунад.

Идомаи: Шӯрои илмӣ-методӣ

Раёсати илм ва инноватсия

Низомномаи

Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

    1. Низомномаи мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти  касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»,«Консепсияи миллии тарбия», «Низомнома ва Оинномаи Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф», Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

2. Раёсати илм ва инноватсия (минбаъд раёсат) яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (минбаъд Донишкада) буда, фаъолияташро дар якҷоягӣ бо кафедраҳо, раёсатҳо ва дигар зерсохторҳои донишкада ба роҳ монда, натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва инноватсиониро дар самти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф татбиқ менамояд.

3. Раёсат, фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи донишкада ва низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

Идомаи: Раёсати илм ва инноватсия