Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Раёсати илм ва инноватсия

Низомномаи

Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

    1. Низомномаи мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти  касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»,«Консепсияи миллии тарбия», «Низомнома ва Оинномаи Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф», Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

2. Раёсати илм ва инноватсия (минбаъд раёсат) яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (минбаъд Донишкада) буда, фаъолияташро дар якҷоягӣ бо кафедраҳо, раёсатҳо ва дигар зерсохторҳои донишкада ба роҳ монда, натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва инноватсиониро дар самти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф татбиқ менамояд.

3. Раёсат, фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилот, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи донишкада ва низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

 

2.  СОХТОРИ РАЁСАТ.       

             4.  Раёсати илм ва инноватсияро сардор роҳбарӣ менамояд.

        5. Таркиби раёсат ва воҳидҳои кори онро дар мувофиқа бо муассис ва Шӯрои олимони донишкада муайян менамояд.

3.ВАЗИФАҲОИ РАЁСАТ

 6. Иҷрои ҳатмии санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дар банди 1.2-и Низомномаи мазкур зикршуда, ки марбут ба раванди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мебошанд.

 7. Ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию методӣ ва инноватсионӣ дар кафедраҳои донишкада ва зерсохторҳои он.

 8. Таҳияи нақшаи дурнамои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии донишкада, муайян намудани самт ва мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқоӣ дар кафедраҳои донишкада.

9. Таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии солонаю дурнамои донишкада.

10. Ташкили самараноки иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бо мақсади баланд намудани сатҳи малакаи касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф.

  11. Коркарди барномаҳои нави алтернативии таълимӣ ва татбиқи амалии онҳо бо истифода аз техника ва технологияи иттилоотӣ ҳангоми баргузории курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.

  12. Ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-инноватсионӣ ва таъмину истифодаи  он дар раванди таълим.

13.Таҳлил ва баррасии натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии кафедраҳо дар Шӯрои олимони донишкада.

14.Ташвиқу бароҳмонии истифодаи васеи технологияи пешрафта ва аёниятҳо ҳангоми таълими фан дар муассисаҳои таълимӣ.

15.Ба танзим даровардани корҳои омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар кафедраҳои донишкада ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли тарғиб намудани он дар КТИ-и омӯзгорон.

          16.Омӯзиши лоиҳаҳои инноватсионии давлатҳои хориҷи дуру наздик ҷиҳати истифодаи онҳо дар раванди такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф.

        17.Ташкил ва гузаронидани конференсия, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои коркарди модели илмии баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фаннӣ, маърифати экологию ҳифзи муҳити зист ва технологияи навини таҳсилот.

18.Таҳияи нақшаи солона ва дурнамо оид ба сафарбар намудани кормандони ҷавони донишкада ба аспирантура ва докторантура.

19.Тайёр кардани ҳисоботҳои мунтазам, оид ба натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ дар донишкада.

20.Ташкил ва ба роҳ мондани нашри маҷаллаи соҳавӣ оид ба самтҳои афзалиятноки такмили ихтисос.

21.Таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияҳо ва донишкадаҳои тадқиқотии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилу хориҷи кишвар.

22.Васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳои байналхалқии илмӣ бо муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва дигар ташкилотҳои мамлакатҳои хориҷӣ бо мақсади ворид гардидан ба системаи ҷаҳонии илму маориф ва тадқиқоти муштараки корҳои илмӣ.

4.      САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТ

23. Назорат ва танзими фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо, раёсатҳо ва дигар зерсохторҳои донишкада.

24. Дастгирӣ ва нашри монография, мақолаҳои илмӣ, маҷмӯаҳои илмию методии кормандони донишкада.

25. Арзёбии фаъолияти илмии кафедраҳои донишкада ва пешниҳоду баррасии натиҷаи он дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон.

26. Таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои олимон, пешниҳод намудани нақшаи дурнамо ва солонаи корҳои илмӣ тадқиқотии донишкада.

27. Тайёр намудани нақшаи татбиқи амалии натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва инноватсионӣ дар раванди машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф.

28. Таҳия ва тасдиқи нақшаи баргузории конференсияҳои илмию амалӣ, симпозиумҳо, семинарҳо дар доираи дурнамои нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

29. Ҷалб намудани кормандони донишкада барои таҳсил дар аспирантура ва докторантураи дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани зарфияти илмии донишкада.

 30. Тавсия ва сафарбар намудани мутахассисони соҳа барои иштирок намудан дар форумҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

31. Ташкили гӯшаи ахбороти илмӣ оид ба натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва инноватсионӣ дар донишкада.

32. Таъмини иҷрои фармоишҳои Вазири маориф ва илм, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои илмию методӣ ва Шӯрои олимони донишкада марбут ба масъалаҳои илмӣ- инноватсионӣ.

33. Назорати доимии раванди иҷрои нақшаи инфиродии аспирантон ва докторантон, гузаронидани аттестатсияи солонаи аспирантон.

          34. Дида баромадани пешниҳодоти кафедраҳо оид ба мавзӯъҳои  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дар ин замина муайян намудани самт ва масоили фаъолияти илмии донишкада.

5.     РОБИТАИ  РАЁСАТӢ БО РАЁСАТИ

КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

          35. Раёсати илм ва инноватсия бо ҷараёни таълим алоқаи ногусастанӣ дошта, баҳри баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон дар рафти баргузории курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва татбиқи амалии истифодаи навгониҳои илмӣ-техникӣ дар раванди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мусоидат менамояд.

6. ҲУҚУҚҲОИ РАЁСАТ

 36. Оид ба масъалаҳои сохторӣ, кадрӣ, моддию техникӣ ва иттилоотӣ ба раёсати донишкада таклифу дархостҳо пешниҳод намояд.

37. Дар бораи истифодаи коркардҳои муосири инноватсионӣ (навгонӣ) дар соҳаи илм ва раванди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба раёсати донишкада таклифҳо пешниҳод намояд.

         38. Ҳайати кормандон ва омӯзгорони донишкадаро (дар мувофиқа бо ректори донишкада, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, мудирони кафедраҳо) ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ҷалб намояд.

        39. Баъзе масъалаҳои ҳалталаби марбут ба илмро (дар мувофиқа бо ректори донишкада ва муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия) ба Шӯрои олимон ва Шӯрои илмӣ-методӣ барои муҳокима пешниҳод намояд.

         40. Фаъолияти ҳамаи сохторҳои илмии донишкадаро (дар мувофиқа бо  муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия) назорат намояд.

         41. Иҷрои фармоишҳои раёсати донишкадаро, ки ба қисмати илм дахл доранд, талаб намояд.

        42. Маълумоти зарурии  марбут ба қисмати илмро аз ҳамаи қисматҳои таркибии донишкада новобаста аз тобеияташон талаб намояд.

        43. Рафти иҷрои нақшаи баргузории конференсияҳои илмию амалӣ, симпозиумҳо ва семинарҳоро назорат намояд.   

        44. Бо мақсади ҳамоҳангсозии корҳои илмие, ки дар кафедраҳо ва сохторҳои дигари донишкада иҷро карда мешаванд, тадқиқотҳои бунёдӣ, ҷустуҷӯйӣ ва амалӣ гузаронад.

          45. Зарфияти илмии донишкадаро барои ҳалли масъалаҳои гуногун, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи ҷамъиятию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, равона созад.