Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Раёсати кадрҳо ва котибот

Дастурамали

мансабии мутахассиси раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Номи мансаб - мутахассиси раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии        «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи    маориф»    - мутахассис.

2. Мутахассиси раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкада (минбаъд мутахассиси раёсат) аз тарафи ректори Донишкада (минбаъд ректори Донишкада) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

 3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкада (минбаъд - сардори раёсат) ҳисоботдиҳанда мебошад.

 2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ

Барои мансаби мутахассиси раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

1.      таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ;

2.      1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

3.      донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

4.      донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд;

5.      мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

6.      на камтар аз 1 маротиба дар 5 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

7.      кор карда тавонистан бо компютер.

 

3. УҲДАДОРИҲОИ МАНСАБИИ МУТАХАССИСИ РАЁСАТ

5. Ҷиҳати таҳияи нақшаи Донишкада, раёсат ва нақшаи кори нимсолаи (солонаи) худ ба сардори раёсат таклиф пешниҳод  менамояд.

6. Оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридоти ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардори раёсат ахбороти ҳарҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд.

7. Протоколи ҷаласаҳои машваратии назди сардори раёсатро тартиб медиҳад ва назорати саривақтии онро ба сардори раёсат хаттӣ пешниҳод менамояд.

8. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

9. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории Донишкадаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд.

10. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамояд.

11. Дар давраи муваққатан набудани сармутахассис уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро иҷро менамояд.

12. Супоришҳои иловагии сардори раёсатро иҷро менамояд.

13. Табели қайди фаъолияти кормандони раёсатро таҳия менамояд.

14. Лоиҳаи фармоишҳои ректори Донишкадаро оид ба мукофотҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор таҳия менамояд.

15. Интизоми меҳнатро дар Донишкада назорат менамояд.

4. ҲУҚУҚҲОИ МУТАХАССИСИ РАЁСАТ

16. Мутахассиси раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

- маводҳои дар ихтиёри раёсат қарордоштаро меомӯзад;

- бо тартиби муқарраргардида аз раёсату шуъбаҳо кафедраҳои Донишкада маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;       

- дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд;

17. Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод шавад.

18. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз намояд.

19. Мутахассиси раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. МАСЪУЛИЯТИ МУТАХАССИСИ РАЁСАТ

20. Мутахассиси раёсат  дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- пешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба кор, тартиб додан ва пешбурди ҳуҷҷатҳои шахсӣ;      

- ошкор накардани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

- риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

21. Мутахассиси раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

22. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси раёсат бо гирифтани имзо, сабти  ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида  мешавад.

23. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯйи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ё Донишкада ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Дастурамали мансабии нозири ҳифзи меҳнати раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Номи мансаб - нозири ҳифзи меҳнати раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии «Донишкада ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» - нозири ҳифзи меҳнат.

2. Нозири ҳифзи меҳнати раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»  (минбаъд нозири ҳифзи меҳнати раёсат) аз тарафи ректори Донишкада (минбаъд ректори Донишкада) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсат ва ректори Донишкада (минбаъд - ректори Донишкада) ҳисоботдиҳанда мебошад.

2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ

4. Барои мансаби нозири нозири ҳифзи меҳнат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-  таҳсилоти олии касбии техникӣ ё гуманитарӣ;

-  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

3. УҲДАДОРИҲОИ МАНСАБИИ НОЗИРИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

5. Ҷиҳати таҳияи нақшаи донишкада, раёсат ва нақшаи кори нимсолаи (солонаи) худ ба сардори раёсат таклиф пешниҳод  менамояд.

6. Оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридотии кормандон ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардори раёсат ахбороти ҳарҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд.

7. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

8. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, ҳисобот таҳия ва ба сардори раёсат ва ректори Донишкада пешниҳод намояд.

 9. Супоришҳои иловагии ректори Донишкада ва сардори раёсатро иҷро намояд.

10. Ба кормандон фаҳмонида додани бехатарӣ аз  сӯхтор ва дуруст ба роҳ мондани асбобҳои барқӣ.

11. Назорат намудани варақаҳои корношоямӣ кормандони Донишкада.

12. Назорати сари вақт ба кор омадон ва аз кор рафтани кормандони Донишкада.

10. Интизоми меҳнатро дар Донишкада назорат менамояд.

4. ҲУҚУҚҲОИ НОЗИРИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

11. Нозири ҳифзи меҳнат ҳуқуқҳои зерин дорад:

1.      маводҳои дар ихтиёри Донишкада ва раёсат қарордоштаро омӯзад;

2.      бо тартиби муқарраргардида аз раёсатҳо, шуъбаҳо, кафедраҳои ва зерсохторҳои Донишкада маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;

3.      рафту омади кормандони Донишкадаро назорат намуда, ба ректори Дониш-када ва сардори раёсат маълумотномаи хатти пешниҳод намояд;

4.      дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок намояд;

5.      Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад.

12. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд.

13. Нозири ҳифзи меҳнат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. МАСЪУЛИЯТИ НОЗИРИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

14. Нозири ҳифзи меҳнат  дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

1.      пешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба кор, тартиб додан ва пешбурди ҳуҷҷатҳои шахсӣ;      

2.      ошкор накардани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

3.      риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

4.      риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;       

5.      дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

15. Нозири ҳифзи меҳнат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

16. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба нозири ҳифзи меҳнат бо гирифтани имзо, сабти  ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида  мешавад.

17. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Донишкада ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии нозир мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Дастурамали

мансабии мутахассиси коргузорӣ (бойгонӣ)-и раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Номи мансаб - мутахассиси бойгонии шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.

2. Мутахассиси бойгонии шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф  (минбаъд мутахассиси шуъба) аз тарафи ректори донишкада (минбаъд ректори донишкада) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.

3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (минбаъд - сардори шуъба) ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Бойгонии донишкада яке аз бахшҳои муҳими сохторӣ буда, бо маводҳои барҷомондаи кунунияш таърихи эътимодбахши коллективи донишкадаи мазкур мебошад. Дар ин маъхаз ҳуҷҷатҳои қайди ба короӣ ва аз кор рафтани кормандон, фармонҳои роҳбарияти донишкада оид ба фаъолияти мухталифи он, қарорҳои шӯроҳои илмӣ ва методӣ, маҷлиси назоратии назди ректори таълимгоҳ, маводҳои сершумори мадохилу махориҷ гирд оварда шудаанд.

2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ

5. Барои мансаби мутахассиси бойгони талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

а) таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ;

б) 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

в) донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

г) донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

ғ) мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

е) кор карда тавонистан бо компютер.

3. УҲДАДОРИҲОИ МАНСАБИИ МУТАХАССИСИ БОЙГОНИИ ШУЪБА

а) мутахассиси бойгонӣ дар ҳамкори бо комиссияи моинаи ҳуҷҷатӣ, ки дар донишкада таъсис ёфтааст, феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва теъдоди ҷувздонҳоро муайян карда, мувофиқи стандартҳои ҳуҷҷатнигорӣ маводҳои бойгониро барои ба Бойгонии давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридан ё нигаҳдорӣ дар донишкада муайян мекунад;

б) мутахассиси бойгонӣ мувофиқи дархости кормандони донишкада ва шаҳрвандон маълумотнома омода намуда ба маъмурият пешниҳод мекунад;

в) нашри ҳуҷҷатҳои бойгони дар маҷаллаҳо, рӯзномаҳо, ки онҳо боиси пешравии ин ё он соҳаи илм мешавад;

г) духтан ва муқовабандии парванда;

ғ) рақамгузории муқоваи парванда;

д) тартиб додани навиштаҷоти тасдиқии парванда;

е) дар лаҳзаҳои лозими тартибдодани рӯйхати дохилии ҳуҷҷатҳои парванда;

ё) интихоб ва баҳисобгирии ҳарсолаи ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ ва нобудкунӣ;

6. Ҷиҳати таҳияи нақшаи донишкада, шуъба ва нақшаи кори нимсолаи (солонаи) худ ба сардори шуъба таклиф пешниҳод  менамояд.

7. Оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои ворида ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардори шуъба ахбороти ҳарҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд.

8.  Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

9. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, ҳисобот таҳия ва ба сардори шуъба пешниҳод намояд.

10. Супоришҳои иловагии сардори шуъбаро дар доираи кори шуъба иҷро намояд.

11.Интизоми меҳнатро дар донишкада назорат менамояд.

4. ҲУҚУҚҲОИ МУТАХАССИСИ БОЙГОНӢ

12. Мутахассиси бойгонии шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:

а) маводҳои дар ихтиёри донишкада ва шуъба қарордоштаро омӯзад;

б) бо тартиби муқарраргардида аз шуъбаю кафедраҳои донишкада маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;

в) дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти шуъба дахл доранд, иштирок намояд;

г) Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод мешавад.

13. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз менамояд.

14. Нозири шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. МАСЪУЛИЯТИ МУТАХАССИСИ БОЙГОНГИИ ШУЪБА

15. Мутахассиси бойгонии шуъба  дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

а) пешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба кор, тартиб додан ва пешбурди ҳуҷҷатҳои шахсии худ; 

б) ошкор накардани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

в) риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

г) риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;     

ғ) дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

16. Мутахассиси бойгонии шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 17. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси бойгонии шуъба бо гирифтани имзо, сабти  ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида  мешавад.

18. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии шуъба ва ё донишкада ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии нозир мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Дастурамали мансабии мутахассиси коргузории раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Номи мансаб - мутахассиси коргузории раёсати кадрҳо ва котиботи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» - мутахассис.

2. Мутахассиси раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкада (минбаъд мутахассиси коргузории раёсат) аз тарафи ректори Донишкада (минбаъд ректори Донишкада) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкада (минбаъд - сардори раёсат) ҳисоботдиҳанда мебошад.          

2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ

4. Барои мансаби мутахассиси коргузории раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

1.      таҳсилоти олии касбӣ;

2.      1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

3.      донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

4.      донистани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд;

5.      мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

6.       на камтар аз 1 маротиба дар 5 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

7.      кор карда тавонистан бо компютер.

3. УҲДАДОРИҲОИ МАНСАБИИ МУТАХАССИСИ КОРГУЗОРИИ РАЁСАТ

5. Ҷиҳати таҳияи нақшаи Донишкада, раёсат ва нақшаи кори нимсолаи (солонаи) худ ба сардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд.

6. Оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ аз натиҷаи баррасии онҳо ба сардори раёсат ахбороти ҳарҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд.

7. Протоколи ҷаласаҳои машваратии назди сардори раёсатро тартиб медиҳад.

8. Дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд.

9. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона бо кормандони раёсат ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамояд.

10. Супоришҳои иловагии сардори раёсатро иҷро менамояд.

11. Табели қайди фаъолияти кормандони раёсатро таҳия менамояд.

12. Лоиҳаи фармоишҳои ректори Донишкадаро оид ба мукофотҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор таҳия ва ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

13. Коргузорӣ ва ҳамкорӣ бо филиалҳои донишкада, феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва теъдоди ҷувздонҳо мувофиқи стандартҳои ҳуҷҷатнигорӣ дар донишкада муайян мекунад.

14. Дӯхтан ва дуруст саҳифабандӣ намудани ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии донишкада ва раёсат.

15. Мазмун ва мундариҷаи дуруст ба роҳ мондани китоби бақайдгирии мактубҳо.

16. Дар лаҳзаҳои лозимӣ тартиб додани рӯйхати дохилии ҳуҷҷатҳои раёсат.

17. Интихоб ва баҳисобгирии ҳарсолаи ҳуҷҷатҳои донишкада барои нигоҳдорӣ.

18. Оид ба рафти иҷрои мактубҳои воридотӣ ва содиротшудаи раёсат ва донишкад.

4. ҲУҚУҚҲОИ МУТАХАССИСИ КОРГУЗОРИ РАЁСАТ

19. Мутахассиси коргузори раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

  1.  дар баррасии масъалаҳои доираи уҳдадориҳои мансабӣ ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;

   2.   маводҳои дар ихтиёри раёсат қарордоштаро меомӯзад;

 3. бо тартиби муқарраргардида аз раёсату шуъбаҳо, кафедраҳои Донишкада маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;       

  4. дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти раёсат дахл доранд, иштирок менамояд;

 20. Барои гирифтани рутбаҳои тахассусӣ, мукофотҳои соҳавию давлатӣ ва дигар имтиёзҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда пешниҳод шавад.

   21. Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз намояд.

 22. Мутахассиси коргузории раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. МАСЪУЛИЯТИ МУТАХАССИСИ КОРГУЗОРИ РАЁСАТ

23. Мутахассиси коргузори раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

1.  пешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба кор, тартиб додан ва пешбурди ҳуҷҷатҳои шахсӣ;      

2.    ошкор накардани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

3.   риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

4.      риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

5.    дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 24. Мутахассиси коргузори раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

25. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси коргузори раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида  мешавад.

26. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ё Донишкада ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси коргузорӣ мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.