Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ

НИЗОМНОМАИ

 Раёсати корҳои таълимӣ-методии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1.     МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

      1. Низомномаи мазкур сохтор, ҳуқуқу уҳдадориҳои асосии раёсати корҳои таълимӣ-методии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (минбаъд Донишкада)-ро, ки барои таҳия ва татбиқи ташкилу баргузории курсҳои такмили ихтисос, курсҳои омӯзишӣ, мониторинги курсҳо, ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф масъул мебошад, муайян менамояд.

2. Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ (минбаъд раёсат)-воҳиди сохтории Донишкада буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Донишкада истода, дар доираи салоҳияти худ масъул мебошад.

3. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муносибатҳоро дар соҳаи маориф ба танзим медарорад ва Низомномаи мазкурро  ба роҳбарӣ мегирад.

2. СОХТОРИ РАЁСАТ

4. Сохтор ва теъдоди бастии раёсатро тибқи тартиби муқарраргардида Муассис тасдиқ мекунад.

5. Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ сохторе мебошад, ки бо назардошти вазифаҳои дар назди Донишкада истода ташкил карда мешавад. Дар таркиби раёсат маркази омӯзиши забонҳо ва технологияи иттилоотӣ ва мониторинги сифати таълим амал мекунад. Раёсат тибқи ҷадвали басти воҳидҳои корӣ аз 13 нафар иборат мебошад: -сардор-1 воҳид, сармутахассис-2 воҳид, мутахассис-2 воҳид, ҳамоҳангсоз-1 воҳид, танзимгар-1 воҳид, сармутахассиси мониторинги сифати таълим-1 воҳид, мутахассиси мониторинги сифати таълим-2 воҳид, сармутахассис оид ба омӯзиши забонҳо ва технологияи иттилоотӣ-1 воҳид, мутахассис оид ба омӯзиши забонҳо ва технологияи иттилоотӣ-2 воҳид.

 6. Сардори раёсати корҳои таълимӣ-методӣ тибқи тартиби муқарраршуда бо фармоиши ректори Донишкада ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

7. Ба вазифаи сардори раёсати корҳои таълимӣ-методӣ шахсе таъйин карда мешавад, ки таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси мувофиқ ва 3 сол собиқаи корӣ дар мансабӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошад.

3. ВАЗИФАҲОИ  РАЁСАТ

8. Омода кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурӣ ва илмию методии Донишкада, ки бо кори таълимию методӣ алоқманд аст.

9. Коркарди лоиҳаи нақшаҳои дурнамо (5 сол), солона, семоҳа ва дигар нақша чорабиниҳои Донишкада.

10. Назорат намудани рафти ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисосро дар филиалҳои донишкада.

11. Ҷалб намудани лекторони баландихтисос аз Вазорати маориф ва илм, зерсохторҳои вазорат ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ.

12. Ташкил ва баргузор намудани машғулиятҳои амалии курсҳои такмили ихтисос.

13. Иштирок ва назорати аттестатсияи хатми курсҳои такмили ихтисос.

14. Пешниҳоди мунтазами ҳисобот ба раёсати донишкада аз рафти иҷрои корҳо, баргузории курсҳо ва иштироки шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос.

15. Таҳияи ҷадвали машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос.

16.Таҳияи нақшаи баргузории курсу семинарҳои махсуси Донишкада.

17. Омӯзиши самаранокии машғулиятҳои омӯзгорони кафедраҳо ва сохторҳои дигари Донишкада.

18. Баррасии ҳисоботи мудирони кафедраҳо.

19. Муайян ва расмӣ кунонидани муассисаҳои базавии Донишкада.

20. Ташкили бонки маводҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос.

21. Ташвиқу тақвияти ҷараёни инноватсионӣ дар таълим.

22. Ташкил ва баргузор намудани семинарҳои мақсаднок.

23. Назорати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос.

24. Саҳм гирифтан дар ташкилу гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, мизи мудаввар ва ғайра.

25. Натиҷагирӣ аз таклифу дархостҳои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос оид ба мазмун ва мундариҷаи машғулиятҳои лекторон.

26. Натиҷагирӣ аз таклифу дархостҳои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос оид ба мазмун ва мундариҷаи нақша ва барномаҳои таълимӣ.

27. Тибқи накшаи фаъолияти донишкада омода намудани маълумотнома ва лоихаи карор барои Шӯрои олимон ва илмӣ-методии донишкада.

28. Омода намудани шартнома бо лекторони даъватии донишкада.

4. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТ

29. Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ маркази идораи таълимӣ-методии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» буда, мақсади ниҳоии он такмил додани маҳорати касбӣ, ба роҳ мондани бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, расонидани ёрии амалии методӣ ба кормандони шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ мебошад.

30. Гузаронидани пурсишномаҳои токурсӣ ва баъдикурсӣ дар курсҳои такмили ихтисос ва курсҳои махсуси донишкадаи ҷумҳуриявӣ ва филиалҳои донишкада дар минтақаҳо.

31. Ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ барои хоҳишмандон.

5. ҲУҚУҚҲОИ РАЁСАТ

 32. Аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Донишкада оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти раёсат дохиланд, маълумот талаб намояд.

33. Бо тартиби муқарраршуда маҷлисҳо ва семинарҳо даъват намояд, инчунин дар маҷлисҳое, ки ректори донишкада ва роҳбарони дигар сохторҳои он дар  масъалаҳои  таълимӣ-методӣ мегузаронанд, иштирок намояд.

34. Аз воҳидҳои сохтории Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» ҳисоботи муқарраргардида, маълумот ва маводҳоеро, ки аз вазифаҳои ба зиммаи раёсат гузошташуда бармеояд, талаб намояд.

35. Ҳамкориҳои худро бо кафедраю сохторҳои дигари Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, филиалҳои донишкада дар минтакаҳо, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монад.

36.  Ҳисоботи фаъолияти солонаи раёсатро тартиб диҳад.

37. Дар коркарду корбасти стратегияи рушд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурии маҳдуди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва корҳои илмӣ–методии он иштирок кунад.

38. Дар қабули қарорҳои идории мансуб ба ташкилу гузаронидани курсу семинарҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ ва роҳбарикунандаи донишкада, филиалхои донишкада дар минтақаҳо саҳм гирад ва пешниҳоду дархостҳояшро манзур дорад.

39. Дар коркарди сохтори нав ё ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сохтори мавҷудаи Донишкада иштирок кунад.

40. Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи омӯзгорони кафедраҳо вобаста ба машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос, тибқи талабот ба роҳ мондани хуҷҷатнигории курсҳо  ва иҷроиши сарбории таълимии онҳо ба раёсат таклиф пешниҳод намояд.

41. Ҷиҳати аз ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи хатми курс маҳрум намудани шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки ба интизоми меҳнат ва қоидаи ҳозиршавӣ ба машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос муносибати ҷиддӣ надоранд, ба раёсат таклиф пешниҳод намояд.

42. Рафти курсҳо ва машғулиятҳои омӯзгоронро дар курсҳои донишкадаи марказӣ ва филиалҳои он дар минтақаҳо назорат намояд.

     43. Дар курсҳои донишкадаи ҷумҳуриявӣ ва филиалҳои он дар минтақаҳо мониторинг гузаронида, ба ректори донишкадаи ҷумҳуриявӣ маълумотнома пешниҳод намояд.