Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Шӯрои илмӣ-методӣ

Шӯрои илмию методӣ

Шӯрои илмию методӣ дар сохтори донишкада мақоми ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи машваратӣ дошта, бо мақсади баррасӣ ва тақвият бахшидани масъалаҳои асосии фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ таъсис ёфтааст.

Ҳадафҳои Шӯрои илмию методӣ аз мусоидат ба муттаҳиду сафарбарии нерӯи илмию таълимии ҷомеаи донишкада баҳри татбиқи самараноки вазифаҳои асосии оинномавӣ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, омӯзиш ва паҳн кардани технологияи навини педагогӣ, аз ҷумла инноватсионӣ дар самти такмили ихтисос, анҷом додани татқиқотҳои илмию методӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар кормандони маориф,  инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявии байни кормандони кафедраю кабинетҳои таълимию методӣ, бахшҳо ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос иборат мебошад. 

    Шӯрои илмии донишкада самтҳои асосии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва методии кафедраҳоро муаян карда, фаъолияти сохторҳои молиявию хоҷагиро ба танзим медарорад, ба марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии вилоятӣ, шаҳрӣ ёрии методӣ расонида, бо шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хадамоти методии онҳо дар ташкилу баргузории курсу семинарҳо, конференсия ва дигар чорабиниҳои вобаста ба фаъолияташ ҳамкорӣ мекунад.

    Дар ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ нақшаю барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ҳалу фасл мешаванд. То соли 1990 Шӯрои илмӣ ҳуқуқи пешбарӣ ба унвони профессорӣ, дотсентиро ҳам дошт. Маҳз тавассути пешниҳоди Шӯрои илмӣ Д. Шеров, С. Маҳкамов, И. Ҳидоятов, Ш. Девонаев, М. Яҳёев ба унвони дотсентӣ мушарраф гардидаанд. Баъд ин Шӯро аз фаъолият монд.

     Шӯрои илмии кунунӣ аз соли 1991 фаъолият мекунад. Баъд 2 Шӯро – шӯрои илмӣ ва шӯрои методӣ ташкил гардид, ки мутаносибан аз рӯйи низомномаҳо фаъолият мекунанд.

   Чунин масъалаҳо ба мисли «Саҳми кафедраҳо дар тарбияи кадрҳои педагогии дохили донишкада» (Солҳои 1997 – 2000), «Омӯзиши имлои забони адабии ҳозираи тоҷик дар партави татбиқи Қонуни забон» (Соли 1989), «Ҳамкории кафедраҳои донишкада бо дигар кафедраҳои соҳавӣ, кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, марказҳои вилоятии такмили ихтисос»(соли 2003) ва ғайра дар шӯрои илмӣ муҳокима шудаанд ва қарорҳои қабулгардида ба беҳтар шудани кор дар самтҳои фавқузикр мусоидат кардааст.

Шӯрои илмӣ 26 майи соли 2005 масъалаи нашри дастурҳои таълимию озмоишӣ китоби дарсии «Забони модарӣ барои синфи 3» (муаллифон М. Лутфуллоев ва И. Абдуллоев) ва дафтари «Таълими хат барои навомӯзон» (муаллиф И. Абдуллоев)-ро баррасӣ намуда, барои дастгирии чопи онҳо ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Шӯрои илмӣ қайд намуд, ки «Дафтари таълими хат барои навомӯзон» ба китоби «Алифбо мувофиқ аст».Аз рӯйи қолаб хат давонидани расмҳо, унсур (элемент)-ҳои  ҳарф, шакли ҳарфҳои хурду калон ва калимаҳо, таҳлили овозию ҳарфии калимаҳо, ба ҳиҷо ҷудо карда навиштани калимаҳои чопӣ дар саҳифаҳои дафтар мавқеи хоса доранд.

Шӯрои илмӣ соли 2006 дар ҷаласаҳояш 58 масъалаи мубрами фаъолияти ДҶТИБКМ-ро баррасӣ кардааст. Байни онҳо тасдиқи саволномаҳо оид ба доир кардани мониторинги сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисосу семинарҳои мақсаднок, муташаккил доир кардани озмунҳои ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ, мураббии сол, муаллими сол,семинарҳои кормандони зинаҳои гуногуни маориф ҳангоми машваратҳои августии муаллимон,вазъи корҳои методӣ дар кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода, нақшагирӣ, сифат ва самаранокӣ дар курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои максаднок дар маркази такмили ихтисоси вилояти Суғд ва филиали дар Панҷакент будаи он ва дигар мавзӯҳои доѓи ҳаёти донишкада мавҷуданд.

Мавқеи шӯрои илмӣ дар хоста гирифтан ва тарбия кардани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ назаррас аст. Ҳамаи кормандони донишкада тавассути озмун ба кор қабул карда шудаанд  аз аттестатсия гузаштаанд. Бо тавсияи шӯрои илмӣ ҳоло 10 корманди эҷодӣ аспиранти Академияи илмҳои педагогӣ ва унвонҷӯ мебошанд. Рафти иҷрои нақшаҳои илмии онҳо мунтазам дар ҷаласаҳои шӯрои илмӣ муҳокима мешавад. Шӯрои илмӣ кормандони навҷӯю эҷодкор,ватандӯсту фидокори касби худро барои соҳиб шудан ба мукофотҳои давлатию унвонҳои фахрию ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф пешбарӣ менамояд ва аксари онҳо ба ин мукофотҳо сазовор ҳам шудаанд.

Дар шӯрои илмии донишкада чорабинӣ оид ба иҷрои мавзӯи умумии илмии фармоишии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Коркарди илмии баланд бардоштани такмили ихтисоси муаллимон барои солҳои 2006-2010» баррасӣ шуд.

Мақсади асосии мавзӯи илмӣ аз он иборат мебошад, ки роҳҳои илмии баланд бардоштани такмили ихтисоси муаллимонро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ ва стандарти давлатии таҳсилот кор карда барояд ва раванди илман асосноки  такмили маҳорати педагогии муаллимони фанниро барои бо хонандагон дар сатҳи стандарти давлатии таҳсилот додани дониши мукаммал таъмин намояд

Шӯрои илмию методӣ фаъолияти кафедраю бахшҳои таълимию методиро танзим намуда, ба марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии вилоятӣ ва шаҳрӣ ёрии методӣ мерасонад. Масъалаи кадрҳоро баррасӣ менамояд. Дар ташкилу гузаронидани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва семинарҳои мақсаднок бо шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳру ноҳиявӣ ҳамкорӣ мекунад.

Шӯрои илмию методӣ нақшаи таълимӣ ва 27 барномаи таълимии намунавии курсҳои такмили ихтисосро мавриди амал қарор додааст, ки ҷавобгӯи талаботи сиёсати давлатии маориф ва муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон мебошад.

Нақшаю барномаҳои конференсияҳои илмию амалиро тасдиқ ва ба барномаи КТИ, бо назардошти пешрафти илму техника, навгониҳои соҳаи таълиму тарбия, таѓиру иловаҳо дохил менамояд.

Шӯрои илмию методӣ иҷрои корҳои илмию татқиқотиро назорат мекунад, кормандони донишкадаро барои соҳиб шудан ба мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.