Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ

Дастурамали мансабии муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

      1. Номи – мансабии муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

 2. Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (минбаъд муовин) бо дар назардошти натиҷаи озмун бо пешниҳоди ректори донишкада фармоиш аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъин ва аз кор озод карда мешавад.

3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба ректори донишкада ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Ба муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ, шуъбаи хоҷагӣ ва корҳои маъмурӣ, бахши хӯроки умумӣ ва бахши хобгоҳ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.

5. Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ бо роҳбарон ва кормандони дахлдори воҳидҳои сохтории донишкада (минбаъд донишкада), ҳамкорӣ менамоянд.

2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ

 6. Барои мансаби муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касби мувофиқ;

- 5 сол собиқаи мансабӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

 

-донистани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмуриро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

3. УҲДАДОРИҲОИ МУОВИНИ РЕКТОР

 7. Ҳуҷҷатнигорӣ роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони шуъба ва бахшҳои тобеи худро ба амал мебарорад.

8. Интизоми меҳнатро дар шуъба ва бахшҳои тобеъ назорат менамояд.

9. Маводҳои воридшударо ба кормандони раёсат ва шуъбаю кафедраҳои донишкада барои иҷро кардан месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд.

10. Бо кормандони шуъба ва бахшҳо дар доираи салоҳияти супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.

11. Нақшаи кории нимсолаи (солонаи) шуъба ва бахшҳоро якҷоя бо онҳо тартибдода, ба ректори донишкада барои тасдиқ пешниҳод менамояд ва иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.

12. Нақшаи чорабиниҳои шуъба ва бахшҳои тобеи худро ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои қонунгузорӣ дар самти дахлдор таҳия ва барои тасдиқ ба ректори донишкада пешниҳод менамояд.

13. Ба рухсатии меҳнатӣ рафтани кормандони шуъба ва бахшҳои тобеи худро зери назорат мегирад.

14. Дар ҳолати ошкор гардидани амали корупсионӣ дар мувофиқа бо ректори донишкада дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

15. Бастани шартномаҳои дуҷониба ва сеҷониба барои фаъолияти донишкада дахлдошта бастан ва назорат менамояд.

4. ҲУҚУҚҲОИ МУОВИНИ РЕКТОР

16. Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фааъолияти раёсати донишкада ва қабули қарорҳо аз рӯи масъалаҳои мухталиф иштирок менамояд;

- аз маҳзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории донишкада ва сохторҳои худии он қарордошта истифода намояд;

- дар доираи салоҳияти худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ  дахлдошта иштирок менамояд;

- маводҳои дар ихтиёри донишкада ва шуъбаю бахшҳоро меомӯзад;

- бо тартиби муқарраргардидаи иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба ва бахшҳо қарордоштаро аз воҳидҳои сохтории донишкада ва сохторҳои ҳудуди он талаб менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида аз воҳидҳои сохтории донишкада ва сохторҳои ҳудудии он маъмулот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансаби заруриро талаб карда гирад;

- барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти шуъба, бахшҳои донишкада оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таклиф пешниҳод намояд;

- ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти шуъба ва бахшҳо дахлдоранд ташкил карда гузаронад;

- кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худро ҳифз намояд.

17. Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. МАСЪУЛИЯТИ МУОВИНИ РЕКТОР

 18. Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- пешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба кор, тартиб додан ва пешбурди ҳуҷҷатҳои шахсӣ;

- ошкор накардани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

- риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- дигар масъулияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 19. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи дар Раёсати кадрҳо нигоҳдошта шуда, нусхаи дуюм он аз тарафи Раёсати кадрҳо ба муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

20. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, донишкада ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мансабии  муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.