Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Шӯрои олимон

НИЗОМНОМАИ

Шӯрои олимони Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

 

1.      МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур сохтор, ҳуқуқу уҳдадориҳои асосии Шӯрои олимони Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (минбаъд Донишкада)-ро, ки ҳамчун қисми таркибии сохтори Донишкада ба сифати  мақомоти идоракунанда масъул мебошад, муайян менамояд.

2. Шӯрои олимони Донишкада (минбаъд Шӯро) воҳиди сохтории Донишкада буда, барои ҳалли вазифа ва масъалаҳои дар назди Донишкада истода дар доираи салоҳияти худ масъул мебошад.

3. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикстонро, ки муносибатҳоро дар соҳаи маориф ба танзим медароранд ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

 

2. СОХТОРИ ШӮРО

4. Сохтор ва теъдоди бастии Шӯроро тибқи тартиби муқарраргардида раиси Шӯро бо ҷонибдории аъзои Шӯро тасдиқ мекунад.

5. Шӯрои олимон сохторе мебошад, ки бо назардошти вазифаю масъалаҳои дар назди Донишкада истода ташкил карда мешавад.

6. Ҳайати Шӯро аз ректор (раис), муовинони ректор, мудирони кафедраҳо ва дигар воҳидҳои асосӣ, директорони филиалҳо, кормандони варзидаи илмию омӯзгории донишкада иборат мебошад.

7. Роҳбарии умумии фаъолияти шӯроро раис таъмин мекунад.

8.Тартиби кори Шӯрои олимон мувофиқи Низомномаи Шӯрои олимон, нақшаи кории тасдиқшуда  амалӣ карда мешавад.

9.Ташкили бевоситаи фаъолияти Шӯрои олимони Донишкада ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад.

10.Шакли асосии фаъолияти Шӯрои олимон ҷаласаи он ба шумор меравад, ки дар як моҳ на кам аз як маротиба гузаронида мешавад.

11. Қарори ҷаласаи Шӯрои олимон бо фармоиши раиси Шӯро расмӣ гардонда шуда мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

12. Дар мавридҳои зарурӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ раиси Шӯро метавонад ҳайат ва шумораи аъзои Шӯрои олимонро тағйир диҳад.

 

3. ВАЗИФАҲОИ  ШӮРО

13. Арзёбӣ ва муайян намудани масъалаҳои вобаста ба амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ, таълимию тарбиявӣ, илмию тадқиқотӣ ва ғайра дар самти  такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф.

14. Баррасӣ ва барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани стандарт ва барномаҳои таълимии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ

15. Тарҳрезӣ ва баррасӣ намудани масъалаҳои асосии инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишкада ва филиалҳо

16. Муқаррар ва татбиқ намудани имтиёзҳои дохилӣ барои ишғол намудани вазифаҳои дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимӣ

17. Баррасии нақшаҳои дурнамо ва мавзӯии пажӯҳишҳои илмӣ

18. Муайян намудани низомномаи эътидоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгорон.

19. Амалӣ сохтани интихоби довталабон ба тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгорон

20. Муҳокима ва арзёбӣ намудани ҳисоботи филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ

21. Ҳал намудани масъалаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он мансуб намудааст

 

4. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРО

22.Шӯрои олимон мақомоти идоракунандаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» буда, мақсади  мавриди арзёбӣ қарор додани масъалаҳои таълим, кори илмӣ-тадқиқотӣ, мазмун ва мундариҷаи фаъолият, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомнома, Оиннома ва сохтори Донишкада, кори зерсохторҳои донишкада ва филиалҳои он мебошад.

23. Тасдиқ намудани низомномаҳои сохторҳои Донишкада оид ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва методӣ.

24. Дар мавридҳои зарурӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ метавонад ҳайат ва шумораи аъзои Шӯрои олимонро тағйир диҳад.

 

5.  ҲУҚУҚҲОИ ШӮРО

25. Пешниҳоди таклифҳо доир ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Низомнома, Оиннома ва сохтори Донишкада.

26. Муайян намудани масъалаҳои асосии вобаста ба амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ, таълимию тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ дар самти  такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф.

27. Баррасӣ намудани масъалаҳои такмили идора ва сохтори донишкада ва филиалҳои он аз ҷумла, ташкил (барҳамдиҳӣ)-и филиалҳо, марказҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо, ва дигар ҷузъҳои таълимӣ, илмию методӣ.

28. Тарҳрезӣ ва баррасии масъалаҳои асосии инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии донишкада ва филиалҳои он.

29. Дар мувофиқа бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишкада баррасӣ ва барои тасдиқ ба муассис пешниҳод намудани ҷадвали воҳидҳои корӣ (штатҳои корӣ) ва низоми пардохти музди меҳнат.

30. Муқаррар ва татбиқ намудани имтиёзҳои дохилӣ барои ишғол намудани вазифаҳои дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимии донишкада оид ба фаъолияти илмӣ , таълимӣ ва методӣ.

31. Мувофиқи тартиботи муқарраршуда ташкил намудани кафедра, шуъба ва кабинетҳои таълимӣ.

32. Баррасӣ намудани нақшаҳои дурнамо ва мавзӯии пажӯҳишҳои илмӣ.

33. Бо пешниҳоди ректор баррасӣ намудани масъалаи пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани мудирони раёсату кафедраҳо.

34. Баррасӣ намудани масъалаҳои тайёр намудан,  такмили ихтисос ва ҳавасмандкунии кадрҳо ва додани тавсияҳо барои дохил шудан ба аспирантура, докторантура ва гузаронидани омӯзгорон ба вазифаи ходими илмӣ, анҷоми рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

35. Муҳокима ва арзёбӣ намудани ҳисоботи донишкадаи марказӣ ва филиалҳои он.

         36. Ҳал намудани масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба салоҳияти он мансуб намудааст.