Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Шуъбаи муҳосибот ва иқтисод

Низомномаи

Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ воҳиди сохтории Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, иҷрои онҳоро дар сохтори Донишкада назорат менамояд.

2. Шуъбаро Сардори он роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Ректори Донишкада ба вазифа таъйин ва озод карда мешавад.

3. Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо, шӯъбаҳо ва муассисаҳои ғайритиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияташро дар соҳаи маориф дар асоси шартҳои Созишномаи дуҷониба ва сеҷониба бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф анҷом медиҳанд, ба роҳ мемонад.

4. Фаъолияти шуъбаро Ректори Донишкада роҳбарӣ мекунад.

5. Дархосту супоришҳои дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Вазорати маорифро шуъба фақат бо иҷозати Ректори Донишкада иҷро менамояд.

Идомаи: Шуъбаи муҳосибот ва иқтисод

Шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо

Низомномаи

шуъбаи  равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳои Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

         1. Шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо ҷузъи сохтори Муассисисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (минбаъд-Донишкада) мебошад. Шуъба мутобиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда ва бо тартиби муқарраркардаи Донишкада аз номи Донишкада намояндагӣ мекунад.

         2. Шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо (минбаъд-шуъба) – воҳиди сохтори Донишкада буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Донишкада истода, дар доираи салоҳияти худ масъул мебошад.

          3. Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба танзим медарорад, Низомномаи ва Оинномаи Донишкада ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. СОХТОРИ ШУЪБА

 4.Сохтор ва теъдоди басти воҳидҳои кории шуъба тибқи ҷадвали тасдиқшудаи донишкада ба роҳ монда мешавад.

5. Шуъба - сохторе  мебошад, ки бо дар назардошти вазифаҳои дар назди  Донишкада  истода  ташкил карда мешавад. Шуъба тибқи ҷадвали  басти  воҳидҳои  кори тасдиқшуда  аз 4  нафар  иборат мебошад: 1 мудири шуъба, 1 сармутахассис ва 2 мутахассис.

Идомаи: Шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо

Шуъбаи хоҷагӣ ва корҳои маъмурӣ

САМТХОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ

ХОЧАГӢ ВА КОРҲОИ МАЪМУРӢ

1. Шуъба оид ба масъалаҳои коргузорӣ, маъмурӣ- хоҷагидорӣ, ахбор, маълумотнома ва гузоришҳо омода менамояд.

2.  Таҳкими бехатарӣ аз сӯхторро дар бинои донишкада таъмин ва риояи тартиботи дохилиро аз кормандон талаб  менамояд.

3.     Барои ба имзо расонидани  қарордодҳо бо ташкилотҳои хизматрасон маводҳои заруриро омода месозад.

4.   Дар ташкили қабули меҳмонон ва хизматрасонӣ ба онҳо корҳои заруриро анҷом медиҳад. Барои харидорӣ кардани маводҳои конселярӣ, мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози корӣ, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои автомашинаҳои хизматии донишкада саҳм мегирад ва оид ба масъалаҳои мазкур сари вақт ба ректори донишкада дархост пешниҳод менамояд.

5. Доир ба таъмини шароити мусоиди кории кормандон, таъминот бо мизу курсӣ ва дигар маводи корӣ, интиқоли муътадили қувваи барқ, алоқаи телефонӣ, об, ҳолати санитарию гигиенӣ, тозагӣ, ободонӣ фаъолияти автомашинаҳои хизматӣ, эмин нигоҳ доштани моликияти ҷамъиятӣ дар донишкада масъул буда, барои амалӣ намудани ин мақсадҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

6.   Фаъолияти ронандагонро ба танзим медарорад ва аз болои кори онҳо назорат мекунад.

7.  Вазифаҳо ва ҳудуди кории кормандони техникии ёрирасонро муайян менамояд ва иҷрои корашонро зери назорат мегирад.

8. Ашёю анҷоми кории қабулгардидаро бо нишондоди ректори донишкада тақсим мекунад ва тибқи тартиботи муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.