Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Шуъбаи муҳосибот ва иқтисод

Низомномаи

Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ воҳиди сохтории Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, иҷрои онҳоро дар сохтори Донишкада назорат менамояд.

2. Шуъбаро Сардори он роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Ректори Донишкада ба вазифа таъйин ва озод карда мешавад.

3. Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо, шӯъбаҳо ва муассисаҳои ғайритиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияташро дар соҳаи маориф дар асоси шартҳои Созишномаи дуҷониба ва сеҷониба бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф анҷом медиҳанд, ба роҳ мемонад.

4. Фаъолияти шуъбаро Ректори Донишкада роҳбарӣ мекунад.

5. Дархосту супоришҳои дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Вазорати маорифро шуъба фақат бо иҷозати Ректори Донишкада иҷро менамояд.

 II. Сохтори шуъба

6. Мувофиқи ҷадвали корӣ  дар сохтори шуъба 6 нафар кормандон: Сармуҳосиб, 1 муҳосиби молу амвол, 1 муҳосиби музди меҳнат, 1 иқтисодчӣ, 1 муҳосиб, 1 хазинадор фаъолият мекунанд.

7. Сардори шуъба тамоми фаъолияти кори шуъбаро роҳбарӣ намуда, аз номи шуъба баромад мекунад.

8. Дар сурати вайрон кардани интизоми меҳнат, аз ӯҳдаи супоришҳо набаромадан ва риоя накардани тартиботи дохилии Донишкада аз кор озод кардани кормандон ба миён гузошта мешавад.

III. Вазифаҳои шуъба

9. Шуъба дар таҳияи нақшаи кори солонаи Донишкада саҳм гузошта, масъалаҳоро барои баррасӣ ба Шӯрои олимон ба нақшаи корӣ ворид месозад.

10. Буҷети "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф"-ро барои ҳар сол ва солҳои минбаъда таҳия намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод менамояд.

11. Назорати доимиро оид ба маоши вазифавии кормандон, иловапулиҳо, маблағҳои сафарҳои хизматӣ пурзӯр намуда, барои сари вақт пардохт намудани онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.

12. Дар назди роҳбарият ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкор гардида оид ба масъалаҳои баҳисобгирӣ ва бухгалтерӣ масъалагузорӣ мекунад.

13. Доир ба сари вақт ва бо сифати баланд супоридани ҳисоботи бухгалтерӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот масъул мебошад.

14.Мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшударо сари вақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода менамояд.

IY. Самтҳои асосии фаъолияти шуъба

15. Шуъба дар доираи ваколатҳояш лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳоро таҳия менамояд.

16. Аз номи Донишкада дар масъалаҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит иштирок менамояд.

17. Самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд.

18. Ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зиммаи шуъба гузошта шудааст, назорат бурда, аз рафти иҷрои онҳо ба Ректори Донишкада ва Вазорати маориф ва илм маълумот медиҳад.

19. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети Донишкадаро тартиб дода, доир ба самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳо ба роҳбарият ахборот пешниҳод менамояд.

Y. Ҳуқуқҳои шуъба

20. Ҳисоботи бухгалтерӣ ва ҳисоботҳои омории Донишкадаро ҳар моҳ ба нозироти андози ноҳия, Раёсати омори шаҳри Душанбе месупорад.

            21.Хисоботи бухгалтерии 3-моҳаи (квартал) Донишкадаро ба Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозироти андоз ва раёсати омори шаҳри Душанбе пешниҳод менамоем.