Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо

Низомномаи

шуъбаи  равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳои Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

         1. Шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо ҷузъи сохтори Муассисисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (минбаъд-Донишкада) мебошад. Шуъба мутобиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда ва бо тартиби муқарраркардаи Донишкада аз номи Донишкада намояндагӣ мекунад.

         2. Шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо (минбаъд-шуъба) – воҳиди сохтори Донишкада буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Донишкада истода, дар доираи салоҳияти худ масъул мебошад.

          3. Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба танзим медарорад, Низомномаи ва Оинномаи Донишкада ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. СОХТОРИ ШУЪБА

 4.Сохтор ва теъдоди басти воҳидҳои кории шуъба тибқи ҷадвали тасдиқшудаи донишкада ба роҳ монда мешавад.

5. Шуъба - сохторе  мебошад, ки бо дар назардошти вазифаҳои дар назди  Донишкада  истода  ташкил карда мешавад. Шуъба тибқи ҷадвали  басти  воҳидҳои  кори тасдиқшуда  аз 4  нафар  иборат мебошад: 1 мудири шуъба, 1 сармутахассис ва 2 мутахассис.

 6.  Мудири шуъба тибқи тартиби муқарраршуда бо фармоиши ректори Донишкада ба вазифа  таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

7.Ба вазифаи мудири шуъба шахсе таъйин карда мешавад, ки таҳсилоти олии  касбӣ,  ихтисоси  мувофиқ ва 3 сол собиқаи кори мансабӣ  ё  5 сол  собиқаи  умумии  меҳнатӣ  дошта  бошад.

3.ВАЗИФАҲОИ ШУЪБА

8. Татбиқи лоиҳаҳо ва грантҳои ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф  марбут бударо  назорат  намуда, ҳамоҳанг  месозад.

9. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷии дар такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф машғулбуда, ҳамоҳангсозӣ ва мусоидат намудан ба фаъолияти  онҳо.

10.Таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба ҳамкории Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо донишкадаҳои  ҳамсамти   кишварҳои   хориҷӣ.

11. Таҳияи лоиҳаҳои мухталиф оид ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони  соҳаи  маориф.

12. Дарёфти грантҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дохилию хориҷӣ барои  ҳалли  масълаҳои  такмили  ихтисос ва  бозомӯзӣ.

13. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати татбиқи лоиҳаю грантҳои бахши такмили  ихтисос ва  бозомӯзӣ.

14. Ҷустуҷӯйи имкониятҳои дар кишварҳои  хориҷӣ аз курсу семинарҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштани кормандони Донишкада.

15. Таҳияи  лоиҳаи созишномаю шартномаҳои дуҷонибаю сеҷонибаи Донишкада оид ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва назорати татбиқи  онҳо.

16. Давра ба давра ба раёсати Донишкада пешниҳод намудани ҳисоботу маълумотнома ва пешниҳоди мушаххас оид ба натиҷаҳои такмили  ихтисос.

17.Ҳамкорӣ бо раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ.

18.Ба  танзим даровардани сафарҳои хориҷии кормандони Донишкада дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишкада.

         19.Пешниҳод намудани маълумотнома ва хулосаҳои  мушаххас оид ба натиҷаи  сафарҳои  хориҷии  кормандони Донишкада ва филиалҳои он ба раёсати  донишкада.

4. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

20.Таҳияи лоиҳа ва дарёфти грантҳо барои рушд ва ҳалли масъалаҳои  такмили  ихтисос  ва  бозомӯзии  кормандони  соҳаи  маориф.

21.Ҳамкорӣ  ва  ҳамоҳангсозии  фаъолияти шарикони ҳамкор, ки оид ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ва илми  ҷӯмҳурӣ  машғулбуда.

22.Таҳлили  вазъу  сифати курсҳои  такмили  ихтисос ва бозомӯзии назорат, ҳамкорӣ ва ташкили   арзёбии он дар  сатҳи  донишкада ва  Вазорати  маориф ва илм.

23. Татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои  меърию  ҳуқуқии  байналмилалӣ дар қисмати такмили ихтисос ва  бозомӯзӣ.

24. Ҳамоҳангсозии фаъолияти донишкадаҳои такмили ихтисоси вилоятию шаҳрӣ оид ба робитаи байналмилалӣ дар қисмати такмили ихтисос ва бозомӯзӣ.

25. Ба танзим даровардани  таҳия ва чопи дастуру маводҳои методии бо дастгирии техникии шарикони ҳамкор омодашаванда.

26. Ба танзим даровардани сафарҳои хориҷии кормандони донишкада  ва  таъмин  намудани  натиҷагирии  онҳо.

5. ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБА

27. Барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мутахасисону коршиносони соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, мутахасисони муассисаҳои таълимиро дар мувофиқа бо ректор ҷалб намояд.

28. Оид ба масъалаҳои ба фаъолияти шуъба алоқаманд, таҳлил ва хулосаи  кормандонро ба ректори  Донишкада  пешниҳод  манзур намояд.

29. Дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва маҷлисҳои  назоратии назди ректор оид ба проблемаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф  масъалагузорӣ  намояд.

30. Номзадии кормандони шуъбаро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ, Вазорати  маориф  ва илм ва Донишкада  пешниҳод  намояд.

         31. Ба ректори Донишкада барои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани кормандони шуъба гузориш  пешниҳод  менамояд.

Рӯйхати

ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили

ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамкорӣ доранд.

 

Ташкилотҳои байналмилалӣ

1

Ассотсиатции   «ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен»  дар ҶТ

2

Ташкилоти байналмиллалиӣ Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ ЮСАИД  (USAID)

3

Ҳамоҳангсози курсҳои такмили ихтисос «Лоиҳаи  гранти шарики глобалӣ»    ГПО-4

4

Хазинаи  Кӯдакони Созмони Милалӣ Мутаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҶТ

5

Шуъбаи  Ташкилоти байналмилалӣ Институти «Ҷамъиятии  Кушода»-Бунёди мадад дар Тоҷикистон   (СОРОС)

6

Хазинаи  Кӯдакони Созмони Милалӣ Мутаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҶТ

7

Намояндагии хазинаи Оғохон дар  ҶТ

8

Намоядагии "Россотрудничество" дар ҶТ

9

Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байнлмилалӣ (GIZ)

 

Кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ки дар тренингҳои ташкилотҳои байналмилали ба ҳайси тренер кор мекунанд.

 

Ном ва насаб

Ташкилот

1

Эгамбердиев Сино

Ташкилоти байналмиллалии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ ЮСАИД  (USAID)

2

Каримов Тоҷиддин

Ташкилоти байналмиллалиӣ Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалии ЮСАИД  (USAID)

3

Разоқов Бедил

Ташкилоти байналмиллалиӣ Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ ЮСАИД  (USAID), Хазинаи  Кӯдакони Созмони Милалӣ Мутаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҶТ

4

Девоншоева Т

Хазинаи  Кӯдакони Созмони Милалӣ Мутаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҶТ

5

Мақсудова М

Хазинаи  Кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҶТ

6

Ҳасанов С

Ҳамоҳангсози курсҳои такмили ихтисос «Лоиҳаи  гранти шарики глобалӣ»    ГПО

7

Гадоева С

Ҳамоҳангсози курсҳои такмили ихтисос «Лоиҳаи  гранти шарики глобалӣ»    ГПО

8

Расулова С

Ҳамоҳангсози курсҳои такмили ихтисос «Лоиҳаи  гранти шарики глобалӣ»    ГПО

9

Акмали А

 Барномаи дастгирии ислоҳоти  раванди таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш дар ҶТ, дар доираи ҳамкори бо ташкилоти байналмилалӣ GIZ

10

Риоев А

Барномаи дастгирии ислоҳоти раванди таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш дар ҶТ, дар доираи ҳамкори бо ташкилоти байналмилалӣ GIZ

11

Саидмуродова М

Ҳамоҳангсози курсҳои такмили ихтисос «Лоиҳаи  гранти шарики глобалӣ»  ГПО-4

12

Мадвафоев М

Намоядагии "Россотрудничество" дар ҶТ