Ҷустуҷӯ дар сомона



Махзани расмҳо

Ҳамкориҳо

            

Омори воридшудагон

Таърихи донишкада

Маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст.

Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ташкили Ҷумҳурии мухтори    шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (1924) ва табдилёфтани он ба ҷумҳурии иттифоқӣ (1929) дар Тоҷикистон ба саводнок кардани мардум диққату эътибори ҷиддӣ дода шуд.

          Шабакаи курсу мактабҳои маҳви бесаводӣ, мактабҳои ибтидоӣ, ҳафтсола ва миёна васеъ гардида, шумораи хонандагон ва таълимдиҳандагон тадриҷан зиёд гардид. Ба сифати омӯзгорӣ ҳатто онҳое ҷалб карда мешуданд, ки саводи казоӣ надоштанд, аз илми педагогика ва равоншиносӣ қариб бехабар буданд. Зарурияти бо назарияи илми омӯзгорӣ ва равоншиносии синнусолӣ шинос кардани онҳо, баланд бардоштани фарҳангу маърифати омӯзгорӣ, такмилу татбиқи маҳорати педагогӣ пеш меомад, ки марказонидани ин корро тақозо мекард. Бо ин мақсад Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон 8 феврали соли 1935 дар назди Комиссариати халқии маорифи ҷумҳурӣ Донишкадаи такмили ихтисоси кадрҳои маорифи халқро ташкил дод.

Ба зиммаи донишкадаи навтаъсис вазифаи омӯхтани таҷрибаи ташкили кори таълиму тарбия дар мактаб ва омӯзгорони алоҳида, паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, коркарди усулҳои нави таълими фанҳои барномавӣ, чопи мактубу дигар воситаҳои методӣ, тарзи баргузории чорабиниҳои томактабӣ ва беруназмактабӣ низ гузошта шуда буд. Донишкада такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кори сиёсию равшаннамоӣ ва худфаъолияти бадеӣ (кормандони чойхонаҳои сурх, гӯшаҳои сурх, клубҳо, боғҳои  истироҳат ва фарҳанг, осорхонаҳо)-ро низ солҳои тӯлонӣ ба уҳда дошт.

Барномаи курсҳо аз рӯйи 360-400  соат   таҳия гардида,  машғулиятҳои таълимӣ  ду моҳ давом мекард. Донишкада дар соли 1936 даҳ адад бахш дошт:   Сталинобод (2, бахш), Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат), Кӯлоб, Ғарм (ҳоло Рашт), Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Ленинобод (ҳоло Суғд), Конибодом, Панҷакент, Хоруғ (ВМКБ).  

Солҳои фаъолият донишкада чандин маротиба тағйири ном, мақом ва суроға кардааст.

Бо қарори Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон(№ 1141) аз 22 сентябри соли  1939 донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон мақоми муассисаи олии таълимиро гирифт.

16 июни соли 1941 Институти давлатии илмию тадқиқотии мактабҳо ва такмили ихтисоси муаллимон ба Бюрои илмӣ-методӣ табдил дода шуд. 15 майи соли 1944 дар базаи Бюрои лектории комиссариати халқии маориф ва кабинети таълими ғоибонаи омӯзишгоҳи педагогӣ Институти илмию татқиқотии педагогӣ ташкил шуда,  16 майи соли 1958 он ба Институти такмили ихтисоси муаллимон якҷоя гардид ва Институти илмию тадқиқотии илмҳои педагогӣ  ном гирифт.

14 майи соли 1962 Институти такмили ихтисоси муаллимон аз Институти илмию тадқиқотии илмҳои педагогӣ ҷудо карда шуд. Ҳамон сол институт ба бинои нави сеқабата ҷойгир шуд, ки дорои 15 лаборатория, хобгоҳи дорои 120 кат, ду лабораторияи сайёри политехникӣ ва нақлиёт буд.

Фарогирии саросарии кормандони маориф ба курсҳои такмили ихтисос оғоз ёфт ва соли 1962-юм аллакай 4600 нафар ва соли 1963 - 13634 нафар такмили касб намуданд. Соли 1971 бошад, 30175 нафар омӯзгорон аз  КТИ гузаштанд.

Соли 1963 аз тарзи танҳо фасли тобистон баргузор намудани КТИ даст кашида, институт чунин фаъолиятро тамоми сол давом медодагӣ шуд. Дар КТИ тарзи санҷишӣ-имтиҳонии дониши шунавандагон ҳам ҷорӣ гардид, ки натиҷаҳои хуб дод ва ин тарзи кор ҳоло ҳам идома дорад.

Аз моҳи январи соли 1966 дар донишкада  музеи маорифи халқ кор мекард.

Соли 1977 дар донишкада супориши пешазкурсӣ ба шунавандагон оид ба навиштани рефератҳо ҷорӣ гардид.

 Машғулиятҳо дар донишкада  ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегиранд.

Аз 1 сентябри соли  1985 методикаи таълими фанни технологияи иттилоотӣ ҷорӣ гардид.

Дар донишкада солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба амал омад, ки онҳо пеш аз ҳама аз таҳияи барномаҳои намунавии курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, ташаккули фазои ягонаи такмили ихтисос дар  ҷумҳурӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад.

Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти  донишкада дарёфт, омӯхтан ва тарғиби  таҷрибаи пешқадами муаллимони алоҳида, мактабҳо  ва кабинетҳои методӣ маҳсуб меёбад.

Ба барномаи  курсу семинарҳо масъалаҳои муҳими назария ва методикаи таълими фан.  навгониҳои фанҳои педагогика ва психология ва мазмуну мундариҷаи  қарорҳои қабулнамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф  дохил карда шуданд.

Бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2012 Дар донишкада Шӯрои олимон таъсис дода шуд, ки он фаъолияташро тибқи Оиннома ва Низомномаи донишкада ба роҳ монда, самтҳои асосии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва методии кафедраҳоро муайян карда, фаъолияти сохторҳои молиявию хоҷагиро ба танзим медарорад.  Ба  марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии вилоятҳо ва шаҳрӣ расонидани ёрии методӣ ва дигар хадамотҳои методиро ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баррассӣ менамояд.

Самти дигари фаъолияти донишкада ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотию инноватсионӣ ва таъсиси шуъбаи магистратураву аспирантура мебошад. Низомномаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва шуъбаи магистратураву аспирантураи донишкада таҳия ва тасдиқ гардида, 30 номгӯй барномаҳои намунавии курсҳои такмили ихтисоси тахассусҳои мухталиф таҳия  ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ҳамасола дар ДҶТИБКСМ 150-170 курси такмили ихтисос баргузор мегардад ва зиёда аз 3500 – 4000 нафар омӯзгорон ва бо марказҳои такмили ихтисоси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе соле 18-19 ҳазор нафар кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ малака ва маҳорати касбии худро такмил медиҳанд. Дастоварди дигар оғози корҳои илмию тадқиқотӣ мебошад.

Солҳои гуногун ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, методӣ ва молиявию хоҷагии ДҶТИБКСМ устодони соҳибтаҷриба - Рашид Абдушукуров (1962-1977), Худоназар Мамадназаров (1977-1982), Абдуҳамид Қаҳоров (1982-1988), Атахон Сайфуллоев (1989-1990), Нозим Сафаров (1990-1995), Абдулло Солиев (1996-2000), Рустам Назаров (2000), Абдуназар Соибов (2000-2004), Хайриниссо Темирова (2004-2005), Ҳабибулло Бобоев (2005-2009), Абдуваҳҳоб Абдулазизов (2009-2012), Назирова Латофат (2012-2015) роҳбарӣ карда, ҳар кадом ба андозаи тавони худ дар рушду нумӯи соҳаи такмили ихтисоси  кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳисса гузоштаанд. Аз моҳи январи соли 2016 Қурбонзода Хоналӣ иҷрои вазифаи ректори донишкадаро ба уҳда дорад.

Самтҳои асосии фаъолияти донишкада:

1) таҳияи нақша ва  барномаҳои таълимии  КТИ ва семинарҳои мақсаднок;

2) баргузории курсҳои такмили ихтисоси кормандони маориф; беҳтар кардани мазмуну мундариҷаи курсҳои

такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок,  такмили  маҳорати касбии кормандони маориф (ғайр аз кормандони макотиби олӣ);

3) бозомӯзии кадрҳои педагогӣ;

4) коркарди мавзӯъҳои илмию татқиқотӣ доир ба самти такмили ихтисоси кормандони маориф;

5) тарғиби  таҷрибаи шоистаи кормандони эҷодкори соҳа,   технологияи навини педагогӣ, усулҳои фаъоли таълим;

6) расонидани ёрии  методӣ ба идораю шуъбаҳои маориф ва марказҳои такмили ихтисоси вилоятӣ,  шаҳрӣ вобаста ба самти фаъолият;

7) таҳия ва табъу нашри  маводҳои илмию методӣ доир ба такмили маҳорати касбии кормандони соҳа.

8) тайёр намудани кадрҳои соҳибунвони педагогӣ.